ҶАВОНОН. ВАҚТЕ ПРЕЗИДЕНТ БА НАСЛИ ОЯНДАСОЗ ЭЪТИМОД ДОРАНД...

10 июл 2025, Панҷшанбе
25
Ҳанӯз моҳи майи соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” изҳор дошта буданд: “Имрӯз гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо ҷомеаҳои радикалии динӣ, миллатгаро ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятӣ муттаҳид шуда, хусумат ва зӯроварӣ, хунрезӣ ва низоъҳои динӣ, конфессионалӣ, қавмӣ ва ҳатто зиддияти байни тамаддунҳоро таҳрик мекунанд”.
Пешвои миллат бо нигаронӣ таъкид доштанд, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалби шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Дар ин росто, тарбияи миллӣ мавқеъ ва нақши муҳим дорад. Зеро ҳувияти фарҳангии қисме аз ҷавонону наврасон дар вазъияти ҳассос ва зери таъсири ғояҳои бегона қарор дошта, бо ин далел гирифтори хурофотпарастӣ, костагии эътиқод мегарданд. Мо бояд ба умқи суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем, ки таъкид кардаанд: "Агар мо имрӯз насли дорои ахлоқи ҳамида ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти сангини иҷтимоию фарҳангӣ дучор меояд".
Илова бар ин, Пешвои миллат ҷавононро ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор баҳо дода, таъкид менамоянд, ки ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад. Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28-уми декабри соли 2024) таъкид доштанд, ки ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд, ки бояд ин ҳидоятҳои фардосози Сарвари давлат ҳамеша дар зеҳну шуури ҷавонон ба кор гирифта шаванд.
Моёншо МАҲМАДБЕКЗОДА, директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, доктори илмҳои сиёсӣ
Санаи нашр: 10.07.2025 №: 134