ХУРРАМДЕҲ. ВАҚТЕ ДИЛИ МАРДУМ ТАБЛИ ШОДӢ МЕЗАНАД...
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар деҳоти шаҳри Ваҳдат низ корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат ёфтаанд. Аз ҷумла, сокинони Хуррамдеҳи деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳр дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба корҳои ободонии деҳа камари ҳиммат бастаанд.
Сокинони деҳа бо роҳбарии соҳибкори маҳаллӣ, ҷавони кордон Шуҳрати Амиршо барои ободии зодгоҳи худ даст ба кор шудаанд. Аввалин коре, ки онҳо анҷом доданд, ин таъмиру азнавсозии майдони калон ва майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-уми шаҳри Ваҳдат ба номи Боймурод Алиев мебошад.
Масоҳати умумии майдони калони варзишӣ бештар аз 50 садяк заминро ташкил намуда, бо дарозии 96 ва паҳноии 56 метр мутобиқ ба талаботи стандартҳои муосир бунёд гардидааст. Майдончаи варзишӣ бошад, бо дарозии 44 ва паҳнои 24 метр сохта шудааст. Ин майдонҳо барои бозии футбол, баскетбол, волейбол ва обутоби бадан пешбинӣ шудаанд.
Тавре сокинони деҳа изҳор намуданд, дар гузашта онҳо воқеан ба чунин ҷойҳои варзишию истироҳатӣ ниёз доштанд. Ҳоло, ба истифода додани чунин иншооти фароғатию варзишӣ боиси хушҳолии хурду калони деҳа гардид.
Ғайр аз ин, тирезаҳои бинои асосии муассисаро азнав таъмиркарда, ҳавлии атрофи онро бо панҷараҳои пурнақшу нигор дар масоҳати 340 метр оро доданд.
Тибқи маълумоти ба мо дастрас, арзиши умумии лоиҳа 730 ҳазор сомониро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ бо саҳмгузории сокинон ва ҷалби 20 устои моҳир анҷом ёфтааст.
Феълан дар Хуррамдеҳ 2 иншооти варзишӣ ба истифода дода шудааст, ки ҷавонону наврасон аз он самаранок истифода мебаранд. Иншооти мазкур барои бозиҳои гуногуни варзишӣ мутобиқ гардонда шудаанд.
Шуҳрати Амиршо иброз дошт, ки иншооти варзишӣ ва корҳои ободонӣ дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин ободкориҳо охири кор набуда, қарор аст, рӯзҳои наздик сокинон дар якҷоягӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ ба мумфарш кардани кӯчаҳои деҳа шуруъ кунанд.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.07.2025 №: 134
