САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
![]()
11-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт.
Дар фурудгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ Сарвари давлатро сокинон, намояндагони касбу кори гуногун ҳамчун рамзи эҳтирому эътимод ба фарзанди фарзонаи миллат гарму самимӣ истиқбол намуданд. Ба муносибати ташрифи меҳмони олимақом – Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аҳли фарҳангу ҳунари ноҳия барномаи мукаммали театркунондашударо, ки тараннумгари таъриху фарҳанг, ватандорӣ ва сулҳу суботи комил аст, пешниҳод гардонданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳар як сафари Президенти кишвар ба ин ва ё он гӯшаи диёр пайки шодию нишот, оғози марҳалаи нави бунёдкорӣ ва беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мардум мегардад.
Ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Гулназар Келдӣ
11-уми июл сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт.
Иншоот барои истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтиром нисбат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат сохта шудааст. Гулгашти Гулназар Келдӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ – хиёбони Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доман густурда, масоҳати он бо назардошти иншооти ёрирасон 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншооти фарҳангию фароғатӣ бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозии муосир ва баҳри фароғати сокинону меҳмонон бунёд ёфтааст.
Саҳн ва атрофи он бо гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ зебо ва чароғон аст. Суҳбаткадаҳо, айвонча ва дигар инфрасохтори зарурӣ қисмҳои иловагии иншоот буда, доман густурдани он ба ҳусни маркази ноҳияи Айнӣ зебоии дигар зам менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта, ба дастандаркорон барои тасвири шоистаи шоир дар муҷассама баҳои баланд доданд.
Таъкид шуд, ки дар оянда ин макони сайру саёҳат ҳамчун маркази баргузории чорабиниҳои адабию фарҳангӣ низ ба мардум хизмат хоҳад кард. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, нақши Гулназар Келдиро ҳамчун шоири ватансаро дар тарбияи маънавии мардум неку муассир арзёбӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки устод Гулназар Келдӣ муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз шахсиятҳоест, ки офаридаҳояш барои наслҳои имрӯзу оянда ҳамчун ганҷинаи адабиёти муосири тоҷик хизмат хоҳанд кард.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Гулистон”
11-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистон бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №6-и "Гулистон"-ро, ки дар заминаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 фаъолият дошт, ба истифода доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти соҳаи маориф бо назардошти зиёд гардидани талабот ба зинаи аввали таҳсилот сохта шуда, барои 120 кӯдак дар 4 гурӯҳ пешбинӣ мегардад. Ҳоло дар он 80 нафар ба таълим фаро гирифта шудааст. Дар ин ҷо 18 мураббӣ ба кор ҷалб гардида, ҳамаи онҳо соҳибтаҷриба мебошанд. Корҳои бунёдӣ дар кӯдакистон соли 2025 оғоз ёфта, он дар муҳлати муайяншуда, аз ҷониби коргарони ҶДММ «Сайҳун»-и Хуҷанд бо сифати баланди меъморӣ мавриди истифода қарор гирифт. Масоҳати кӯдакистон бо назардошти иншооти ёрирасон 410 метри мураббаъ буда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Қобили зикр аст, ки деҳаи Сангистон аз маҳаллаҳои калон аст ва бо назардошти афзудани шумораи аҳолӣ талабот ба иншооти таълимии томактабӣ зиёд мегардад. Ҳоло дар кӯдакистон барои гузарондани машғулиятҳо тамоми имкониятҳо муҳайё буда, он бо аёниятҳо ва адабиётҳои бачагона таъмин шудааст ва ҳуҷраҳои хоби кӯдакон, ошхона, толори мусиқӣ ва роҳравҳои боғча бо расмҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ ҳаккокӣ гаштаанд.
Сарвари давлат, зимни суҳбат бо намояндагони соҳаи маорифи ноҳия, бо таваҷҷуҳ ба рушди фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, таъкид сохтанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ҳар як омӯзгорро зарур аст, масъулияти баланд ҳис намоянд ва дар тарбияи насли наврасу ҷавон саҳми муносиб гузоранд. Дар навбати худ, аҳли маорифи ноҳияи Айнӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамешагиашон изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки минбаъд низ содиқонаву софдилона фаъолият намуда, дар пешрафти кишвар ҳиссагузор хоҳанд буд.
Ба истифода додани хатти оби нӯшоӣ
11-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистон хатти оби нӯшоиро, ки барои 500 оила пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Барои захираи оби тоза ва таъмини доимии мардум дар ҳамаи фаслҳои сол ҳавзи нигоҳдорӣ бо ғунҷоиши 100 метри мукааб бунёд шудааст, ки барои сокинони деҳа туҳфаи арзанда дониста мешавад. Хатти оби ошомиданӣ аз тариқи чоҳи амудӣ аз умқи 35 метр ба воситаи обкашҳои махсуси барқӣ бароварда шуда, ба минтақаҳои аҳолинишин, ки дуртар аз саргаҳи он қарор доранд, дастрас гардид. Лоиҳаи кашидани хатти оби нӯшоӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқ шуда, амалишавии он қадами устувор дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда мебошад. Бунёди иншоот моҳи майи соли равон оғоз ёфта, дар муҳлати муайян ва бо сифати баланд ба анҷом расид. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ беш аз 30 мутахассиси маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин буд.
Мавриди зикр аст, ки деҳаи Сангистон аз минтақаҳои сераҳолии ноҳияи Айнӣ ба шумор меравад ва марҳалаи рушду пешрафти он солҳои соҳибистиқлолӣ дониста мешавад. Ҳоло шумораи аҳолии ин деҳот, тибқи нишондодҳои оморӣ, ба ҳолати моҳи январи соли 2025 ба беш аз 2 ҳазору 475 кас мерасад. Аз сабаби афзоиши шумораи аҳолӣ, дар деҳаи Сангистон талабот ба оби тозаи ошомиданӣ зиёд ва аз ин ҳисоб маҳдудият ҷорӣ гардида буд. Акнун, бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти оби нӯшоӣ, сокинони деҳа шабонарӯзӣ бо неъмати табиӣ таъмин шуданд.
Иқдоми мазкур дар доираи пешниҳоди ҷаҳонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масоили обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” амалӣ гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастандаркорон барои ҳамраъйии онҳо дар амалишаваии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуда, иҷрои ин амали хайрро намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд. Сокинони деҳаи Сангистон ба Сарвару роҳнамои худ барои ғамхории пайвастаашон изҳори сипос карда, баҳри саҳмгузорӣ дар ободӣ ва гулгулшукуфоии Ватан омодагии худро таъкид намуданд.
Барои таъмини инфрасохтор 6 километр роҳи деҳа, ки маркази ноҳияро бо деҳаи Сангистон мепайвандад, мумфарш гашта, баҳри ҳаракати бемамонияти нақлиёт шароити муносиб фароҳам оварда шуд. Роҳи мазкур бо назардошти талаботи муосири роҳсозӣ бунёд ёфта, чароғон гардидааст. Сарвари давлат саҳми назарраси сокинону шахсони ҳимматбаланди деҳаро дар ин ободониҳо намунаи ибрат хонданд.
Маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар корхонаи
ҶСК «Паҳндара Майнинг»
11-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ ба тариқи видеоӣ ба корҳои сохтмонии корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Паҳндара Майнинг» оғоз бахшиданд.
Нахуст, ба Президенти кишвар лоиҳаи бунёди корхонаи ҶСК "Паҳндара Майнинг"-ро муаррифӣ карданд. Иттилоъ дода шуд, ки корхона давоми чор сол ба корҳои омӯзишию геологӣ дар зуҳуроти сурмаи Паҳндара машғул буда, тайи ин муддат дар майдони зиёда аз 600 гектар корҳоро ба роҳ мондааст. Корҳои пармагарӣ бошад, ба андозаи аз 20 ҳазор метр ва дигар чораҳои омӯзишию геологӣ иҷро гардидаанд.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи бунёдшаванда аз якчанд марҳалаҳо, аз ҷумла тахту ҳамвор кардани талу теппаҳо барои пешбурди корҳои сохтмонӣ, бунёди иншооти истеҳсоливу маъмурӣ, ба мисли коргоҳҳои ғанигардонии маъдан, истеҳсоли сурма, осиёб, коркарди регу шағал, бетоншурӣ, анборҳои нигоҳдории қисмҳои эҳтиётӣ, ашёи хому резашуда, ҳавз барои захираи об, бинои озмоишгоҳ ва дигар иншооти истеҳсоливу ёрирасони истихроҷ ва коркарди сурма иборат аст. Ҷараёни сохтмон зери назорати мутахассисону меъморони сатҳи ҷаҳонӣ қарор дорад. Корхона, ҳамчунин, дорои биноҳои муосири маъмурӣ ва хобгоҳу ошхона барои 300 коргар мебошад.
