Густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Британияи Кабир
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода бо Раиси Палатаи обшини Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Линдси Ҳойл мулоқот намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни он ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки Тоҷикистон ба рушди босуръати муносибатҳои эътимодбахш бо Британияи Кабир дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, манфиатдор аст.
Ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД дар Чолпон-Ата
Дар шаҳри Чолпон-Атаи Қирғизистон котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Кумитаи котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД ва вохӯрии дуюми котибони шуроҳои амнияти Осиёи Марказӣ – Россия иштирок кард.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», дар ҷаласаҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзои СААД, таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ ва ҷанбаҳои гуногуни масоили муҳими минтақавию байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти минтақавию байналмилалӣ, таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла мубориза бо терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо, баррасӣ шуданд.
Ширкати намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА
Дар қароргоҳи САҲА дар пойтахти Австрия – шаҳри Вена, ҷаласаи Кумитаи амнияти Созмон таҳти унвони «Саводи расонавӣ, иттилоотӣ ва нақши ҷавонон дар пешгирию мубориза бо радикалсозии онлайнӣ» баргузор гашт.
Сафорати Тоҷикистон дар Австрия хабар додааст, ки дар ҷаласа сардори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмудзода сухан намуд.
Намояндаи Тоҷикистон дар бораи иқдомоте, ки дар роҳи ҳифзи ҷавонон аз ифротгароии хушунатомез амалӣ мегарданд, гузориш пешниҳод намуд.
«Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак»
Таҳти ҳамин унвон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ баргузор шуд.
Дар Конфронс вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин оид ба нақш ва мавқеи мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дар таъсис ва ташаккули Созмони ҳамкории Шанхай, ибрози андеша намуд.
Дар Корея аз иқдомҳои Тоҷикистон ёдовар шуданд
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром дар чорабинӣ бахшида ба биёбоншавӣ ва хушкӣ, ки аз ҷониби Хадамоти ҷангали Корея ташкил шуд, иштирок намуд.
Тавре дар хабари интишорнамудаи Сафорат омадааст, Салоҳиддин Киром оид ба иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди мубориза бо биёбоншавӣ ва хушкӣ, ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар соҳаи барқарорсозии ҷангал, ки дар минтақаҳои гуногуни кишварамон амалӣ мегардад, ибрози андеша кард.
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи саноат
«Дар Тоҷикистон беш аз 1600 номгӯйи гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки дар рушди соҳаи дорусозӣ замина мегузоранд». Ин матлаб дар мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо сафири Ҷумҳурии Олмон Йорк Шуграф баён гардид.
Хадамоти матбуоти Вазорат иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба имкониятҳои гуногуни сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи истихроҷи маъдан, саноати дорусозӣ ва, дар маҷмуъ, таҳкими ҳамкории ду давлатро дар соҳаҳои афзалиятнок матраҳ намуданд.
Гузориш аз рафти иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷрои бандҳои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 доир гардид.
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мо тавзеҳ доданд, ки тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои камхарҷу пурсамари ҳифзи тандурустии миллат ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳадафи асосии Барнома баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии сокинони мамлакат, тағйири рафтор нисбат ба саломатии хеш, дарки моҳияти тарзи ҳаёти солим, такмили системаи омодасозӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони соҳаи тандурустӣ мебошад.
Санаи нашр: 23.06.2025 №: 122
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН