ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСҲОИ ИНСОНДӮСТОНАИ ҶАНОБИ ОЛӢ

01 июл 2025, Сешанбе
37
Дасти хайру эҳсон дароз кардан ба ниёзмандон аз бузургтарин амалҳои инсондӯстию ҷавонмардист, ки солҳои охир бо роҳнамоию ибтикори Пешвои миллат, хусусан дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ, ба анъанаи умумимиллӣ табдил ёфтааст. Маҳз чунин амали нек аз тарафи давлату Ҳукумат нисбат ба ятимон ҳамасола даҳҳо тан аз одамони нексиришт ва фарзандони Ватанро дар гӯшаю канори дунё дар роҳи ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои эҳтиёҷманду ятимон дилгарм сохтааст.
Ёқубҷон Умаров аз нафарони обрӯманди тоҷикони минтақаи Урали Федератсияи Россия мебошад, ки ҳамвора пайи дастгирии корафтодагону эҳтиёҷмандон аст. Бо роҳбарии номбурда чанде пеш дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои хонаи ятимони шаҳраки Оби Гарм ва оилаҳои ниёзманди деҳаҳои атрофи шаҳраки мазкур, инчунин, оилаҳои камбизоати дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз Федератсияи Россия ба даҳҳо нафар аз эҳтиёҷмандон сарулибос ва пойфзол дастрас гардид.
Файзалӣ Раҳматов, аз ҳамватанони бурунмарзӣ ва роҳбалади тақсимоти ин маҳсулот изҳор дошт, ки либос ва пойафзолҳо аз тарафи гурӯҳи алоҳидаи мададрасон миқдоре ба ятимон дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Данғара ва боқӣ барои ятимону оилаҳои камбизоати шаҳраки Оби Гарм расонда шуд. Албатта, иқдом хеле пештар оғоз шуда буд, вале дар ин рӯзҳои истиқбол аз ваҳдати миллӣ пурра иҷро гардид.
– Кумак, асосан, аз либосҳои гуногун қариб барои ҳамаи фаслҳои сол, пойафзолҳо иборат буд. Дар маҷмуъ, зиёда 3300 нафар аз ин ёрии моддӣ баҳраманд шуданд, – гуфт ӯ.
Ҳамзамон, Ёқубҷон Умаров зикр намуд, ки чунин дастгириҳо дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ идома хоҳанд ёфт.
– Талош мекунем, ки дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат ёриҳои моддию молиявӣ ва дигар навъи дастгириҳоро нисбат ба эҳтиёҷмандон афзун намоем. Пеш аз ҳама, маҳз ҳамин ваҳдати миллӣ, сарҷамъӣ ва меҳру садоқат дар атрофи Пешвои миллат барои ҳамаи мо – тоҷикони дохилу хориҷи Ватан имкон медиҳад, ки дар роҳи зиндагӣ дилгармонаю устувор пеш равем ва дастгири ҳамдигар бошем, – бо шукргузорӣ изҳор кард Ёқубҷон Умаров.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.07.2025 №: 129