ТИК. САРМОЯГУЗОРӢ БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН
Сармоягузорӣ ба технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) дар ҷаҳони муосир ба давлат як қатор имтиёзҳо фароҳам оварда, ба рушди босуръати иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, беҳтар шудани сифати зиндагии шаҳрвандон, таҳкими амнияти миллӣ ва ҳамгироӣ бо ҷаҳони муосир мусоидат менамояд. Ба шарофати пешрафти илму техника имрӯз технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ бо суръати баланд рушд ёфта истодаанд.
Яке аз ҷанбаҳои калидии тамоюли афзояндаи сармоягузории ТИК ин таваҷҷуҳи афзоянда ба тағйирёбии рақамӣ мебошад, ки истифодаи технологияҳои пешрафтаро баҳри тараққиёти бештар дар бар мегирад.
Ҳаҷми сармоягузорӣ ба ТИК дар ҷаҳони муосир бузург буда, пайваста дар афзоиш аст. Масалан, дар соли 2022 бозори ҷаҳонии ТИК 5,5 триллион доллари ИМА арзёбӣ шуд ва тибқи маълумоти statista, то соли 2023 қариб ба 6 триллион доллар расид. Ин афзоиш ба аҳамият ва паҳншавии васеи технологияҳо дар ҷомеаи муосир вобаста мебошад.
Бояд гуфт, ки ТИК ва иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон дар марҳалаи аввали рушд қарор дошта, Ҳукумати мамлакат бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоид, шаффоф ва рақобатпазири сармоягузорӣ табдили босуръати рақамӣ ва рушди технологияҳои инноватсиониро яке аз самтҳои афзалиятноки стратегӣ муайян кардааст. Дар ин замина, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, солҳои 2025-2030 - Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ эълон гардиданд. Татбиқи фаъолонаи барномаҳо дар самти «иқтисоди рақамӣ» ва «иқтисоди сабз» бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба рушди устувори рақамӣ мебошад. Ҳамчунин, Тоҷикистон барои рушди зеҳни сунъӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Соли 2022 Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Гуфтан ба маврид аст, ки соли 2024 дар Тоҷикистон аввалин IT-Park бо ҳама шароити зарурӣ кушода шуд, ки ба ширкатҳои навкор дастрасӣ ба инфрасохтор ва машваратҳоро фароҳам оварда, имтиёзҳои андозиву иҷоравиро пешниҳод мекунад. Айни замон, зиёда аз 10 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун резидент дар IT-Park худро ба қайд гирифтааст.
Чунин соҳаҳое, ки дар ҳамбастагӣ бо технологияҳои рақамӣ метавонанд фоидаи бештар оранд ва барои сармоягузорӣ мувофиқ мебошанд, дар Тоҷикистон зиёданд. Ҳукумати мамлакат барои рушди технологияҳои рақамӣ ва инноватсия имтиёзҳои зиёди андозиву гумрукиро роҳандозӣ намудааст, ки сармоягузорону соҳибкорон аз онҳо метавонанд васеъ баҳраманд гарданд.
Дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистон имконияти рушдро доро мебошад. Чунончи, тибқи супориши Ҳукумат дар кишвар бояд то шабакаҳои 5G инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот таъмин карда шавад. Ҳамзамон, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ки гузариш ба он тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023, №586 амалӣ гардид, самти дигаре ҳаст, ки рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва таъмини интернети баландсуръатро талаб менамояд.
Айни замон, дар Тоҷикистон шумораи ширкатҳое, ки дар бахши технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва зеҳни сунъӣ фаъолият доранд, зиёд нест. Ин аст, ки бозори хизматрасониҳои электронӣ дар Тоҷикистон дар марҳалаи аввали рушд буда, имкониятҳо барои сармоягузорӣ ва ба ин васила, рушд додани ин самти муҳим хеле зиёданд. Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, таъмини интернети баландсуръат, таъсиси дата - марказҳо ва платформаҳои рақамӣ, таҳияи барномаҳои нави зеҳни сунъӣ, бозорҳои рақамӣ, ташкили платформаҳо барои хизматрасониҳои электронӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҷорӣ кардани низоми биллингӣ дар соҳаи энергетика, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ташкили хизматрасониҳои электронӣ барои фароғат ва дилхушӣ ва ғайраҳо аз самтҳои ҷолиби рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ мебошанд.
Умуман, бо назардошти пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва дар марҳалаи аввали рушд қарор доштани Тоҷикистон дар ин соҳа, имкониятҳо барои сармоягузорӣ фаровон буда, сармоягузорони ватаниву хориҷӣ метавонанд аз он васеъ истифод баранд. Таҳлили имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахши ТИК нишон медиҳад, ки ба шарофати сиёсати ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат, стратегияҳои инноватсионӣ ва ҳамгироии фаъоли технологияҳои пешрафта, бахши ТИК дар Тоҷикистон ба яке аз самтҳои ояндадор барои сармоягузорӣ дар солҳои наздик табдил меёбад.
Шаҳноз ҚУРБОН, Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 23.06.2025 №: 122
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН