САОДАТИ МИЛЛАТ
Тавре маълум аст, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҷанги мудҳиши шаҳрвандиро аз сар гузаронд. Мардум ранҷи зиёд кашид, хонаҳо вайрону халқ дарбадар гашт. Қариб ҳар рӯз дар ин ё он гӯшаи Ватани азизамон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омада, одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасиданд. Мардум ба ояндаи нек бовар надошт, барои ҷон ба саломат бурдан ба хоки Афғонистон фирор мекард. Гузашта аз ин, гурӯҳҳои ғаддору ғуломи хоҷагони беруна ба мардум раҳм намекарданд ва амалиёти низомиро идома медоданд. Дар чунин шароити сангин кишвар ба наҷотбахше ниёз дошт, то ҷонибҳои мухолифро ба ҳам орад, сулҳу ваҳдатро пойдор ва давлату миллатро аз нестшавӣ ҳифз кунад.
Хушбахтона, ин масъулияти сангинро ҷавони қалби поку нияти некдошта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма гирифт. Маҳз бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи музокироти тулонӣ 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар шаҳри Москва ба имзо расид. Ба шарофати ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ ҳаёти осоишта ва хушу хуррамонаи шаҳрвандон таъмин гардид.
Имрӯз бо гузашти 28 сол аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ҳамчун санади ҳамгироиву ҳамдигарбахшӣ, ки назири худро дар ҷаҳон надорад, мебинем, ки ғояи муқаддаси ваҳдату инсондӯстӣ ҷузъи таркибии хиради сулҳҷӯёнаи мардуми кишвар ва таҳкимбахши равандҳои демократии ҷомеа гардидааст. Имзои ин Созишнома шаҳодати пирӯзии хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик мебошад, ки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат – паёмовари воқеии сулҳро дар он рӯзҳои душвор самимона дастгирӣ намуданд. Ҷойи шарафу сарфарозист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, аз ҷониби маҳфилҳои муътабари ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир ва омӯзанда эътироф гардид ва эътибори моро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати мутамаддину фарҳангӣ боз ҳам афзун гардонд.
Дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бунёдкориву созандагӣ, ҳалли худро ёфтани масоили муҳими тақдирсози кишвар бори дигар азму иродаи қавии Президенти муҳтарами мамлакатро дар амалӣ намудани мақсадҳои наҷиб дар роҳи шукуфоиву пешрафти Тоҷикистони азизамон собит менамояд. Нуктаи муҳим он аст, ки меҳвари асосии фаъолияту мавқеъгирии Президенти Тоҷикистонро чор ҳадафи стратегӣ ташкил медиҳад – таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ки ояндаи Тоҷикистонро бе амалисозии ин ҳадафҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар ин самт таъмиру навсозии шоҳроҳҳо, сохтмони нақбу пулҳо ва хатҳои роҳи оҳан, сохта ба истифода додани даҳҳо неругоҳҳои хурду миёна, ташвиқу тарғиби истифодаи оқилонаи замину об, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва бисёр дигар иқдомоти муассирро метавон мисол овард. Бунёди коргоҳҳои гуногуни саноатӣ, корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бузургтарин варзишгоҳҳо ва муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ, ки тайи чанд соли охир дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуданд, самараи ҳидоятҳои Сарвари давлат ва талошҳои пайгиронаи мардуми кишвар, хосса соҳибкорон, баҳри ташаккули иқтисодиёт маҳсуб мегардад.
Ба шарофати пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ дар ҷомеа худогоҳиву худшиносии миллӣ побарҷо буда, бедории ифтихори миллии шаҳрвандон хуб эҳсос мешавад. Аммо ҳанӯз ҳам ба ваҳдати миллии мо, ба сулҳу суботу оромии кишвар хатар вуҷуд дорад ва ягон давлат ҳатто абарқудратҳо, аз он эмин нестанд. Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, ки қудратҳои гуногун ва ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи иртиҷоиву экстремистӣ ба мағзшӯии ҷавонон машғуланд, мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, ба макру найранги онҳо дода нашавем ва неъматҳои бузург – сулҳу ваҳдати миллиро пойдор нигоҳ дорем.
Хулоса, сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ягонагии халқу миллатҳо муқаддастарину азизтарин неъмат буда, омили асосии муттаҳидӣ ва рушди устувори давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбанд. Ваҳдат саодати миллат аст. Ҷомеа дар сурати оромии комил, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии гурӯҳҳои гуногун метавонад ба инкишофу пешрафт ва суботу амн ноил шавад. Ҳамаи кишварҳо ба ғояҳои пешбар ва такондиҳанда ҳамеша ниёз доранд ва сароғози ҳамаи он ғояҳои олӣ ваҳдати миллӣ мебошад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН