ҒУРКАНД. ЧЕҲРАИ РАШТИ БОСТОН ДАР СИМОИ ЯК ҶАМОАТ

10 июл 2025, Панҷшанбе
16


– Ҷамоати деҳоти мо дар даромадгоҳи ноҳияи Рашт ҷойгир буда, аз 20 деҳа иборат аст. Тибқи маълумоти баъзе манбаъҳо, замоне маркази Рошт ё Каратакин – шаҳри Ғурканд дар ҳамин мавзеъ мавқеъ доштааст ва маҳз маркази он – деҳаи Қалъаи Сурх қалъаи шоҳнишину мирнишин будааст, – иброз дошт Дилшод Маҳмадов, раиси Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх, дар оғози суҳбат бо хабарнигори рӯзнома.
Ӯ афзуд, дастовардҳое, ки тайи солҳои охир бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони деҳоти мо ба даст овардаанд, назир надоранд. Чор маротиба Пешвои миллат аз деҳоти мо дидан намуда, мардумро ба ободкорӣ ҳидоят карданд. Ҳамаи гӯшаву канори он симои шаҳракро касб намудааст. Беҳуда онро “дарвозаи ноҳия” намегӯянд. Он симои тамоми ноҳияи Раштро дар худ таҷассум карда, ба меҳмонон муаррифӣ месозад.
Суханҳои Дилшод Маҳмадов ҳайати эҷодии моро водор кард, ки озими деҳоти Қалъаи Сурх шуда, бо дастовардҳои сокинони он аз наздик ошно шаванд.
Воқеан ҳам, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ дар деҳоти мазкур таваҷҷуҳи ҳар касро ба худ ҷалб мекунад. Дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 64 иншоот дар нақша аст. То имрӯз 38 иншоот ба истифода дода шуда, дар 26 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён доранд.
Ба гуфтаи Дилшод Маҳмадов, дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 10 километр роҳи байни деҳаҳо асфалтпӯш гардида, ин иқдом дар деҳаҳои Катдара, Шулонак, Баҳористон ва Кӯлоба низ идома дорад.
– Боиси қаноатмандист, ки соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ ба бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд, ки ин ба таъмини ҷойи кори доимӣ барои сокинони деҳот мусоидат мекунад, – гуфт раиси Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх ва афзуд, ки ҳоло дар ҳудуди деҳот 5 корхонаи истеҳсоли хишти сементӣ, корхонаҳои истеҳсоли хишти лойӣ, сафолаку лӯласозӣ, қаннодӣ, дуредгарӣ, ду корхонаи дӯзандагӣ ва гармхонаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ фаъолият мекунанд. Сохтмони корхонаи шарбатбарорӣ дар арафаи анҷомёбист.
Соҳибкорони маҳаллӣ дар баробари корҳои созандагию бунёдкорӣ ба масъалаи дастгирии ниёзмандон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мекунанд. Имсол дар арафаи идҳои Рамазону Қурбон аз тарафи шахсони саховатпеша ба маблағи 259575 сомонӣ ба оилаҳои ниёзманд, аз ҷумла 28 оилаи маъюбдошта ва 30 оилаи бесарпаноҳ, ёрии молию моддӣ расонда шуд.
Деҳоти Қалъаи Сурх дорои заминҳои зиёд мебошад. Дар ҳолати ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани онҳо метавон масоҳати майдонҳои киштбобро дучанд афзуд. Ба ҳамин хотир, дар ин ҷода ҳамвора корҳои судманд мавриди амал қарор дода мешаванд. Аз ҷумла, имсол дар мавзеи Қамбариён бо бунёди пойгоҳи обкашӣ 300 гектар замин обёрӣ гардида, таъмири канали Камчароғ ба нақша гирифта шудааст, ки дар сурати ба истифода додани он беш аз 100 гектар замини дигар обёрӣ мешавад. Соли сипаришуда беш аз 10 чоҳи амудӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
– Ҳамин тавр, дастовардҳои сокинони деҳоти мо хеле зиёданд. Соҳибкорони деҳот боз ба нақша гирифтанд, ки дар деҳаҳои Истиқлол, Шулонак ва Баҳористон пойгоҳҳои обкашӣ, дар деҳаи Истиқлол ҳавзи моҳипарварӣ, дар шафати шоҳроҳи поёни деҳаи Шулонак нуқтаҳои шустушӯи нақлиёт, дорухона, мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, инчунин, дар деҳаи Навдонак мағозаи фурӯши маводҳои хӯрока бунёд намоянд. Мо имсол бинои нави дастгоҳи Ҷамоати деҳотро бо системаи ягонаи гармидиҳӣ таъмин хоҳем кард.
Мушкили асосие, ки ҳоло мавриди нигаронӣ қарор дорад, набудани мошини партовкашонӣ мебошад. Деҳоти мо дар шафати шоҳроҳ қарор дорад. Дарозии он дар шафати роҳ 18 километрро ташкил медиҳад. Агар роҳбарияти ноҳия дастгирӣ кунаду як басти вазифавӣ дар назди Ҷамоат таъсис диҳад, мо бо ҷалби соҳибкорон метавонем, ки мошини партовкашонӣ харидорӣ намоему шоҳроҳи ҳудуди деҳотро, ки аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ дорад, пайваста тозаю озода нигоҳ дорем, – гуфт дар фарҷоми суҳбат Дилшод Маҳмадов.

Худодод ЗАЙНИДДИН,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 10.07.2025 №: 134