HR – МУНОСИБАТИ НАВ БО КОРГАРОН ДАР АСРИ РАҚАМӢ

24 июн 2025, Сешанбе
37
Солҳои гузашта дар муҳити корӣ муносибати роҳбарон бо кормандон бештар расмӣ буд, яъне, аксаран, кормандон ҳамчун иҷрокунанда ҳисобида мешуданд. Ин гуна муносибат, гарчанде барои солҳои муайян муфид менамуд, вале дар дарозмуддат боиси коҳиши самаранокии кор мешуд.
Бо тағйир ёфтани талаботи бозори меҳнат, шадид шудани рақобат байни ширкатҳо ва нақши афзояндаи корманди одӣ дар рушди корхонаву ташкилот, роҳбарон муносибати хешро ба кормандон тағйир доданд. Маҳз ҳамин боиси дар муассисаҳо пайдо шудани мутахассиси нав – Human Resources (HR (ЭйчАр)) гардид.
HR шахсест, ки дар интихоб, қабул, омӯзиш ва рушди корманд нақши асосӣ дорад. HR мекӯшад барои ӯ муҳити созанда ва мусоиди корӣ фароҳам орад. Бе шубҳа, ин раванд на танҳо барои корманд, балки ташкилот ва ё корхона суди зиёд ба бор меоварад.
Бо ворид шудани технологияи рақамӣ ва барномаҳои зеҳни сунъӣ, кори HR низ тағйир ёфт. Акнун маълумотҳои кормандон дар платформаҳои рақамӣ нигоҳ дошта мешаванд. Раванди интихоби кадрҳо метавонад бо ёрии системаҳои худкор сурат гирад ва ҳатто сатҳи қаноатмандии кормандон бо воситаи пурсишҳои рақамӣ ва таҳлили ҷавобҳо муайян мегардад.
Бо вуҷуди ин, вазифаи асосии HR тағйир наёфтааст: дарки феълу атвори ҳар шахс, пайдо кардани роҳҳои беҳтари муносибат бо ӯ ва эҷоди муҳити солими корӣ.
Имрӯзҳо дар муассисаҳои гуногуни Тоҷикистон ин гуна мутахассисон ба фаъолият мепардозанд. Аз ҷумла, дар як қатор ширкатҳои хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, шуъбаҳо ё мутахассисони HR фаъолият доранд. Аз ҷумла, ширкатҳои мобилии Tcell, Megafon, Zet-Mobile ва бонкҳое чун Алиф Банк, Spitamen, IMON ва Eskhata вазифаҳои муосири HR-ро ҷорӣ кардаанд.
Дар баробари ин, марказҳои омӯзишӣ ба монанди Ilmhona ва Humolab дар баробари тайёр кардани мутахассисони IT, дар омӯзиши асосҳои HR низ саҳм мегиранд.
Ҷавононе, ки мехоҳанд ба ин соҳа ворид шаванд, метавонанд таҳсилоти марбут ба идоракунӣ, равоншиносии ташкилотӣ ё курсҳои кӯтоҳмуддати HR-ро пайгирӣ намоянд. Бо доштани дониши муосир ва муносибати дуруст, мутахассисони HR метавонанд муҳити кориро дар ҳар куҷое ки ҳастанд, беҳтар созанд.
Дар ниҳоят, дар ҷаҳоне ки аксари равандҳо рақамӣ шуданд, дарки инсон, эҳсоси ӯ ва таъсири муҳит ба кори ӯ муҳимтар аз пеш гаштааст. HR касест, ки байни инсонҳову технологияҳо ҳамчун пул хидмат мекунад ва муносибати кориро ба сатҳи нав мебарорад.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.06.2025 №: 123