ДУШАНБЕ. ҶАШНИ ТИРГОН ХОТИРМОН ГУЗАШТ

24 июн 2025, Сешанбе
29
22-юми июн дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Ҷашни Тиргон бо фарогирии Иди зардолуву намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» бо шукӯҳи хосса баргузор шуд. Ҳадафи роҳандозии чунин як иқдом рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифат ва содироти он ба хориҷи мамлакат мебошад.
Дар даромадгоҳи боғ кишоварзони мамлакат навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз он омодашуда – афшура, шарбат, обмева, инчунин, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладона, зироати полизӣ, аз қабили тарбузу харбуза, хушкмеваҳои гунонун ва дигар маҳсули истеҳсолнамударо ба намоиш ва фурӯш гузоштанд, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт ин маҳсулотро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас карданд. Олимони соҳаи кишоварзӣ дар ин ҷо дастовардҳои илмиашонро ба намоиш гузоштанд.
Дар макони баргузории Ҷашн намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» ташкил шуд, ки дар он даҳҳо номгӯйи маҳсулоти корхонаҳои коркарди мева бо сифати баланд дар борҷомаҳо бандубастшуда пешниҳоди иштирокдорон гардиданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни Тиргон аз ҷониби муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода ироа гардид. Гуфта шуд, ки Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироат робитаи мустақим дорад. Агар Сада дар фасли зимистон, Наврӯз дар баҳорон ва Меҳргон дар тирамоҳ таҷлил ёбанд, пас Тиргон ҷашни тобистон аст.
Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад, ки онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир (тиррӯз) баргузор мекарданд ва ҷашн нуҳ рӯз таҷлил мешуд. Вале бо гузашти замон ва бо сабабҳои гуногун арзишҳои илмию фарҳангии ин ҷашн камранг ва фаромӯш шуда, фақат маросиму одатҳое аз он боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои гуногуни сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва оғози бунёди давлатдории миллӣ, дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ин Ҷашни аҷдодӣ эҳё гардид, то мардуми куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар ҷашну оинҳои таърихӣ аз мавҷудияти Тиргон ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ бохабар бошанд ва ба гузаштаи пурифтихори хеш арҷ гузоранд.
Дар чорабинӣ пешқадамони соҳа аз рӯи номинатсияҳои гуногун ва барои иштироки фаъолона, инчунин, намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзӣ сарфароз шуданд.
Дар охир баҳри болидахотирӣ барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 24.06.2025 №: 123