ЗАФАРОБОД. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ДУРАХШОНТАР МЕШАВАД

10 июл 2025, Панҷшанбе
37
Дар замони рушди босуръати илму техника омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ҳамчун заминаи асосии неруи зеҳнии миллат аҳамияти аввалиндараҷа касб намудааст.
Дар иртибот ба ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020–2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намуданд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2020, №427, нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 таҳия шуд, ки он ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ дар рушди соҳаи маориф нақши муҳиму муассир мебозад.
Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод низ дар доираи ин санади муҳими давлатӣ бо ҳамкории муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои мушаххасу амалиро рӯи даст гирифтааст.
ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ МОДДИЮ ТЕХНИКӢ – ЗАМИНАИ УСТУВОРИ ПЕШРАВӢ
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва фароҳамсозии шароити зарурӣ барои омӯзиши самараноки фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ, дар ноҳия ҳанӯз соли 2021 иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ барои солҳои 2021-2025 оғоз гардид.
Тибқи иттилои масъулон, соли равон таъсиси 18 кабинет ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 8 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳи муҷаҳҳаз ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Илова бар ин, Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи маориф барои татбиқи босамари усулҳои муосири таълим нақшаи чорабиниҳои махсусро таҳия намуд.
ОМӮЗГОРИ БОМАҲОРАТ – МЕҲВАРИ СИФАТИ ТАЪЛИМ
Дар ҳоли ҳозир дар 25 муассисаи таълимии ноҳия фанни технология дар синфҳои 5 - 11 омӯзонда мешавад. Шумораи синфхонаҳои компютерӣ ба 30-то расида, дар онҳо 31 омӯзгор, аз ҷумла 25 нафар бо маълумоти олии соҳаи информатика ва 6 нафар ғайриихтисос, таълим медиҳад. Албатта, барои пурра таъмин намудани синфхонаҳои компютер бо мутахассисони соҳибмаълумот тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, танҳо дар шаш моҳи аввали соли равон, 36 омӯзгори фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҷалб гардид.
Тавре маълум аст, маҳфилҳо василаи муҳими дарёфт ва рушди истеъдодҳо мебошанд. Бо назардошти ин, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Зафаробод маҳфилҳои “Математикони ҷавон”, “Физикони ҷавон”, “Химикони ҷавон”, “Ихтироъкорони ҷавон” ва “Барномасозони ҷавон” таъсис ёфта, ҳатто, дар мавсими таътили тобистона низ фаъолият доранд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Раҳмон Қодирӣ аз сиёсати давлатии дастгирии истеъдодҳо ва ҳавасмандсозии ҷавонон ёдовар шуда, чунин зикр намуд: “Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар муассисаҳои таълимии №1 ва №13 баргузор гардид. Дар он 183 нафар аз рӯи 8 номинатсия ширкат варзида, 59 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Бешубҳа, бо роҳандозии чунин иқдомҳои созанда, муҳайё намудани заминаҳои моддию техникӣ ва омодагии кадрӣ соҳаи маориф дар ноҳия беш аз пеш рушд меёбад ва неруи зеҳнии насли наврас ба самти созандагиву ихтироъкорӣ равона мешавад. Бовар дорем, дар ояндаи наздик натиҷаҳои боз ҳам назаррас ба даст хоҳанд омад ва макотиби ноҳияи Зафаробод ба як такягоҳи муътамад барои рушди илм, техника ва тараққиёти миллӣ табдил меёбад.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.07.2025 №: 134