ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ИҚТИСОДӢ. ДУ ПОЯИ АСОСИИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

23 июн 2025, Душанбе
23
Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти иқтисодӣ ду пояи асосии пойдории ҳар як давлат маҳсуб меёбанд. Тоҷикистон дар се даҳсолаи охир бо талоши мардум зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ду рукнро ба унвони омили асосии рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон эътироф намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Ваҳдати миллӣ ба пойдории ҷомеаи кунунӣ сахт алоқаманд аст, зеро ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон натиҷаи раванди мураккаби сулҳофарӣ баъди ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ мебошад. Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ (27-уми июни соли 1997) пояи ташаккули давлати ягона ва суботи сиёсиро гузошт. Таҳлили иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки ваҳдати миллӣ шароити мусоид барои барқарорсозии давлатдорӣ ва афзоиши сармояи иҷтимоиро ба вуҷуд овард. Шумораи мактабҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ афзоиш ёфт, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ беҳтар шуд. Барномаи давлатӣ оид ба коҳиши камбизоатӣ боиси коҳиши сатҳи камбизоатӣ гардид.
Ҳанӯз аз даврони ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, роҳбарияти олии кишвар таҳти роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабул намудани ҳадафҳои стратегии кишвар сиёсати худро муайян кард. Маҳз чунин сиёсати оқилона имкон дод, ки Тоҷикистон мустақилона сиёсати иқтисодии худро амалӣ намояд.
Иқтисодиёти Тоҷикистон тадриҷан аз вобастагӣ ба маҳсулоти ашёи хом ба тарафи рушди энергетика, кишоварзӣ ва саноати сабук ҳаракат мекунад. Танҳо дар шароити суботи сиёсӣ кишвар тавонист сармоягузорӣ ҷалб намояд, инфрасохтори замонавӣ созад ва иқтисоди худро диверсификатсия кунад. Дар навбати худ, рушди иқтисодиёт ва беҳтарнамоии шароити иҷтимоӣ омилҳои пойдории ваҳдати миллӣ гардида, барномаҳои давлатӣ ба беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди деҳот ва тақвияти ҳамгироии иҷтимоӣ мусоидат карданд.
Ваҳдати миллӣ шароити сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои рушди иқтисодӣ фароҳам меорад. Дар навбати худ, рушди иқтисодӣ ва тақсимоти одилонаи неъматҳо заминаи таҳкими ваҳдат ва суботи иҷтимоӣ мегардад. Мисолҳои равшан, сохтмони роҳҳо ва нақбҳо мебошанд, ки ҳам иқтисод ва ҳам ҳамбастагии иҷтимоиро тақвият додаанд.
Ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро зарур аст, ки барои пойдор нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба баъзе масъалаҳо, яъне диверсификатсияи иқтисодиёт ва коҳиши вобастагӣ аз пули муҳоҷирон, саноаткунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи стратегӣ ва ояндадори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, майл намоянд. Зеро ибтикори мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида, ба баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, афзоиши содирот ва паст кардани вобастагӣ аз воридоти молу маҳсулот равона шудааст.
Хулоса, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли иқтисодӣ омили асосии рушди устувор ва некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон мебошанд. Барои таҳкими онҳо зарур аст, ки барномаҳои стратегӣ идома ёфта, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳамкории фаъол бо ҷомеаи ҷаҳонӣ афзоиш ёбад.
Фарҳод ҚОДИРЗОДА,
мушовири президенти АМИТ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
Санаи нашр: 23.06.2025 №: 122