ИСТАРАВШАН. СОЗАНДАГИҲОИ ҶАШНӢ БА ШАҲР СИМОИ ТОЗА МЕБАХШАНД
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар сартосари кишвар, аз ҷумла шаҳри бостонии Истаравшан, корҳои созандагиву ободонӣ бомаром идома доранд.
Дар ин шаҳри бостонӣ баҳри иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2022, №АП-188 нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳия гашта, татбиқи саривақтӣ таъмин шуда истодааст. Нақшаи мазкур 990 бандро дар бар гирифта, то 1-уми июни соли 2025 иҷрои наздик ба 700 банд ба анҷом расид. Дар доираи ин чорабинии муҳим, дар шаҳри Истаравшан сохтмону навсозии даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин бора муовини раиси шаҳри Истаравшан Феҳраст Нурзода чунин гуфт: “Бо ҷалби сармояи давлатӣ ва саҳми фаъолонаи соҳибкорони маҳаллӣ то имрӯз 5 муассисаи томактабӣ, 34 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо синфхонаҳои иловагӣ, 15 марказу нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, 28 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 21 иншооти варзишӣ, 21 корхонаи истеҳсолӣ, 7 иншооти истироҳатӣ, 6 бинои маъмурӣ, 8 бинои истиқоматӣ ва 5 пули мошингузар ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, 125,6 километр роҳи мошингард таъмиру мумфарш гардида, корҳои навсозӣ дар 429 иншооти дигар амалӣ шуданд”.
Бо татбиқи амалии ин барномаҳо, беш аз 1180 ҷойи нави кор таъсис ёфт, ки барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, коҳиши бекорӣ ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Мардуми шарифи Истаравшан бо руҳияи баланди ватандорӣ ба истиқболи ин Ҷашн омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Дар партави чунин заҳматҳои пайгирона, дар ояндаи наздик шаҳри Истаравшан бо симои тоза ва инфрасохтори муосир ба сокинон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ муаррифӣ хоҳад шуд.
Ин ҳама тадбирҳо, бешубҳа, ифодагари садоқат ба арзишҳои истиқлолият, бозгӯи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандон дар бунёди Тоҷикистони пешрафта мебошад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.06.2025 №: 122
