“БОҒИ МИЛЛИИ ВАҲДАТ”. САҲМИ ЯК МУАССИСАИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАЪМИНИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ

23 июн 2025, Душанбе
31


Дар таъмини маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд боғдорони Муассисаи давлатии “Боғи миллии ваҳдат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар қатори садҳо хоҷагиҳои деҳқонии навоҳии вилоят саҳми муносиб мегузоранд. Бино ба иттилои директори МД “Боғи миллии ваҳдат” Толиб Ҳасанов ва коршиносон, зиёда аз 30-35 дарсади маҳсулоти меваю сабзавот ва полизии бозори шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, шаҳраки Ғафуров маҳз дастранҷи деҳқонони ин боғ мебошад.
Ҷиҳати тақвият бахшидани ҳарфҳои худ оид ба фаровонҳосилии боғ Толиб Ҳасанов моро ба назди қитъаҳои сартосар пурбори зардолузору гелос, олучаву олуболу, шафтолуву токзор, зироатҳои полизӣ, аз ҷумла тарбуз, овард. Воқеан ҳам, басо гуворову фараҳбахш аст, дидани ин манзараҳои рангорангу меваҳои лазизу шакарини диёр!
– Чун мавсими гузашта имсол низ, хушбахтона, ҳосили ҳама намуди меваҳо зиёд аст, – бо қаноатмандӣ иброз медорад Толибҷон Ҳасанов, – ҳоло дар баробари ворид кардани маҳсулот ба бозорҳои дохили кишвар, ҳамчунин, бо чандин корхонаҳои коркарди маҳсулоти шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст. Вале чунон ки мебинед, ҳосил ҳамоно фаровон аст ва баъзан аз таъсири шамолҳои сахт ҳосил ба замин рехта, нобуд мешавад.
То имрӯз дар ин ҷо 110 тонна зардолу, 6,2 тонна гелос, 60 тонна картошкаи барвақтӣ ва 140 тонна пиёз истеҳсол ва ба бозорҳои кишвар нтиқол шуда, ҷамъоварии ҳосил дар майдони олуболу, олуча ва шафтолу оғоз ёфтааст ва рӯзҳои наздик ба бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят себу маҳсулоти полизӣ ворид мешаванд.
Муассиса дар ғанишавии бозорҳои маҳаллии вилояти Суғд бо меваҷот, муҳимтар аз ҳама, бо нархҳои дастраси мардум нақши муассир мебозад, ки яке аз ҳадафҳои асосии таъсисёбии боғи мазкур маҳсуб меёбад.
– Бартарии ниҳолҳои ин боғ аз дигар боғҳои анъанавии бобоӣ дар он аст, ки дар як гектар то 2 ҳазору 220 бех ниҳол ҷой дода шуда, аз як гектар 20-25 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст, – иброз дошт Абдуқаҳҳор Воҳидов, муовини директори боғи мазкур. – Боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бо усули қатрагии рӯйи хок ва таги хок обёрӣ мешаванд, ки барои сарфаи об аҳамияти калон дорад. Баҳри ташкилу парвариши чунин боғҳо бо технологияи нав ҳамаи шароитҳои зарурӣ муҳайё гашта, дар мадди назари Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Дар ин ҷо солҳои охир, бо назардошти шароити мувофиқ ва пешниҳоди мутахассисон, панҷ ҳавзи парвариши моҳӣ ба роҳ монда шуд, ки дар ривоҷи ин соҳа низ метавон муваффақ гашт.
Толибҷон Ҳасанов ба суоли чаро бо гузашти 17 сол аз таъсиси боғ то ҳол дар ин ҷо ягон корхонаи хурди коркард бунёд наёфтааст, дар сурате, ки ҳосилнокии боғ даҳҳо маротиба афзудааст, чунин посух дод:
– Албатта, бунёди корхонаҳои коркарди ниҳоии маҳсулот аз муҳимтарин ҳадафҳоест, ки дар назди раёсати МД “Боғи миллии ваҳдат” меистад. Саъю талоши мутахассисони мо ба он равона аст, ки ба марҳалаи дуюми барномаи рушди боғ, ки рушди саноатии коркарди консерви мева мебошад, оғоз бахшем. Чанде қабл дар робита ба бунёди корхонаҳои коркард ва бастабандӣ бо мутахассисони дохиливу хориҷӣ мулоқот доир гардид ва интизор меравад, ки нахустин чунин корхонаҳои коркарди ба содирот нигарондашуда то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шаванд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 23.06.2025 №: 122