ГУМРУК. БАРРАСИИ ИМКОНОТИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРӢ БО ДАФТАРИ МИНТАҚАВИИ KOICA

26 июн 2025, Панҷшанбе
30
Дар Хадамоти гумрук вохӯрии муовини якуми сардори Хадамот Турсунзода Азим Ҳайдар бо директори навтаъини Дафтари минтақавии KOICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Канг Синг Хон баргузор гардид.
Турсунзода Азим Ҳайдар Канг Синг Хонро бо таъин шуданаш ба вазифаи директори Дафтари минтақавии KOICA дар Тоҷикистон табрик намуд. Ҳамчунин, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳои муштарак изҳор дошт.
Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла идоракунии хавфҳо, назорати пас аз барасмиятдарории гумрукӣ, идоракунии ҷараёни мусофирон, навсозии инфрасохтори IT, таъсиси маркази мониторинги гумрукӣ ва таъмин намудани таҷҳизоти муосир барои кормандони гумрукро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Турсунзода Азим Ҳайдар таъкид кард, ки ҳамкорӣ бо Корея дар самти рушди низоми идоракунии хавфҳо барои муосирсозии фаъолияти гумрук, дақиқ муайян кардани хавфҳо ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар нақши муҳим дорад.
Канг Синг Хон низ иброз намуд, ки таҷрибаи корӣ дар дигар давлатҳо, аз ҷумла Гватемала, ӯро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои нав омода кардааст. Ӯ зикр намуд, ки мақсади асосии KOICA мусоидат дар таъсис ва такмили низомҳои иттилоотӣ ва инфрасохтори гумруки Тоҷикистон аст. Ҷонибҳо аҳамияти масъалаҳои баррасишударо барои рушди соҳаи гумрук ва манфиатҳои миллии тарафҳо таъкид карда, омодагии худро барои ҳамкорӣ ва татбиқи самараноки лоиҳаҳо изҳор намуданд.
Дар вохӯрӣ, инчунин, Ёрмаҳмадзода Ком-ёр Ёрмаҳмад, сардори раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, подполковники Хадамоти гумрук, Қурбонмурод Султонов сардори маъмурияти системаи иттилоотии автоматокунонидашудаи ягона, подполковники хадамоти гумрук, Худоназар Давлатмиров, сарнозири раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, майори Хадамоти гумрук, Шукрона Ҳоҷимуродова, котиби сеюми кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шералӣ Исфандиёр, корманди барномавии KOICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 26.06.2025 №: 125-126