САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН
4-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
* * *
4-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Физулӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Кэримли Адил ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.
СУҲБАТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАҲБОЗ ШАРИФ
4-уми июл дар шаҳри Ханкендии Ҷумҳурии Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи саммити 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дидорро имкони хуби баррасии муносибатҳои ду давлат номиданд.
Ҳар ду ҷониб оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои мардумони ду кишвар манфиатдор табодули андеша намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла рӯзномаи саммити иқтисодӣ, баррасӣ гардиданд.
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ИЛҲОМ АЛИЕВ
4-уми июл дар шаҳри Ханкенди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати самимӣ карданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, ба сатҳи тадорукотии ташкили саммити 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ баҳои баланд доданд.
Дар навбати худ, муҳтарам Илҳом Алиев ба Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қабули даъват ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши баланди иқтисодӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Зимни суҳбат масоили густариши ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон ва рӯзномаи саммити 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ муҳокима гардиданд.
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МАСЪУДИ ПИЗИШКИЁН
4-уми июл дар шаҳри Ханкендии Озарбойҷон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ вазъи феълии ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои рӯзномаи саммит баррасӣ шуданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори таҳкиму густариши беш аз пеши робитаҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.
Дар робита ба ҳодисаҳои ахири дар кишвари дӯст рухдода, ҳамдардии самимии Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон ба кулли мардуми бародари Эрон баён гашт.
Ҷонибҳо аз вазъи феълии муносибатҳои дуҷониба ва рушду густариши онҳо изҳори қаноат карданд.
Идомаи татбиқи мувофиқатҳои дар мулоқоти гузаштаи президентҳои давлатҳо ҳосилшуда ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва ҳалли босамари масъалаҳои марбут ба он намунаи неки ҳамкории Тоҷикистону Эрон арзёбӣ гардид.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт.
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СУЛТОН АБДУРРАҲМОН АЛ-МАРШАД
3-юми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди саудии рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масъалаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди саудии рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд.
Дар робита ба ин, ба роҳбарияти Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Фонди саудии рушд барои иқдоми ҷудо намудани 100 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии "Роғун" ва 30 миллион доллари ИМА барои амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.
Ҷалби васеи Фонд ба маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо мувофиқи мақсад дониста шуд. Изҳори итминон карда шуд, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо аз дигар имкониятҳои мавҷуда истифода карда мешаванд.
Санаи нашр: 04.07.2025 №: 131
