БОЗДИДИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲО АЗ БӮСТОНСАРОЙИ БЕРУНАЗШАҲРӢ
9-уми июл дар идомаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз мавзеъҳои зебову дилфиреби қароргоҳи беруназшаҳрии “Такоб” сурат гирифт.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба меҳмони олиқадр муҳтарам Садир Жапаров як гӯшаи сарзамини бостонӣ ва мавзеъҳои дилфиреби сайёҳии кишварро муаррифӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашт дар мавзеи хушбоду ҳавои Такоб муаррифии меҳмоннавозии тоҷикона ва шиносоӣ бо табиати сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад.
Сарварони давлатҳо ва раиси шаҳри Душанбе дар мавзеъҳои зебо суҳбати озоди дӯстона доир намуданд.
АНҶОМИ САФАРИ ДАВЛАТИИ САДИР ЖАПАРОВ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
9-уми июл сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ки тайи ду рӯз дар Тоҷикистон идома дошт, ба анҷом расид.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо нишони эҳтироми хоса меҳмони олиқадрро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.
Ба хотири гусели меҳмони олимақом саҳни Фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ ва аксҳои сарварони ду давлат идона оро ёфта буд.
Барои гусел роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тараф саф оростанд.
Санаи нашр: 10.07.2025 №: 134
