АҲАМИЯТИ МАКТАБИ СИЁСӢ ВА ФИКРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСИРИ ЭҶОДИ ТОҶИКИСТОНИ ОРМОНӢ

24 июн 2025, Сешанбе
51
Ин, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд Тоҷикистони нобасомон аз ҷангу қатлу ғорат ва бо дастгоҳҳои идории амалан нокоромади сароғози истиқлолиятро ба кишвари бонизому босубот ва омода ба пешрафтҳои босуръат табдил диҳанд, иқтисоди бар асари ҷанг харобгаштаву ба даҳсолаҳо ақибафтодаро эҳё намудаву дар масири рушду тараққӣ гузоранд, ҷомеаи аз лиҳози иҷтимоӣ заифу бемор ва аз нигоҳи ақидатӣ шикастхӯрдаю парешонро дармон кардаю ба ваҳдату ҳамдилӣ расонанд, мардуми хаста аз ҷанг ва руҳафтодаю маъюсро ба инсонҳои боангеза мубаддал кардаву дар дили онҳо умед ба ояндаи некро бедор созанд, дар ҳақиқат муъҷиза аст.
Муъҷиза аз ин ҷиҳат, ки бисёриҳо, чи дар дохил ва чи берун аз кишвар бовар намекарданд, дар мамлакате, ки шумори қобили таваҷҷуҳе аз мардумаш бо иғвою дасисаи бадхоҳони миллат ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтодаву фарзандони як падару модар ба ҷони ҳамдигар дарафтода буданд, дар ҷомеае, ки бар асари таблиғоти душманон дар он фазои хусумату бадбинӣ ҳукмрон буд, дар сарзамине, ки ҷавлонгоҳи неруҳои аҳриманӣ шудаву кори ин неруҳои сиёҳ ба парокандагию ошуфтагию бегонапарастӣ кашондани миллат буд, касе қудрати онро дошта бошад, ки назму тартибу қонун ва оромишу амнияту суботро барқарор созад ва ба ин васила миллату кишварро аз марги яқин наҷот диҳад. Аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қудрати иродаву ҳиммати худ ба хотири саодати миллионҳо инсонҳои муштоқи зиндагии орому осуда ин кори тақрибан нашуданиро анҷом доданд.
Оре, ин фарзанди диловару шуҷои халқ ба ҳукми сиришти поки миллӣ ва ғайрати инсонии хеш барои ҳифзи обу хок ва шарофати сарзамини аҷдодӣ аз худ қаҳрамонӣ нишон доданд. Қаҳрамоние, ки назирашро баъд аз амирони Сомонӣ касе нишон надода буд.
Дар зиндагӣ инсонҳои қодир ба корҳои муъҷизагунро маъмулан шахсиятҳои истисноӣ меноманд. Дар ин росто худ ба худ пурсишҳое ба миён меоянд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ тавр тавонистаанд ин ҳама истеъдодҳо ва тавоноиҳоро ба даст оваранд ва дар як давраи кӯтоҳе ба сиёсатмадори барҷаста табдил гарданд? Яъне рози қудрати маънавӣ ва пешрафтҳои ин абармарди сиёсат дар чист? Посухи ин пурсишҳоро дар шахсият ва сирати Пешвои барӯманди миллат метавон пайдо кард.
Пешвои миллат шахсиятест, бисёр неруманд, қавӣ ва устувор дар муқобили мушкилиҳо. Ӯ инсони дорои сароҳат дар гуфтор, садоқат дар қавлу амал, матину фидокор дар хидмат кардан ба мардум мебошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ватанпарасти матин ба болотарин маънои воқеии ин калима ҳастанд. Рӯ овардан ба сиёсати бузург бо ҳамин ҳисси поки ватандӯстиашон вобаста аст. Дар шароите, ки кишвар ғарқ дар буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ буд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози омодагӣ карданд, то зимоми роҳбарии ҷумҳуриро ба дасти худ гиранд. Ба хотири саодати мардум, барои поён додан ба ҷанги хунини ҳамватанӣ, ки ҳамарӯза ҷони садҳо мардуми бегуноҳро ба коми хеш фурӯ мебурд, розӣ буданд, ки ба ҳама гуна сахтӣ тоб оваранд, фидокор бошанд, ҷонашонро ба хатар гузоранд.
Андаке бештар аз се даҳаи роҳбарии ин сиёсатмадори фараҳманд саропо фидокориҳоест ҳамарӯза ва ҳамасоата. Зеро танҳо бо фидокорӣ мумкин буд бо имкониятҳои ночиз дар муддати кӯтоҳ корҳои бузургро анҷом дод. Танҳо бо фидокорӣ мешуд киштии тӯфонзадаи Тоҷикистонро аз миёни талотумҳои хашину бераҳми ҳаводис гузаронд ва ба соҳили амну наҷот расонд. Танҳо бо фидокорӣ мешуд дар зеҳну шуури мардуми кишвари ҷангзада эҳсоси ҳамбастагию ваҳдати иҷтимоиро бедор кард, афроди миллатро ба шинохти вазифаю масъулиятҳояшон водор сохт ва неруи халлоқи онҳоро барои таъмини саодати халқи кишвар сафарбар намуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургмарде бо ҳувияту қудрати азим ва қодир ба фаъолияту иқдомҳои бузурганд. Ҳар масъулиятеро, ки ба уҳда мегиранд, бо ҷиддияти беназире пайгирӣ кардаву ба анҷом мерасонанд. Пешвои миллат ба далели ин хусусияти шахсияти худ тавонистаанд Тоҷикистонро аз як кишвари заиф, ки ба як қудрати босуботи минтақавӣ табдил диҳанд ва соҳиби обрӯю эътибор гардонанд. Тоҷикистон дар партави сиёсати оқилона ва ҳадафмандонаи Пешвои миллат ба пешрафтҳои чашмгир ва ҳамаҷониба даст ёфта, имрӯз дигаргуниҳои бузургро аз сар мегузаронад.
Пешвои шарофатманди миллати тоҷик пешоҳанг ва сармашқ дар ҳамаи иқдомҳо ва фаъолиятҳои зиндагисоз дар кишваранд – чи дар нақшасозиву барномарезиҳо ва чи дар иҷрои онҳо – ва бо фурӯғи бовару имони худ ба амалӣ гаштани ҳатто баландпарвозонатарин нашқаҳову барномаҳову ҳадафҳо роҳи мардумро дар масири расидан ба манзили орзуҳо равшан месозанд.
Пешвои миллат намоди хирадмандию ҳушёрианд. Ба баракати хираду ҳушёрии ин Роҳбари оқил ҳеҷ неруи ғаразманди дохилию хориҷӣ имкони онро надорад, ки ҷомеаи моро аз масири ҳадафҳои неки созандагию бунёдкорӣ ва ободонии Ватан берун созад ва фазои сулҳу оромӣ ва амниятро дар кишвар халалдор кунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон инсони хастагинопазир, сабур, таҷаллии андешаҳои амиқи инсонӣ, таблиғгари ахлоқи волои миллӣ, нидодиҳандаи ваҳдату ҳамбастагӣ, пайвандгари собитқадами сиёсат ва маънавиётанд. Пуштибони неруманди истиқлол, ҳомию нигаҳбони якпорчагии кишвар, сарвари дилсӯзу меҳрубони миллат, таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ ва дастгири муҳтоҷону афтодагон мебошанд.
Сиёсати бузург арсаи баҳамоии инсонҳои бархӯрдор аз қудрати маънавӣ мебошад. Ва дар ин арса ҳамон сиёсатмадоре нуфузу таъсир пайдо мекунад ва мавриди таҳсину эҳтиром мегардад, ки дорои ахлоқу маънавияти баланд бошад. Бисёре аз мардум чи дар Тоҷикистон ва чи хориҷ аз он ба Пешвои мо ба ин сабаб бо гармию самимият эҳтиром меварзанд, ки ӯро ҳамчун шахсияти беназир, дорои қалби саршор аз муҳаббату меҳрубонӣ нисбат ба ҳамватанон, соҳиби ахлоқу маънавияти намунавӣ, хиради истисноӣ ва иззати баланди инсонӣ мешиносанд.
Сарнавишти кишвар ва ояндаи афроди миллат ба таври мустақим ба ахлоқи Роҳбари кишвар вобастагӣ дорад. Эмомалӣ Раҳмон муътақиданд, ки оянда дар сиёсати ҷаҳонӣ мутааллиқ ба ахлоқ аст. Борҳо дар суханрониҳояшон таъкид кардаанд, ки пешрафти давлат ва тавоноии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба ҳифзи арзишҳои олии ахлоқию маънавӣ вобаста мебошад.
Появу бунёди сиёсати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эътимод ба мардум ва муҳаббат ба ҳамватанон ташкил медиҳад. Ин ҷавҳари фалсафаи сиёсӣ хидмати фидокорона ба мардуми кишвар аст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз яке аз он сиёсатмадорони миқёси ҷаҳонианд, ки ҷонибдори омезиши ахлоқу сиёсат мебошанд. Сарвари давлати тоҷикон борҳо дар мавриди таҳлили сабабҳо ва омилҳои сар задани ҷанги нангини ҳамватанӣ дар Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки решаи низои рухдодаро дар оғози соҳибистиқлолии кишварамон дар навбати аввал, бояд дар суст шудани пояҳои ахлоқ донист.
Қудрати таҳлилии саҳеҳу дақиқ ва огоҳӣ аз падидаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба Пешвои миллат кумак мекунанд, ки авлавиятҳоро дар кишвар ба хубӣ ташхис намуда, барои ҳалли мушкилот ва пешбурду тараққии давлат иқдомҳои зарурӣ ба амал оваранд. Ин воқеият, ки дар Тоҷикистон тамоми нақшаю барномаҳои давлатӣ дар замон ва муҳлати пешбинишуда амалӣ мегарданд, ба шарофати ҳамин вижагии олии Пешвои миллат мебошад. Ҳунари волои сиёсии Сарвари давлат дар он аст, ки бо ояндабинии фавқулода авлавиятҳоро мешиносанд ва ҳама тадбирҳои лозимро меандешанд, то мушкилиҳо Ҳукуматро ғофилгир накунанд. Ҳар як аз ин корҳои бузургу бунёдӣ – эҳёи босуръати асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат, қабули Конститутсия, бунёди Артиши миллӣ, татбиқи ислоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа, сохтмони неругоҳҳои бузурги барқ, ба муомила баровардани пули миллӣ ва садҳо иқдомҳои созандаи дигар бо тамаркуз ба авлавиятҳо ва дарки таъхирнопазирии онҳо сурат гирифтаанд.
Фаъолияти пурбаракати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмору бунёдкори бузурги Тоҷикистони навин амиқтару бунёдитар аз баррасиҳое, ки муҳаққиқону пажӯҳишгарон то имрӯз анҷом додаанд, мебошад. Мактаби сиёсии Пешвои миллат омили муҳимтарин ва асоситарини пешрафтҳои кишвар ва мардуми мо дар роҳи пурифтихори истиқлол аст. Маҳз аз файзи ин мактаб имрӯз дар кишвари мо сулҳу оромӣ, ваҳдату самимият ва сафою садоқати ҳамагонӣ ҳукмфармост ва заминаҳои мусоид барои ҳама гуна кору кӯшиши созанда фароҳам мебошанд.
Мактаби сиёсӣ, ки Пешвои миллат поягузорӣ кардаанд, маҷмуе аз раҳнамудҳо, омӯзаҳо, ҳидоятҳо мебошад, ки дар паёмҳо, суханрониҳо ва мақолаю китобҳои арзишманди таърихию фалсафиашон инъкос ёфтаанд ва дар онҳо ба ҳамаи масъалаҳои муҳими зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию ахлоқӣ метавон посухи мукаммал пайдо кард.
Мактаби сиёсии Пешвои миллат усулҳо ва роҳнамоиҳои равшани ҳаракати мардуми Тоҷикистон дар масири тавсеаю тараққӣ ва пешрафтҳо дар ҳамаи арсаҳои зиндагии иҷтимоӣ, ба даст овардани иззату эҳтиром дар ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.
Арзишҳои муҳиме, ки дар ин ганҷинаи ҳикмат аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун пояҳои бунёдии ҳифзи истиқлол ва таҳкими давлатдорӣ баён шудаанд, қутбнамое барои наслҳои имрӯзу оянда ба ҳисоб мераванд, ки пайравӣ аз онҳо бояд дар сарфасли фаъолиятҳои ҳамешагии афроди миллат қарор гиранд.
Ин мактаби фикрӣ саршор аз таҷаллии ақлу хирад, руҳу иродаи мағлубнопазир ва ормонҳои поку муқаддаси миллат ва барги заррине дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад.
Пешвои миллат тавассути ин нуктаҳои ҳикматомӯз дастурамалҳои фардӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва тарбиявиро ба афроди миллат омӯзиш медиҳанд. Ва бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ба баракати пайравӣ аз ин роҳнамоиҳо мардуми Тоҷикистон то имрӯз ба пешрафтҳои азиме дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа даст ёфтааст.
Пешвои миллати тоҷик чунин мешуморанд, ки мардуми заҳматкаш, меҳнатдӯст ва босабру таҳаммули Тоҷикистон лоиқу шоистаи зиндагии беҳтару саодатмандонатар мебошад. Ин ҳадафи олитарин ва камоли матлуби Пешвои миллати тоҷик аст.
Пешвои миллати мо, ки дар тули беш аз се даҳа бо роҳбарии даҳоёнаи худ дар мамлакат таҳаввули бунёдии сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ ва ахлоқию маънавӣ ба вуҷуд овардаанд, имрӯз рисолати худро дар он мебинанд, ки кишварро дар масири расидан ба Тоҷикистони ормонӣ ҳидоят намоянд.
Аз нигоҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони ормонӣ ин кишварест, ки дар он беҳтарин унсурҳои донишу биниши инсоният дар роҳи таъмини болотарин сатҳи зиндагӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ба кор гирифта мешавад. Мамлакатест, ки дар он дастовардҳои навтарини фановарии ҷаҳон бо арзишҳои волои маънавӣ ва меъёрҳои пешрафтаи адолати иҷтимоӣ ба ҳам омезиш ёфтаанд. Ҷомеаест, ки бар пояи созандагӣ, башардӯстӣ, эҳтиром ба ҳамватанон бунёд шудаву дар он ҳар фарде аз осудагии комили моддӣ, озодиҳои иҷтимоӣ ва аз ғановати саршори маънавию ахлоқӣ бархӯрдор аст.
Вале барои ин ки ин роҳи пурифтихору сарнавиштсоз то расидан ба манзили ҳадафҳо паймуда шавад, лозим аст, ки ҳамаи мо – тоҷикистониён дар якҷоягӣ аз роҳи ҳамкориҳои содиқонаву самимӣ раҳнаварди ин шоҳроҳи бузург бошем. Зеро ҳамчуноне, ки меъморону муҳандисон, ҳар қадар ҳам боистеъдоду ҳунарманд бошанд, бидуни битонрезону, кафшергарону хиштчинҳо ва садҳо коргарони дигар наметавонанд тарҳҳои худро дар амал татбиқ кунанд, бунёди ҷомеаи навини ормонӣ низ бе ширкати амалию фаъоли тамоми афроди кишвар – бунёдкорони асосии давлатдорӣ ва низоми сиёсӣ имконнопазир аст. Шарти муҳими дигари ноил гаштан ба чунин пешрафте дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ доштани руҳияи неруманд, худбоварии пойдор ва донишу огоҳии комил аст.
Ва ҳамаи ин омодагиҳо ва сифатҳои лозимро ба манзури баргузоркунии таҳаввулоти бузург барои эҷоди Тоҷикистони ормонӣ мешавад бо пайравӣ аз мактаби сиёсии Пешвои миллат ба даст овард. Зеро омӯзаҳои ин мактаб ҳосили таҷрибаи фаровони сиёсатмадорест, ки ба баракати нубуғи беназир ва истеъдоди сиёсии саршораш имрӯз дар ҷаҳон давлате бо номи Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ин таълимоти Роҳбари бузурги сиёсиест, ки дар буғранҷтарину печидатарин шароити сиёсию иҷтимоӣ ваҳдати ҳамагонии мардуми кишвар ва пайванди устувори давлат ва миллатро ба вуҷуд овардааст. Ин раҳнамудҳои Пешвои эътирофгардидаи миллӣ, мураббӣ, устод ва дӯсти хайрхоҳи ҳар як аз тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки роҳи расидан ба саодату беҳрӯзию рифоҳи инсониро нишон медиҳад. Ин мактаб роҳкушои ҳамаи мушкилот ва марҳами шифобахшест, ки метавонад тамоми бемориҳои ҷомеаро дармон кунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз яке аз чеҳраҳои намоёни сиёсии ҷаҳонанд. Ному шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бавижа барои тоҷикон – мардуми Тоҷикистон ва ҳаммиллатонамон, дар тамоми ҷаҳон маҳбубу азиз мебошанд. Пешвои миллат марди содиқ ба таърихи пуршукӯҳи давлатдории тоҷикон, эҳёгари анъанаю суннатҳои асили аҷдодӣ ва арзишҳои волою зиндагисози миллӣ ҳастанд. Пешвои миллат шахсияти варзидаи сиёсианд, ки бо омӯзиши амиқу дақиқ ва корбасти мероси фарҳанги қадимтарини давлатдориҳои ниёгон, таърихи бою рангин, ганҷинаи гаронмояи илмию адабӣ ва маънавию ахлоқии дар тули ҳазорсолаҳо андухтаи аҷдоди шарофатманди халқамон бинои тарбияи наслҳои имрӯзу ояндаи кишварро поягузорӣ намудаанд. Аз ин рӯ, Пешвои миллати мо на танҳо пешбару роҳнамои мардуми Тоҷикистон, ҳамчунин эҷодкори андешаҳои нав, мактаби сиёсии нав ва роҳу равиши нави давлатдорианд. Мактаби сиёсии ин шахсияти бузург мардуми кишварро ба пуштибонии сулҳу ваҳдат, эҷоду устуворсозии низоми одилонаву оқилонаи муносибатҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ҳидоят менамояд. Ин мактаб чароғи роҳ ва нурафкани масири пешрафти кишвар ва ормонҳои мардуми Тоҷикистон барои марҳалаи кунунӣ ва давронҳои оянда аст.
Муҳимтарин нукта дар баррасии нақшу аҳамияти мактаби сиёсии Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ин аст, ки мактаби сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин омили шакл гирифтани шахсияти Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчун Пешвою роҳнамои миллат мебошад. Аҳамияти баррасии ин мавзуъ махсусан ба ин ҷиҳат аст, ки иродату ихлос ба Пешвои миллат, ки имрӯз дар қалбҳои мардум мавҷ мезанад, на танҳо арҷгузорӣ ба мақоми сиёсии волои ӯ ҳамчун поягузори давлатдории навин ва асосгузори сулҳу ваҳдати миллист, балки пештар аз ҳама ва бештар аз ҳама таҷаллии эҳтироми миллат нисбат ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба ҳомии истиқлоли давлатӣ, таҳкимгари арзишҳои волои давлатдорӣ, фарҳангӣ, маънавию ахлоқӣ ва таблиғгари бузурги ин арзишҳои зиндагисоз мебошад. Ба баёни дигар, муҳаббату иродати мардуми кишвар ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳаббату иродат ба такягоҳ, Пешво ва муаллими ҷомеа аст.
Рози пазириши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мардум ба сифати такягоҳ, Пешво ва муаллими ҷомеа, агар аз як тараф, вобаста ба эътимоди мардуми ҳақшиносу наҷиби Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар, ба анъанаҳои ахлоқию маънавии миллати куҳансоли мо такя мекунад.
Ба мақоми Сарвари кишвар ва он ҳам кишвари ҷангзадаву ошуфтаю вайрон боло шудани сиёсатмадори ҷавон на танҳо дар таърихи давлатдории мо, балки дар сиёсати ҷаҳонӣ рӯйдоди беназир аст. Ва низ нодиру беназир ин аст, ки ин давлатмарди навқадам тавонист дар рӯйи харобаҳои кишвари гирифтори ҷанг давлатдории навинеро поягузорӣ намояд ва онро ба сарзамини сулҳ табдил диҳад.
Ин ҳама дастовардҳо ба ин сабаб имконпазир гаштанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо ба вуҷуд овардани руҳияи иттиҳоду пайвастагии давлат ва миллат нақшу рисолати як Пешвои воқеии миллиро ифо намояд. Нақшу рисолате, ки беш аз ҳар чиз бо усули маънавию ахлоқӣ ҳамроҳ аст.
Маҳз ба далели пойбандии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба равишу усули маънавию ахлоқӣ дар идораи давлат ва бархӯрдориашон аз ахлоқи волои инсонию сиёсӣ мардуми кишвар ӯро Пешвои худ хонданд, хеле пештар аз он рӯзе, ки Парлумони кишвар ин ҳақиқати ба қалбҳои афроди миллат нишастаро ба расмият даровард.
Оё танҳо тавоноӣ дар идораи кишвар ва доштани истеъдоди муттаҳид сохтани халқ боис мешавад, то роҳбари сиёсӣ аз ҷониби мардум ба сифати Пешво пазируфта шавад? Аслан, киро Пешво мегӯянд ва фарқ миёни ӯ ва дигар роҳбарони сиёсӣ чист? Пешвои воқеӣ дорои чӣ вижагиҳоест?
Нахуст, бояд гуфт, ки Пешво унвон, вазифа ва мансаб нест, балки рисолат аст. Рисолатест, ки халқ бо таваҷҷуҳ ба истеъдодҳои фаровонаш дар ҷанбаҳои гуногун ба ӯ вогузоштааст.
Кору заҳмати Пешво сахту тоқатфарсост ва ҳар кас ба ин мақом лоиқ намеояд. Пешво будан доштани чашми тамомбин, қалби тамомшинос, шуҷоату қудрату гузашт ва бавижа иродаю саховати тамомбахшро мехоҳад. Зеро Пешво будан, маънои худро тамоман ва бечуну чаро ба манфиатҳои кишвар ва миллат тобеъ карданро дорад.
Пешво инсонест, дорои камоли ахлоқию маънавӣ ва одобу рафтори писандида. Зеро танҳо чунин шахсе метавонад бо аъмолу атвори некуи худ барои афроди ҷомеа сармашқу намунаи ибрат ва мазҳари пайравӣ гардад ва бо нури андешаю ҳикмати хеш масири ҷомеаро ба сӯйи ҳадафҳои нек равшан намояд.
Пешво ҳамеша вазифаю масъулиятҳоеро бар уҳда мегирад, ки ҳеҷ каси дигаре ҷуръати анҷоми онҳоро надорад.
Пешво аз вижагиҳое, чун шуҷоат, ростию дурустӣ ва тамоил ба азхудгузаштагӣ баҳраманд аст.
Дар ҳоле, ки роҳбари сиёсӣ ҷомеаро идора мекунад, Пешво онро ҳидоят менамояд. Пешво, ки аз вожаи тоҷикӣ буда, маънои пешрав, раҳнамо ва ҳидоятгарро дорад, на танҳо ҷомеаро ба роҳи расидан ба ҳадафу ормонҳои олӣ роҳнамоӣ мекунад, балки ҳамчунин худи ӯ ҳамеша ва дар ҳама кор дар пеш қадам мезанад. Ба иборати дигар, ӯ саркору пешкор аст ва илова бар он, ки ҳамаи иқдомҳои барои ҷомеа муфидро тарҳрезӣ менамояд, бахши мушкили корҳоро бар уҳдаи худ мегирад.
