МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ХОЛИД ИБНИ МУҲАММАД АЛ-АТТИЯ
23-юми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушовири Девони Амири Давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад Ал-Аттияро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши робитаҳои ду кишвар баррасӣ шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Қатарро баланд арзёбӣ намуда, аз муҳтавои робитаҳо дар сатҳу зинаҳои гуногун, бахусус дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Муҳаммад Ал-Аттия, пеш аз ҳама, салому дуруди Амири Давлати Қатарро ба Сарвари давлати Тоҷикистон ироа намуда, аз имкони дидор ва баррасии роҳҳои тавсеаи ҳамкории барои ҳар ду кишвар судбахш изҳори хушҳолӣ кард.
Зимни суҳбат таваҷҷуҳи бештар ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, истихроҷу коркарди маъданҳо, кишоварзӣ ва сайёҳӣ зоҳир гардид.
Рушди ҳамкорӣ дар самтҳои илму маориф ва истифодаи зеҳни сунъӣ низ аз роҳҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар номида шуд.
Доир ба мавзуъҳои алоҳидаи минтақавию ҷаҳонӣ табодули андеша сурат гирифт.
Санаи нашр: 24.06.2025 №: 123
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН