ЗАН, ЗАМОН, ЗИНДАГӢ
Дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат ва субот ба бузургтарин дастоварди мардум ва давлат табдил ёфтааст. Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 27-уми июн на танҳо як ҷашн, балки рамзи пирӯзии ақлу хирад, дӯстӣ ва бародарии тоҷикон мебошад. Дар ин рӯзи тақдирсоз мардум ба гузашта назар меафканад, роҳи тайкардаи худро месанҷад, то ояндаи худро бар пояи ваҳдат ва якдилӣ бунёд намояд.
Гарчанде ки ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомада, балки бо баҳои ҷон, қурбониҳо ва заҳмату ҷоннисории фарзандони содиқи Ватан муяссар гардид, набояд нақши занону модаронро дар расидан ба ин рӯзҳои ором ва субот нодида гирифт. Маҳз онҳо буданд, ки дар лаҳзаҳои душвор фарзандони худро ба оштии миллӣ, таҳаммул ва бародарӣ даъват карданд. Онҳо ба ҷойи кина дар дилҳо меҳр ва ваҳдат парвариданд.
Имрӯз занони тоҷик на танҳо тарбиятгар ва посдори арзишҳои миллӣ ҳастанд, балки ҳамчун неруи фаъол ва созанда дар тамоми соҳаҳо саҳми бориз доранд. Онҳо дар сиёсат, фарҳанг, иқтисод, илм, маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ фаъолона ширкат меварзанд ва дар пешрафти мамлакат саҳм мегузоранд. Роҳбари кордон, омӯзгори мушфиқ, табиби ғамхор, муҳандиси донишманд ва ҳатто дипломати бонуфуз будани занон далели возеҳи баробарии ҳуқуқ ва имконоти онҳо мебошад.
Бонувони тоҷик ба тарбияи насли оянда, ба пок нигоҳ доштани расму оини миллӣ, ба таҳкими ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ саҳми сазовор мегузоранд. Онҳо парчамбардори меҳр, покӣ ва вафодорӣ ҳастанд, ки аз қалби гармашон ба фарзандони Ватан қудрат ва умед мебахшанд. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, нақши зан-модар дар тақвияти пояҳои давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ беназир ва тақдирсоз аст.
Имрӯз зан на танҳо тарбиятгар ва парастори хонадон, балки роҳнамо ва ташаббускори ҷомеа мебошад. Вақте модар фарзандашро дар руҳияи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия мекунад, ба ояндаи дурахшони давлат ва миллат саҳми арзанда мегузорад. Зеро пояи ваҳдат, субот ва истиқлол маҳз аз тарбияи солим ва парастории модарон оғоз меёбад.
Бинобар ин, ҳар як фарзанди Ватан бояд ба қадри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ расад ва дар таҳкими он саҳм гузорад. Ваҳдати миллӣ на танҳо натиҷаи як созиши сиёсӣ, балки меваи заҳмати якҷоя, сидқ ва ҷасорати фарзандони Ватан, бавижа занону модарон мебошад.
Бигзор сулҳу субот – ин бузургтарин неъмат – бо дуои пок ва меҳри гарми модарони тоҷик поянда ва бардавом бимонад.
Ҳабиба АБДУЛЛОЕВА,
мураббии Маркази дастгирии оила
ва кӯдаки №1-и шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 01.07.2025 №: 129
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН