ИДОМАИ САФАРИ ДАВЛАТИИ САДИР ЖАПАРОВ БА ТОҶИКИСТОН

10 июл 2025, Панҷшанбе
16
Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон
8-уми июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Дар Форум сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров иштирок ва дар ҳузури соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар сухан гуфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вақтҳои охир тамоюли афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Қирғизистон мушоҳида мешавад ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои иқтисодиву ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ низ рушд меёбанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки тавофуқҳои аз рӯйи музокироти имрӯза бадастомада, барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории тарафҳо, ки бар принсипҳои хамсоягии нек ва дӯстии устувор асос ёфтаанд, заминаи боэътимод мегарданд.
Изҳор гардид, ки натиҷаҳои Форум низ ба ғанигардонии муносибатҳои дуҷониба бо мазмуни нав мусоидат хоҳанд кард.
Зимни муаррифии имкониятҳои васеи сармоягузорию тиҷоратӣ ҳавасмандии Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратӣ, иқтисодию сармоягузорӣ ва фаъолсозии робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар таъкид гардид.
Вусъати робитаҳои тиҷоратию иқтисодии байни минтақаҳои ду кишвар муҳим арзёбӣ шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқтидори зиёди табиии Тоҷикистон ва фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар андеша ронда, иброз доштанд, ки дар қонунгузории мо барои ҳифзи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ имтиёзҳо ва кафолатҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.
Гуфта шуд, ки яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар ҷодаи сармоягузорӣ ин тавсеаи тиҷорат мутобиқ ба тамоюлҳои ҷаҳонии рушди «иқтисоди сабз» мебошад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон метавонанд ҳамкории судмандро дар соҳаи гидроэнергетика рушд диҳанд. Захираҳои бузурги “энергетикаи сабз”-и ҷонибҳо метавонад ба манфиатҳои на танҳо ду кишвар, балки тамоми минтақа хизмат кунанд.
Пешниҳод шуд, ки соҳибкорон ва ҷонибҳои манфиатдор дар соҳаҳои гуногуни саноат низ шарикии мутақобилан судмандро ба роҳ монанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони Форумро ба дурнамою густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту логистика, кишоварзӣ, бахшҳои молиявию бонкӣ ҷалб намуданд.
Имконоти бузурги ҷонибҳо барои якҷо пеш бурдани сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва солимгардонӣ таъкид гардид.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ҳамаи зарфияту иқтидорҳои мавҷуда бояд барои рушди иқтисоди кишварҳо ва баланд бардоштани некуаҳволии мардумони ду давлат самаранок истифода шаванд.
Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар маркази “ЭКСПО”
8-уми июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази “ЭКСПО”-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз намоишгоҳ дидан намуда, бо маҳсулоти истеҳсолкардаи ширкатҳои саноатии Тоҷикистону Қирғизистон шинос шуданд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров бо соҳибкорону намояндагони доираҳои тиҷорат ва истеҳсолкунандагони ду кишвар суҳбати самимӣ карда, онҳоро барои ба роҳ мондани робитаҳои зичи ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ ҳидоят намуданд.
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар консерти арбобони санъат бо номи “Дӯстии абадӣ”
8-уми июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукӯҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Қирғизистон бо номи “Дӯстии абадӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров иштирок намуданд.
Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад.
Консерти ҷаззоби “Дӯстии абадӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт.
Ташрифи сарварони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба бӯстонсарой
Шоми 8-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори меҳмони олимақом муҳтарам Садир Жапаров бо нишони қадршиносӣ дар фазои дӯстию бародарӣ маҳфили “Шоми дӯстӣ” барпо карданд.
Зимни сайругашти шомгоҳӣ сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз намоиши маҳсулоти тару тоза, аз қабили меваю сабзавот, дидан намуданд.
Дар роҳравҳои алоҳидаи як гӯшаи зебову дилнишини бӯстонсаро навъу намудҳои мухталифи маҳсулоти кишоварзии бо шаклу услуби хос ороёфта, ба меҳмонон пешкаш гардид.
Роҳбари кишвари ҳамсоя бо имкону захираҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин, намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат шинос шуданд.
Президенти Қирғизистон Садир Жапаров барои меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ, ки аз ҷониби Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Санаи нашр: 09.07.2025 №: 133