ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР ТАҲКИМИ ОН

09 июл 2025, Чоршанбе
14
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун муҳимтарин неъмати даврони истиқлоли давлатӣ барои кишвари мо, ки дар таърихи худ озмоишҳои душвору тақдирсозро паси сар намудааст, дорои арзиши баланд мебошад. Зеро дар оғози соҳибистиқлолӣ мамлакати мо бо дасисаи душманони дохилию хориҷӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки хисороти калони ҷонию молӣ бар ҷой гузошт. Хушбахтона, бо иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор ва якпорчагии марзу буми давлат ҳифз гардид.
Бояд гуфт, ки нақши ҳокимияти судӣ дар таъмини сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ назаррас арзёбӣ мегардад. Чунки, таъмини адолат ва қонуният ҳамчун меҳвари асосии ҷомеаи солим ва рушдёбанда ба шумор рафта, бе фаъолияти мустақил ва эътимодбахши ҳокимияти судӣ сулҳу субот, эътимоди мардум ба давлатдорӣ, ки яке аз унсурҳои ваҳдат ба шумор мераванд, наметавонад устувор боқӣ монад.
Ҳокимияти судӣ бо таҳкими низоми қонунгузорӣ ва таъмини иҷрои қонунҳо рисолати таъмини адолат ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро бар дӯш дорад. Дар Тоҷикистон баъд аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки якҷоя бо таҳдидҳои дигар, ба монанди фасод ва заъфи низоми қонунгузорӣ мушкилотро афзун мекард, фаъолияти судӣ ба як унсури ниҳоят муҳим ва ҳалкунанда табдил ёфт.
Судҳо вазифадоранд, ки нисбат ба ҳар як шаҳрванд бе табъиз ва ба таври мустақил қарор қабул кунанд, ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандонро ҳимоя намоянд. Ин амал на танҳо эътимод ба давлат ва низоми қонунгузориро баланд мебардорад, балки пайванди иҷтимоӣ, эҳсоси баробарӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳоро байни қишрҳо ва гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа тақвият мебахшад.
Пешвои муаззами миллат таъкид кардаанд: «Дар замони ҳассоси пасосулҳ адолати судӣ бояд ҳамчун пояи устувори ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа амал намояд».
Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ Тоҷикистон бояд фазои нави ҷамъиятиро бо низоми мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам меовард. Бо вуҷуди мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, қонунҳои нави миллӣ қабул шуданд, ки вазифаи ҳокимияти судиро боз ҳам тақвият доданд. Дар чунин шароит, судҳо на танҳо қонунро татбиқ карданд, балки ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, барқарории эътимод ва ҳамбастагии миллӣ мусоидат намуданд. Муҳимтарин вазифаи онҳо – ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, ки ин калиди таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Чунки, агар ҷомеа ба ҳуқуқ ва адолат бовар надошта бошад, сулҳу субот ба осонӣ халалдор мешавад.
Ваҳдати миллӣ маънои якпорчагӣ ва муттаҳидии миллат ва тамоми қишрҳои ҷомеаро дорад, ки ин ба рушди устувори ҳар соҳа – сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ таъсири мустақим мегузорад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки таҳдиду хатарҳо ба шаклҳои гуногун ва бо усулҳои мураккаб ба вуҷуд меоянд, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ вазифаи фардӣ ва умумии ҷомеа аст.
Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо рамзи сулҳу оромӣ, балки кафили рушди устувор ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон мебошад.
Бо нигоҳ ба оянда, мо бояд таваҷҷуҳи бештарро ба таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони судҳо ва тақвияти низоми қонунгузории устувор равона созем. Танҳо бо адолати комил ва бо ҷорӣ намудани принсипҳои шаффофият ва мустақилияти судӣ метавон сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун пояи воқеии зиндагии шоистаи мардум ва давлат нигоҳ дошт.
Ҳилолутдин ОРЗУМУРОДОВ,
ёрдамчии раиси Суди Олӣ
Санаи нашр: 08.07.2025 №: 132