МАОРИФ. ТАШАББУСҲОИ ҶАНОБИ ОЛӢ САМАР МЕДИҲАНД
Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи маориф аз самтҳои авлавиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши муҳассилини макотиби миёнаву олии мамлакат аз ҷониби Ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Бавижа, бо ибтикору эҳтимоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар ин ҷода такони тоза бахшид.
Чуноне муовини ректори ДТТ оид ба илм ва инноватсия Рамазон Абдуллозода иброз дошт, боиси фахр аст, ки чанде пеш дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар сатҳи баланд доир шуд, омӯзгор Нуралӣ Шарифов, донишҷӯён Наврӯзшоҳ Камолзода ва Абдулазиз Авезов соҳиби мақоми аввал гардида, омӯзгор Саид Парвиз ҷои сеюм, донишҷӯён Ҳасан Абдуллозода ва Давлатҷон Бобоҷонов ҷои дуюмро гирифтанд. Дар баробари инҳо бошад, боз 28 нафари дигар барои ширкати фаъолона бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадр гашт. Инчунин, барои саҳми арзанда дар таълими толибилмон ва иштироки фаъолона раёсати Донишгоҳ бо сипосномаи МИМҲД ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардид. Ҳамин тавр, дар маҷмуъ, 34 корманд, донишҷӯ ва хонандагони Литсейи техникии ДТТ ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” роҳхат ба даст оварданд.
Муовини ректори ДТТ оид ба илм ва инноватсия Рамазон Абдуллозода саҳми ғолибони даври ноҳиявиро дар боло рафтани обрӯву нуфузи Донишгоҳ таъкид сохта, аз ҷумла иброз дошт, ки омӯзгори факултаи технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи маълумот Нуралӣ Шарифов бо таҳияи системаи рақамии ахборотии Донишгоҳ дар номинатсияи “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ” пирӯз омад. Бояд гуфт, ки системаи эҷодкардаи Нуралӣ Шарифов дар Маркази патенту иттилоот бо нахустпатент ҳифз шуда, он имкон медиҳад, то дар доираи татбиқи ҳукумати электронӣ сифати коргузорӣ беҳтар шавад.
Донишҷӯи курси 2-юми факултаи муштараки Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Наврӯзшоҳ Камолзода бошад, бо таҷҳизоти бесарнишини таҳиякардаи худ дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” сазовори мақоми аввал гардид. Ин таҷҳизот “платформаи тасмачархи бисёрфунксионалӣ ва универсалӣ” ном дошта, системаи ҳаракаткунандаи инноватсионӣ ва пешрафта мебошад, ки бо истифода аз тасмачархҳои чандир, сабук ва мутобиқшаванда имкони ҳаракати устувор ва самаранокро дар муҳити гуногуни кишварамон, аз ҷумла сатҳҳои ноҳамвор, маконҳои маҳдуд ва шароити душворгузар, таъмин менамояд. Тарҳи бисёрфунксионалии он вазифаҳои гуногунро бо масрафи ками энергия иҷро менамояд, ки ин барои соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, хадамоти наҷот ва ҳолатҳои фавқулода, артиш ва мудофиа, муҳити зист ва тадқиқот имкониятҳои нав ва самарабахшро фароҳам меорад.
Оҳистамо ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.06.2025 №: 125-126
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479