ИСТАРАВШАН. ШАҲРИ ҲУНАР ВА ЭҲЁИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ

10 июл 2025, Панҷшанбе
35
Шаҳри бостонии Истаравшан, ки таърихи чандҳазорсола дорад, ганҷинаи нотакрори ҳунар, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мебошад. Ин шаҳрро метавон осорхонаи зиндаи ҳунарҳои мардумӣ номид, ки ҳар гӯшаву канори он нигаҳдори анъанаҳои воло ва истеъдоди мардум аст. Ҳунар барои сокинони Истаравшан василаи рӯзгор ва оинаи ҳастии маънавӣ ва шинохти миллат мебошад.
Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар саросари кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Истаравшан, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба марҳалаи нави рушд ворид гардидааст. Ин раванд дар таъмини шуғл, тавсеаи иқтисоди маҳаллӣ ва боло бурдани худшиносии миллӣ нақши муассир дорад.
АНЪАНАЕ, КИ ЗИНДАГИСТ
Истаравшан бо ҳунарҳое чун заргарӣ, оҳангарӣ, кордгарӣ, сӯзанидӯзӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, қолинбофӣ ва шонатарошӣ шуҳрат дорад. Ҳар ҳунар аз насл ба насл интиқол ёфта, имрӯз низ бо шукӯҳи нав эҳё мегардад. Маҳз дар ҳамин замина насли ҷавон бо завқи баланд ба омӯзиши ҳунар рӯ оварда, саҳми арзандае дар идомаи ин анъанаҳои мардумӣ мегузоранд. Истаравшан имрӯз ба макони рӯнамоии ҳунарҳои суннатии тоҷикӣ табдил ёфтааст. Расму оинҳои қадимӣ, либоспӯшии миллӣ ва ҳунарҳои нодир, ки муаррифгари фарҳанги тоҷикон мебошанд, пайваста дар маҳфилу намоишгоҳҳои гуногун муаррифӣ мешаванд.
КОЛЛЕҶИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ – МАКОНИ ОМӮЗИШ ВА МАНБАИ АСОСИИ ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ
10-уми августи соли 2022, бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ба фаъолият оғоз кард. Омӯзгорони варзида ва устодони соҳибтаҷриба ба донишҷӯён нозукиҳои тарроҳии либоси миллӣ, заргарӣ, кандакорӣ, наққошӣ, хаттотӣ, гаҷкорӣ ва дигар ҳунарҳоро меомӯзонанд.
Аз рӯзҳои аввал то имрӯз, донишҷӯёни ин муассиса дар даҳҳо намоишгоҳу озмунҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори мукофоти зиёд гардидаанд. Ин нишон медиҳад, ки Коллеҷ макони омӯзиш ва манбаи асосии эҳёи ҳунарҳои миллӣ мебошад.
ШАҲРЕ БО НОМИ ҲУНАР
Ҳатто номгузории кӯчаву деҳаҳои Истаравшан бозгӯи таърихи ғании ҳунарии ин минтақа мебошад. Номҳое чун Заргарон, Кулолон, Кордгарон, Дегрезӣ, Мехчагарон, Осиётарошон, дар баробари номи маҳал будан, ҳикояи зиндаи ҳунармандӣ ҳастанд. Дар ин мавзеъҳо аз даврони пеш устоҳо мактаби нодири ҳунариро таъсис дода, онро бо муҳаббат ва меҳнати ҳалол ба наслҳои нав интиқол додаанд.
Имрӯз дар Истаравшан 164 намуди ҳунари мардумӣ эҳё шудааст. Маҳсули заҳмату меҳри ҳунармандон бозорҳои дохилиро зеб медиҳад ва ба кишварҳои хориҷӣ низ содир мешавад.
ҚАЛЪАИ МУҒ – МАРКАЗИ НАВИНИ ҲУНАРМАНДОН
Бино ба маълумоти пешниҳоднамудаи мудири бахши рушди сайёҳӣ Қаюмҷон Шодиев, Қалъаи Муғ маркази навини ҳунармандон гаштааст. Тибқи қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 6-уми майи соли 2024, барои 49 ҳунарманд дар Маҷмааи ёдгорӣ-таърихии Қалъаи Муғ макони махсус барои фаъолият ҷудо гардид. Ин ҳунармандон дар растаҳои махсуси тибқи лоиҳаи меъморӣ ҷойгиршуда, маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро ба намоишу фурӯш мегузоранд. Дар оянда 20 ҳунарманди дигар низ дар ин мавзеъ ҷойгир хоҳад шуд. Ин иқдом яке аз равишҳои муассири дастгирии ҳунармандон ва муаррифии фарҳанги миллӣ ба меҳмонони дохилию хориҷӣ мебошад.
Соли гузашта дар шаҳри Истаравшан Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ – “Озар” баргузор гашт, ки дар он Истаравшан расман бо Сертификати “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” қадрдонӣ шуд.
Бо пешниҳоди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, номзадии Истаравшан ба узвияти Шурои ҷаҳонӣ оид ба ҳунармандӣ (World Crafts Council) пешниҳод гардид. Дар сурати пазируфта шудан, Истаравшан ҳамчун яке аз шаҳрҳои расмии ҳунармандӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта мешавад. Ин иқдом, бешубҳа, омили муҳиме дар ҷалби сармоягузорӣ, рушди туризм ва боло бурдани нуфузи фарҳанги миллии тоҷикон хоҳад буд.
Имрӯз Истаравшан намунаи зиндаи пайванди таърих, фарҳанг ва ҳунар бо ҳаёти имрӯза аст, ки пояи фарҳанги миллӣ ва худшиносии миллатро устувор мегардонад, зеро ҳунар ифтихор ва сарвати бебаҳои миллат аст.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.07.2025 №: 133