Пешво будан маънои фидокор будан ва садоқати комил доштан ба мардум аст. Пешво аввалин шахси масъул дар кишвар аст ва масъулияти хешро ба таври комил ва хайрхоҳона ба мардум мерасонад. Яъне хидмати ӯ ба мардуми мамлакат хидмати беминнат аст.
Пешво касест, ки нерую тавони ҷисмию фикрии хешро дар роҳи расидан ба ваҳдати ҳақиқии миллат батамом месупорад. Бо тафриқаандозӣ дар ҷомеа ва парокандагӣ дар кишвар мубориза менамояд. Бо ҳидоятҳои ҳакимона ва бо ба амал пайванд додани иқдомҳои мушаххаси сиёсию иҷтимоию фарҳангӣ миллатро муттаҳид мегардонад ва пайваста дар роҳи тақвияти ягонагии миллӣ талош мекунад.
Пешво барои миллаташ дар ҳама кор ва ҳама чиз сармашқ аст: дар меҳнатдӯстӣ, сабру таҳаммул, саховат, меҳрубонӣ ба ҳамватанон. Бинобар ин, ҷомеае, ки аз Пешвои саромад, кордон ва додгустару додгар бархӯрдор аст, метавонад ба зиндагии саодатмандона умед бандад.
Пешво касест, ки арзишҳои миллиро ривоҷ медиҳад, бо таассубу хурофоту бегонапарастӣ мубориза мекунад, дар ҷомеа фазои маънавию ахлоқӣ ба вуҷуд меоварад ва онро пайваста устувор месозад.
Пешво касест, ки дорои ҳунари барангехтани инсонҳо ба анҷоми корҳое мебошад, ки барои худашон муфид аст. Ӯ ҳисси худбоварии мардумро бедор мекунад ва ба онон итминон мебахшад, ки на танҳо пеши хешону наздикон, ҳамчунин дар назди кишвар низ аз аҳамияту арзиш бархӯрдор ҳастанд…
Тасвире аз як Пешвои миллии воқеӣ комил нахоҳад буд, агар таъкид нагардад, ки меҳваритарин нақшу рисолати роҳбари сиёсӣ, ки ӯро ба Пешво табдил медиҳад, муаллиму мураббии маънавии ҷомеа ва низ соҳибмактаб будани ӯст.
Хушбахтона, Пешвои миллати тоҷик аз тамоми хусусиятҳои зикршуда ва дигар сифатҳои лозим барои як роҳнамои шоистаи ҷомеа баҳраманданд. Ва низ боиси қаноатмандист, ки Пешвои миллати мо дар тули солҳои роҳбарии шуҷоона, устодона ва дурбинонаи хеш бо такя ба фикри равшан, сиришти хирадмандона, хислатҳои волои ахлоқию инсонии хеш мактаби сиёсии худро поярезӣ карданд. Мактаберо, ки пайравӣ аз он асоситарин ниёзи кишварро, ки ҳаройина ба вуҷуд овардани руҳияи умед ба оянда, сарфарозӣ ва эҷоди худбоварӣ дар зеҳну шуури афроди миллат аст, мебарорад.
Зикри ин нукта зарур аст, ки мактаби Пешвои миллат на танҳо маҷмуе аз паёму баёну раҳнамунҳост, балки ҳамчунин намоде аз шахсияти бисёрҷонибаи Сарвари давлати тоҷикон аст. Рози пешрафтҳои Тоҷикистон низ дар ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд на танҳо давлатдории навини тоҷиконро поягузорӣ намоянд ва дар кишвар таҳаввули бунёдии сиёсию иҷтимоию фарҳангӣ баргузор кунанд, балки зербинои парвариши имкониятҳо ва тавоноиҳои руҳию маънавии инсонҳоро ба вуҷуд оваранд. Ва муҳимтарин омили тарбияи ахлоқию маънавии ин мактаб ба сифати намунаи ибрат қарор гирифтани одобу рафтори ҳасанаи Пешвои миллат аст. Дилбастагию муҳаббати ҳақиқӣ ба аслу решаи миллати хеш ва садоқат ба Модар-Ватан, хидмати холисона ба халқ, дӯст доштану меҳрубон будан ба дигарон, шитофтан ба ёрии кӯдакони ятиму бепарастор, ғамхории пайваста ба пиронсолону камбизоатон на танҳо баёнгари руҳи меҳрубонии падарона, дилсӯзӣ ва омодагии ҳамешагии Пешвои миллат дар осон кардани мусибату мушкилот дар ҷомеа ҳастанд, балки низ дарсҳоянд, ки барои такомули маънавии афроди миллат хидмат мекунанд. Ба ҳамин сабаб аст, ки мардуми кишвар Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳомии худ, роҳбари фарёдрасу ҳақбин, додгустару адолатпеша ва наҷотдиҳандаи давлату мамлакат медонад. Ва ҳақшиносона ба ӯ меҳр меварзанд ва ҳам дар ҳузураш ва ҳам дар ҳар мавриди дигар ӯро Пешво ном мебарад.
