НБО “СЕБЗОР”. СОХТМОНИ ИНШООТ ДАР МАРҲАЛАИ АНҶОМЁБИСТ

19 июн 2025, Панҷшанбе
24
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Роштқалъа бо рафти сохтмони Неругоҳи барқи обии “Себзор” шинос шуд.
Тавре масъулони сохтмон ба вазир иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳими минтақа бомаром идома доранд ва барои дар муҳлати муқарраршуда ба истифода додани он тамоми имкониятҳои мавҷуда сафарбар гардидаанд. Кор дар иншоот дар арафаи анҷомёбист.
Вазири энергетика ва захираҳои об ба масъулон дастур дод, ки бо назардошти аҳамияти стратегӣ ва иҷтимоии ин Неругоҳ, ҷараёни сохтмонро то нуқтаи охирин таҳти назорати доимӣ қарор дода, сифат ва муҳлати иҷрои корҳои техникиро қатъиян риоя намоянд. Далер Ҷумъа таъкид кард, ки дар бунёди НБО “Себзор” Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввал гузоштанд ва ҷараёни сохтмони иншоот таҳти назорати Сарвари давлат қарор дорад. Бинобар таъкиди Ҷаноби Олӣ, иншоот бояд бо сифати баланд бунёд гардида, солҳои зиёд ба мардуми минтақа хизмат расонда тавонад. Аз ин рӯ, дар баробари анҷоми бечунучарои сохтмони иншоот дар муҳлати муқарраршуда, сифати баланди корҳои сохтмониро низ бояд таъмин намуд.
НБО “Себзор” дар дарёи Шоҳдара сохта шуда, баъд аз мавриди истифода қарор гирифтани он иқтидори умумии энергетикии ширкати “Помир энерҷи” 25 дарсад афзоиш меёбад. Неругоҳ, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бунёд мегардад, баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтан, бо иқтидори лоиҳавии 11 мегаватт фаъолият хоҳад кард.
Иншооти мазкур на танҳо ба таъмини устувори неруи барқ барои аҳолии вилоят мусоидат менамояд, балки имкониятҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаро ба таври назаррас афзоиш хоҳад дод.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
ГУМРУК. РОҲАНДОЗИИ НАВГОНИҲОИ СОҲАВӢ БА ХОТИРИ ҶАВОБГӮ БУДАН БА ТАЛАБОТИ ЗАМОНИ МУОСИР
Ҷиҳати иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ ва дар ин робита, мусоидат намудан ба раванди табдили Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, шуруъ аз моҳи июни соли ҷорӣ зернизоми Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёти низоми иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “АСИКУДА-и ҷаҳонӣ” дар фаъолияти амалии ҳамаи дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ роҳандозӣ шуд.
Бо истифода аз ин зернизоми мазкур воситаҳои нақлиёти хориҷӣ ва қайди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарҳади давлатиро убур менамоянд, дар низоми иттилоотии мақомоти гумрук ба таври электронӣ сабт мегарданд ва маблағҳои хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти хориҷӣ тавассути ҳудуди Тоҷикистон ба таври худкор ҳисоб ва пардохти ғайринақдии онҳо то иҷозат ба вуруду хуруҷи воситаҳои нақлиёт ба таври самаранок таъмин мешавад. Ин раванд бо мақсади такмили назорати гумрукӣ, суръатбахшӣ ба барасмиятдарории гумрукӣ, таъмини шаффофияти расмиёти гумрукӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои давлатӣ, равона гардидааст.
Ҷорӣ намудани зернизоми муосири Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёт дар фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як марҳалаи муҳим дар самти рақамикунонии раванди гумрукӣ, таҳкими назорати гумрукӣ ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ маҳсуб мешавад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,”Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.06.2025 №: 120