ИСТЕҲСОЛИ ШИША. ИСТИФОДАИ ИМКОНИЯТҲО ҚАТРАЕ АЗ БАҲР АСТ, ЧАРО?

Шиша аз ҷумлаи серхаридортарин мавод барои соҳаҳои сохтмон, тавлиди зарфҳои нигоҳдории маҳсулоти хӯрданию санитарӣ, автомобилҳо, ороиши биною иншооти дигар маҳсуб меёбад. Имрӯзҳо авҷи сохтмонҳо дар кишвар торафт эҳтиёҷ ба ин масолеҳи сохтмониро зиёдтар мекунад. Ҳамасола, тибқи иттилои расмӣ, аз хориҷ ба ҷумҳурӣ ба маблағи қариб 20 миллион доллар шиша ва маҳсулоти шишагӣ ворид мешавад. Аммо тавлидоти дохилии шиша ва маҳсулоти он ҳамагӣ 8 миллиону 162 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳол он ки, ашёи хом барои тавлиди шиша, ба мисли сангу қуми кварсӣ, содаи холис, дар мамлакат фаровон аст.
Гурӯҳи олимони кимиёшинос, табиатшинос ва иқтисодшинос Баҳодур Мирзоев, Сайдмурод Зайниддинзода, Сафар Зайнудинов ва Алишер Қаюмов бовар доранд, ки истифодаи босамари захираҳои ашёи хом барои шишабарорӣ эҳтиёҷот ба шишаи воридотиро пурра аз байн мебарад ва ҳам содироти он даромади ҳангуфт меорад.
– Албатта, коркарди ашёи хом ва ба даст овардани маҳсулоти тайёри ватанӣ бидуни хороҷот нест. Аммо бовар аст, ки ин хароҷот ҳатман баъди ворид шудани маҳсулот ба бозор пӯшонда мешавад ва миллионҳо доллар маблағе, ки барои воридоти он аз кишвар берун меравад, дар дасти соҳибкорони ватанӣ боқӣ мемонад. Захираҳои маъдане, ки барои тавлиди шиша, аз қабили сангу қуми квартсдор заруранд, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба миллионҳо тонна мерасанд. Ҳангоми коркард барои тоза кардани квартс аз оксиди оҳан ба мо кислота лозим меояд, ки имрӯзҳо он дар ноҳияи Ёвон истеҳсол мешавад. Ин маҳсулоти бадастомада партофта нашуда, боз ҳамчун коагулянт барои тоза намудани обҳои партови саноатӣ истифода мешавад. Ё барои шишаи тавлидшаванда сода лозим аст, ки ин маводро аз кони намаки Хоҷамуъмин ҳосил кардан имкон дорад. Айни замон барои коркарди ибтидоӣ дар сатҳи озмоишгоҳӣ ба соҳибкорон нишон додани намунаҳои хурди шишаи истеҳсоли ватанӣ дар марҳалаи аввал ҳамагӣ як оташдон (печ)-и иқтидори гармидиҳиаш 1600-2000 дараҷа маркаи KS-MFT-MT12 ё BOX-1700 зарур аст. Ба воситаи он мо сангҳои квартсдори дарёҳои кишварро об карда, бо иловаи содаи кони Хоҷамуъмин метавонем чанд навъ шишаи холис дар лаборатория омода созем. Пас аз ин, барои харидани дастгоҳҳои шишагудозӣ, сохтмони коргоҳи истеҳсолӣ ва қолабҳои гуногунҳаҷми шиша дарёфти маблағи зарурӣ лозим меояд. Ҳамин тавр, дар назди захираҳои квартсдор, аз ҷумла дар соҳили дарёи Ёхсуи минтақаи Кӯлоб, метавонем коргоҳҳои хурди шишабарорӣ ташкил намуда, барои истеҳсоли васеи он роҳро боз намоем. Масалан, соли гузашта дар шаҳри Тошканд шахсан банда (Баҳодур Мирзоев) ба воситаи чунин оташдони баландараҷа маркаи KS-MFT-MT12 аз санги квартсдор ду навъи шиша омода сохтам, ки аз ҷониби мутахассисони кишвари ҳамсоя баҳои баланд гирифт. Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо барои ташкили корхонаи шиша дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” мо бо мутахассисони олмонӣ вохӯрда, онҳоро бо захираҳои шишадори минтақа шинос намудем. Онҳо пас аз суҳбат дар холати дарёфти маблағ барои ташкили корхона изҳори ҳавасмандӣ карданд, вале то ҳол дигар посухе нест, – гуфт Баҳодур Мирзоев.
