ТОҶИКИСТОН. Платформаҳои тиҷорати электронӣ (маркетплейсҳо) чӣ гуна рушд мекунанд?

26 июн 2025, Панҷшанбе
23
Ҷаҳони муосир ба шарофати пешрафти технологӣ имкониятҳои нав ба навро пешниҳод медорад ва яке аз онҳо платформаҳои тиҷорати электронӣ (маркетплейсҳо) мебошад. Имрӯз тавассути чунин платформаҳо дархост ва хариди молу маҳсулот ва хизматрасониҳо хеле осон ва қулай гардидааст. Ин аст, ки шумораи истифодабарандагони бозори тиҷорати электронӣ босуръат меафзояд.
Мувофиқи маълумоти маҷаллаи «Forbes», ҳаҷми тиҷорати электронӣ дар ҷаҳон метавонад то соли 2027 ба 7,9 триллион доллари ИМА бирасад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тиҷорати онлайнӣ ба ширкатҳо ва мағозаҳои онлайнӣ имкониятҳои амалан номаҳдудро барои васеъ кардани аудиторияи худ ва афзоиши фурӯш фароҳам меорад. Кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаи ҷаҳон кайҳо боз аз иқтидору имкониятҳои номаҳдуди тиҷорати электронӣ фаровон истифода мебаранд.
Дар Тоҷикистон айни ҳол таваҷҷуҳ ба харидҳои онлайнӣ дар ҳоли афзоиш буда, пайдоиши платформаҳои тиҷорати электронии ватанӣ ва байналмилалӣ дар ин раванд нақши муҳим доранд.
ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон рӯ ба рушд дорад. Дар соли 2019 Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва баъдан аввалин қонуни тиҷорати электронӣ дар кишвар қабул карда шуд. Ҳукумати мамлакат ба ин бахш таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои рушди он мусоидат менамояд. Оғози фаъолияти платформаҳои миллии рақамии Alif Shop, LakLak, OBBO ва ғайраҳо нишон медиҳанд, ки тиҷорати маҳаллӣ барои табодулоти рақамӣ омода аст.
Тибқи пешгӯии коршиносон, дар соли 2025 рушди назарраси ин соҳа дар назар аст. Омили асосӣ ворид шудани бозигарони бузурги байналмилалӣ, аз қабили Wildberries мебошад, ки нуқтаҳои қабули фармоишро дар Душанбе ва Хуҷанд кушодааст ва ният дорад ҳузури худро васеъ намояд. Ин, дар навбати худ, рушди тиҷорати электрониро ҳавасманд мекунад ва барои соҳибкорони тоҷик имкониятҳои навро фароҳам меорад.
ТАЪСИР БА ИҚТИСОДИЁТ
Тиҷорати электронӣ метавонад рушди иқтисодиётро суръат бахшад, зеро дар платформаҳои тиҷорати электронӣ гардиши мол афзоиш меёбад, вақт ва хароҷот барои харидуфурӯш кам мешавад, инчунин, барои васеъ кардани тиҷорат имкониятҳои васеъ фароҳам мешаванд. Илова бар ин, ҷойҳои нави корӣ на танҳо дар фурӯши онлайн, балки дар бахшҳои марбут ба он – аз барномасозон то интиқолдиҳандагони мол таъсис меёбанд. Ҳамаи ин соҳаро барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ, ки ҷараёни инкишофи баланди онро мебинанд, ҷолиб мегардонад. Дар оянда тиҷорати электронӣ барои Тоҷикистон метавонад як ҷаҳиш ба сӯи иқтисоди ҷаҳонӣ гардад. Таъсиси платформаҳои тиҷорати электронӣ иқтидори содиротиро таҳким бахшида, обрӯи кишварро ҳамчун давлати муосир, ки тамоюлҳои технологии навтаринро аз худ мекунад, беҳтар месозад.
Тавре коршиносон арзёбӣ менамоянд, рушди платформаҳои тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон на танҳо имкониятҳои нав, балки даъват ба табдили рақамии тиҷорат мебошад. Дар оянда ин гуна платформаҳо метавонанд як муҳаррики асосии рушди иқтисодӣ гарданд, ки ба тиҷорати хурду миёна дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва васеъ намудани имкониятҳои фурӯши онлайнро фароҳам меоранд.
ХУЛОСА
Ҳамин тавр, тиҷорати электронӣ барои ҳамаи иштирокчиёни бозор дурнамои рушдро боз месозад. Истеъмолкунандагон ба доираи васеи молҳо ва хизматрасониҳо дастрасӣ пайдо мекунанд, тиҷорат аудиторияи васеъро фаро мегирад ва тавассути технологияҳои нав рушд мекунад, давлат муҳити инноватсионӣ ва иқтисодиро барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармоягузорон ташаккул медиҳад. Албатта, татбиқи технологияҳои рақамӣ бо бартараф кардани як қатор монеаҳо, аз қабили коммуникатсияи босифат, интернети баландсуръат, кадрҳои дорои малакаҳои муосир ва, инчунин, эътимоди шаҳрвандон ба амнияти тиҷорати электронӣ ба даст меояд. Агар ин масъалаҳо бо талошҳои пайгирона ва муштарак ҳал шаванд, Тоҷикистон метавонад аз иқтидори пурраи платформаҳои тиҷорати электронӣ истифода бурда, ба сатҳи сифатан нави рушди иқтисодӣ ворид гардад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 26.06.2025 №: 125-126