АВИАТСИЯ. ВАҲДАТ АЗ МУҲИМТАРИН ОМИЛҲОИ ПЕШРАФТ

01 июл 2025, Сешанбе
25
27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид. Ин санад натиҷаи иродаи қавии мардуми тоҷик ва дипломатияи фарҳанги сулҳталошие буд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафи таърихӣ расид. Раванди музокироти сулҳ бо миёнаравии кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифт, аммо пояи воқеии ин раванди муваффақона – шахсияти худи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эътимоди ҷомеа ба ӯ буд.
Бо барқарор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шароити мусоиди рушди инфрасохтори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва стратегӣ фароҳам омад. Аз ҷумла, яке аз соҳаҳое, ки ба шарофати ин дастовардҳо рушду густариши назаррас ёфт, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо эҳёи давлатдорӣ ва пуштибонии роҳбарияти олии кишвар, таърихи рушди аэронавигатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи сифатан навро аз 1-уми октябри соли 2008 оғоз намуд. Дар ин сана бо қарори дахлдор Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” бо роҳи ҷудо шудан аз ҳайати КВД авиатсионии “Тоҷик Эйр” таъсис ёфта, ҳамчун як ниҳоди мустақили соҳавӣ дар самти танзими ҳаракати ҳавоӣ ва хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ фаъолияташро оғоз кард. Таъсиси ин корхона дар марҳалаи пасоҷангӣ, маҳз дар фазои орому субот ва ваҳдати миллӣ имконпазир гардид. Дар он шароити душвор, ки инфрасохтори авиатсионӣ, аз ҷумла шабакаҳои назорати парвозҳо, фурудгоҳҳо ва низоми иртиботӣ дар ҳолати фалаҷ қарор доштанд, эҳёи соҳа танҳо ба шарофати сулҳи пойдор ва иродаи сиёсиву созандаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.
Бешубҳа, ҳар як дастоварди ин Корхона аз фазои ороми сиёсии кишвар, ҳадафмандии сиёсати давлатӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ маншаъ мегирад. Бидуни ваҳдати миллӣ, соҳаи муҳими ҳавонавардӣ, ки ба амният, устуворӣ ва эътимод такя дорад, наметавонист рушд намояд. Маҳз бо сиёсати сулҳҷӯёна ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз Тоҷикистон соҳиби инфрасохтори муосири авиатсионӣ, мутахассисони баландихтисос ва нуфузи афзоянда дар фазои ҳавоӣ гардидааст.
Ваҳдат арзиши муқаддас ва пойдор аст, ки бояд ҳамеша ҳифз ва пос дошта шавад, зеро он заминаи ҳама гуна пешрафт, амният ва озодии воқеии миллат мебошад.
Ҳусниддин ХОЛОВ, сардори маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”
Санаи нашр: 01.07.2025 №: 129