Дар раёсати соҳаҳои саноат ва инфрасохтори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуданд, ки чунин гуфтушунид бо намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Олмон сурат гирифта буд.
– Ба роҳ мондани истеҳсоли шиша дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” яке аз нақшаҳои муҳим дар назди масъулони Вазорат мебошад, ки ҳоло барои татбиқи он бояд сармоягузорони ватанию хориҷӣ ҷалб карда шаванд. Ҳарчанд сармоягузорони олмонӣ дар МОИ “Кӯлоб” бо ашёи хоми истеҳсоли шиша ва имкониятҳои дигар шинос шуданд, аммо дар ин маврид ягон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо нарасидааст. Айни замон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ корхонаҳои "Собиров Б.Г", "Созмон", "Равзанаи аср" дар шаҳри Душанбе, "Шишасохтмон"-и ноҳияи Б. Ғафуров, "СК-МИР" дар ноҳияи Рӯдакӣ ва "Парки инноватсионии саноати технологӣ"-и шаҳри Левакант ба тавлиди шиша машғуланд, иттилоъ доданд аз Вазорат.
Боиси хушнудист, ки дар самти истеҳсоли шиша ба ҳар ҳол чанд корхона фаъолият мекунад. Вале тавре дар боло зикр ёфт, ҳаҷми умумии истеҳсоли онҳо (8 миллиону 162 ҳазор сомонӣ) гарде аз имкониятҳо ва чанд баробар камтар аз эҳтиёҷоти дохилӣ мебошад. Зеро захираҳои шишадор дар ҷумҳурӣ ба садҳо миллион тонна мерасаду ҳанӯз ҳам бар ивази қариб 20 миллион доллар маҳсулоти ниҳоии он аз хориҷ ворид мешавад.
Ба андешаи Сафар Зайнудинов ва Баҳодур Мирзоев, дар МОИ “Кӯлоб” даст задан ба ин кор осонтар ба назар мерасад. Дар ин минтақа ҳамаи ашёи хоми шишабарорӣ фаровон аст. Мо метавонем бо коркарди сангҳои квартсдори дарёи Ёхсу, содаи кони Хоҷамуъмин ва кислотае, ки дар ноҳияи Ёвон тавлид мешавад, беҳтарин навъҳои шишаро барои биноҳо, автомобилҳо, зарфҳои гуногун ва ғайра истеҳсол намоем. Дар ин кор ба ғайр аз оташдони баландараҷа воридоти ягон ашёи хоми дигар лозим намеояд. Яъне, ӯ дар ин роҳ чандон монеаҳои зиёдро намебинад.
Аз гуфтаҳои олими варзида ва фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи шиша бармеояд, ки тавлиди ин маҳсулот аз қуму санги Ватан ба он ҳад кори мушкил нест, ки солҳо боз интизори сармоягузори хориҷӣ бишинем. Аз ҷумла, хариди як оташдони маркаи KS-MFT-MT12, барои гузарондани корҳои озмоишгоҳӣ, ки мутахассисон онро роҳи ҳалли асосии масъала медонанд, чӣ мушкил дорад? Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ки вазифааш дарёфти чораҳои зарурӣ барои рафъи чунин мушкилоту монеаҳо дар соҳаи саноат ҳаст, дар посух чӣ мегуфта бошанд?
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.06.2025 №: 123
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН