ГАРМО. АГАР РОҲҲОРО ЭҲТИЁТ НАКУНЕМ...

19 июн 2025, Панҷшанбе
26
Имрӯзҳо, ки ҳаво гарм шудааст, роҳсозонро мебояд ҳолати асфалтро назорат кунанд, то аз вайроншавии қабати болоии роҳ бар асари ҳарорати баланд пешгирӣ шавад. Дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, дар ҷаласаи назоратӣ, ки бо иштироки муовинони вазир, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорат ва муассисаҳои дахлдори соҳа доир гардид, баён дошт.


Тибқи пешгӯии Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ, дар панҷ соли оянда дар ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, гармии ҳаво боз ҳам бештар хоҳад шуд.
“Оқибатҳои гармшавии глобалӣ ба тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла соҳаи роҳу нақлиёт низ, таъсир мерасонанд. Ҳам ихтилол дар логистика, таъхир ва болоравии арзиши интиқоли бор ва ҳам зарар ба инфрасохтори соҳа ба вуҷуд меояд», – гуфт Азим Иброҳим.
Мувофиқи стандартҳои мавҷуда, муҳлати кафолати қабати болоии пӯшиши роҳи автомобилгард вобаста ба шиддати ҳаракат дар он аз 2 то 8 солро ташкил медиҳад.
Дар робита ба ин, вазири нақлиёт дар назди муовинони худ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдор, инчунин, корхонаю муассисаҳои соҳа вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла, гуфта шуд, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт назорати қатъии вазну андозаи воситаҳои нақлиётро ба роҳ монад, зеро феълан маҳдудиятҳои мавсимӣ барои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ амал мекунанд ва ҳаракати мошинҳои вазнин, ки зиёда аз 40 тонна борро интиқол медиҳанд, манъ аст.
Марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди роҳҳо стандартҳои амалкунанда ва технологияҳои пешрафтаро, ки талабот ба лоиҳаи истеҳсоли корҳоро ҳангоми сохтмон, таҷдид, таъмири асосӣ ва истифодаи роҳҳои автомобилгард муқаррар намудаанд, риоя намоянд. Таҷҳизот, иншоот, маҳсулот ва маводро ба иншоот дар шакли комил (комплектӣ) таҳвил диҳанд. Ҳангоми мумфарш намудани роҳ мавод ва иловаҳо, аз ҷумла қири (битуми) босифатро, истифода баранд, омехтаҳои асфалтеро, ки махсус барои истифода дар шароити гарм пешбинӣ шудаанд, интихоб кунанд. Риояи талаботи бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зистро таъмин созанд.
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо дар тамоми роҳҳои автомобилгард давоми сол (бо назардошти мавсим) муоинаи мунтазам, даврӣ ва мавсимиро оид ба нигоҳубини роҳҳо ва инфрасохтори онҳо, пешгирӣ ва рафъи хисороти хурд, ташкил ва таъмини бехатарии ҳаракат, инчунин, кабудизоркунии роҳҳоро доир намоянд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.06.2025 №: 120