ЭЙ ВАРЗИШ, ТУ СУЛҲ ҲАСТӢ!
Дар дунёи муосир, ки, мутаассифона, дар бисёр гӯшаҳо низоъ, душманӣ ва нофаҳмӣ ба назар мерасад, зарурати рушди воситаҳое, ки сулҳу суботро тарғиб мекунанд, беш аз пеш зиёд шудааст. Яке аз чунин воситаҳои муассир варзиш мебошад. Варзиш на фақат воситаи саломатӣ, балки рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аст.
Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2010, дар мулоқот бо варзишгарон, дар ин бобат андешаҳояшонро чунин баён карда буданд: “Варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни халқу миллатҳо хизмат мекунад. Ҳаракатҳои оммавии варзиши ҷаҳонӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ борҳо собит намудаанд, ки варзиш дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Имрӯз яке аз ҳадафҳои асосии варзиш ҳамчун қосиди сулҳ дар ҷаҳон маҳз ҳамин аст”.
Яке аз ҳадафҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) низ, сохтани ҷаҳони беҳтар тавассути варзиш аст. Дар ин самт, КБО бо Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Бо қабули қатънома аз ҷониби СММ, ҳар сол 6-уми апрел Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт таҷлил мегардад.
Дар асоси маълумот, зимни баргузории Бозиҳои олимпии қадим дар Юнон қоидае мавҷуд буд, ки тамоми ҷангу кишваркушиҳо манъ карда мешуд. Ҳеҷ кас ҳақ надошт ҳатто бо яроқ атрофи майдонҳои мусобиқа гардад. Дар сурати риоя нашудани ин муқаррарот ҷазои сахт пешбинӣ шуда буд.
25-уми октябри соли 1993 Ассамблеяи генералии СММ аз кишварҳои узв даъват кард, ки аҳди олимпиро дар тули ҳафт рӯз пеш аз кушодашавӣ то ҳафт рӯз пас аз пӯшида шудани ҳар як бозиҳои олимпӣ риоя кунанд. Дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 роҳбарони ҷаҳон варзишро ҳамчун воситаи муҳими ноил шудан ба рушди устувор эътироф карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3-юми октябри соли 2024 дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ” дар Қатар иброз намуданд: “Кишвари мо “Дипломатияи варзишӣ”-ро, дар баробари дигар самтҳои ҳамкорӣ, ҳамчун василаи мусоид барои рушди устувор, таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва дар маҷмуъ, заминаи муносиб барои иҷрои дидгоҳ оид ба ҳамкорӣ дар Осиё дар давраи то соли 2030 медонад”.
Дар таърих мисолҳои зиёд аст, ки варзиш ба кам кардани ихтилофот ҳатто бартараф кардани онҳо кумак кардааст. Аз ҷумла, таври маълум Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ солҳо миёни ҳам ихтилоф доранд. Ба хотири осоиштагӣ ва ҳамсоягии нек, варзишгарони ин ду кишвар дар Бозиҳои Осиё-2018 дар Индонезия ва Бозиҳои олимпии Токио-2020 зери як парчам баромад карданд. Дар Африқо футбол боиси иттиҳоди миллатҳои қора гардид.
Бунёдгузори бозиҳои олимпии муосир Пйер де Кубертен гуфтааст: "Эй, варзиш! Ту сулҳ ҳастӣ! Ту байни миллатҳо муносибатҳои нек, меҳрубонӣ, дӯстона барпо менамоӣ. Ту ваҳдат ҳастӣ. Одамони ташнаи ваҳдатро ба ҳам меорӣ. Ба ҷавононе, ки бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд, ҷавонони қабилаҳои гуногун эҳтироми ҳамдигарро меомӯзӣ. Ту сарчашмаи рақобати наҷибу осоишта, дӯстона ҳастӣ. Зери парчами осоиштагии худ ҷавононро - ояндаи мо, умеди моро – ҷамъ меорӣ. Эй варзиш! Ту сулҳ ҳастӣ!".
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.07.2025 №: 130