Мактаби Пешвои миллатро бо таваҷҷуҳ ба аҳамияту арзишаш ҳамчун як роҳнамои назарӣ ва амалӣ метавон сармояи тамомнашавандаи миллӣ номид. Сармояе, ки миллати тоҷик бо доштани он тавонистааст монеаҳои душвореро, ки дар сари роҳи расиданаш ба ормонҳои муқаддаси бунёди давлатдории миллӣ қарор доштанд, паси сар кунад. Соҳиби иқтидор, пешрафт, ғурури солиму шарофати миллӣ гардад. Ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон устувор созад.
Сармояе, ки Пешвои миллат дар шакли мактаби сиёсии худ барои кишвар ва миллати мо захира кардааст, як сармояи таърихию ҳаётӣ аст. Зеро раҳнамудҳои ин мактаб барои як замон нестанд ва дар ҳамаи давронҳо метавонанд роҳкушо бошанд. Инҳо дарсҳои арзишманде ҳастанд, ки Пешвои барӯманди мо дар тули солҳо аз таҷрибаи роҳбарӣ бар кишвар, аз мушорикату ҳамкорӣ дар доираҳои бузурги сиёсати ҷаҳон ва аз талошҳои хастагинопазир дар амри дифоъ аз манфиатҳои кишвар ҳосил кардаанд. Вазифаи мо – насли имрӯзу фардо ин аст, ки ин сармояро бо диққату эҳтиёти тамом нигаҳбонӣ кунем ва суди ин сармояи арзишмандро барои пешрафти имрӯзу ояндаи кишвар ба кор гирем.
Муҳимтарин омилҳои имрӯз дар шароити сулҳу суботи пойдор ба таври итминонбахш ба сӯи ояндаи дурахшони хеш қадам задани Тоҷикистон хусусиятҳои шахсиятӣ ва мактаби сиёсии Пешвои барӯманди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ба шарофати ин ду омил – хусусиятҳои шахсиятӣ ва мактаби сиёсии Пешвои миллат мардуми кишвари мо дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки раҳнамои маънавии худро пайдо намуданд, ҳидоятҳои ӯро ҳамчун хатти равшани зиндагии худ баргузиданд, худро мухлису пайрави содиқи ин Сарвари меҳанпарасту фидокор ба ҳисоб оварданд.
Ҳар қадар замон аз рӯзҳои баргузории Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олӣ мегузарад, бештар аён мегардад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои бузурги таърихи муосири миллати тоҷик ва поягузори давлатдории навини Тоҷикистон, абармарде, ки аз миёни мардум бархостааст, андешае ба ҷуз Тоҷикистон, ҳадафе ҷуз сарфарозии тоҷикон, вазифае ҷуз хидмат ба кишвару миллати хеш надорад.
Инак, беш аз се даҳа аст, ки миллати тоҷик бо бархӯрдорӣ аз пайванди ногусастании худ бо Пешвои миллати хеш дар роҳи шукӯҳманди созандагию офаринандагӣ қадам мезанад. Ва яқин аст, ки ҳаракати ӯ дар ин роҳ ба таври пирӯзмандона идома хоҳад ёфт.
Сайидзода Зафар ШЕРАЛӢ,
мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих
Санаи нашр: 24.06.2025 №: 123-124