Барои муҳайёсозии инфрасохтори зарурӣ баҳри оғози корҳои сохтмонию истеҳсолӣ тадбирҳои зиёд амалӣ шуданд. Аз зеристгоҳи барқии деҳаи Майхура то корхона дар масофаи 22 км кашидани хатти баландшиддати барқии 110-кВт-а, сохтмони зеристгоҳи барқии баландшиддати 110-кВт-а барои таъмини корхона бо неруи барқи доимӣ, дар масофаи 33 километр сохтмони роҳи мошингард аз деҳаи Анзоб то ҳудуди корхона, кашидани лӯлаи об ба масофаи зиёда аз 6 км аз ҷумлаи чунин тадбирҳоеанд, ки дар доираи лоиҳаи бунёди корхонаи ҶСК "Паҳндара Майнинг" анҷом дода мешаванд.
Қобили зикр аст, ки корхонаи сохташаванда дар баландии 2700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, минтақаи истихроҷии кон бошад, дар баландии 3000 метр қарор дорад, ки дар он корҳои истихроҷӣ бо усули кушода ва шахтавӣ сурат мегирад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол аз ҳисоби истихроҷи маъдан зиёда аз 150 ҳазор тонна, ҳаҷми истеҳсоли консентрати сурма то 50 ҳазор тонна бо таркиби то 35 фоиз сурма ва иқтидори солонаи корхонаи истеҳсоли маъдани сурма то 5 ҳазор тонна маҳсулоти тайёр пешбинӣ мегардад.
Дар оғози сохтмон барои амалишавии лоиҳа зиёда аз 60 техникаю механизмҳои махсусу дигар навъи воситаҳои нақлиёт ва 300 мутахассиси дохилию хориҷӣ ба ин ҷо сафарбар шудаанд. Тибқи иттилои масъулон, марҳалаи ба кор даровардан ва оғози истеҳсолот дар соли 2027 ба нақша гирифта шуда, дар сурати ба фаъолият пардохтани он, 400 нафар бо кори доимӣ таъмин мешавад. То имрӯз корхона дар ҳамкорӣ бо ширкати бритониёии «Микон Интернэшнл» тадбирҳои пармагарӣ ва геологиро анҷом дода, ба захираҳои кон дар се қитъа: шимолӣ, асосӣ ва маъданӣ баҳои баланд додаанд. Дар ин замина, бо мақсади муайян намудани иқтидор ва сифати ашёи хом, Ҷамъият намунаҳои маҳакҳои сурмаро ба озмоишгоҳҳои машҳури байналмилалӣ дар хориҷи кишвар ирсол намудааст, ки, тибқи хулосаҳои коршиносони соҳаи кӯҳкорӣ, сурмаи дар ин ҷо кашфшуда пурра саноатӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъият аз корҳои то ба имрӯз анҷомёфта изҳори қаноат карданд. Бояд гуфт, ки бо назардошти фаровонии маҳсулоти ашёи хом ва истифодаи захираҳои ғании табиии Тоҷикистон, роҳбарияти Ҷамъият дар асоси ҳадафҳои Ҳукумати кишвар доир ба рушди соҳаи саноат ва татбиқи барномаҳои давлатӣ, бунёди корхонаи коркарди сурмаи ҶСК «Паҳндара Майнинг»-ро рӯи даст гирифт.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди корхонаи мазкур, ба масъулон барои анҷоми босифати корҳои созандагӣ ва таъмини инфрасохтор, ки дар ин баробар бошандагони деҳаҳои ҳаммарз аз он бархӯрдор мегарданд, дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамин гуна, татбиқи лоиҳаи мазкур боз як қадами устувор дар рушди соҳаи саноати кишвар ва афзун намудани иқтидори истеҳсоли саноатии Тоҷикистон буда, дар маҷмуъ, ба пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ таъсири муассир мерасонад. Афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ тавассути содироти сурма ва ба буҷет ворид гардидани маблағҳо аз ҳисоби пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳо, рушди инфрасохтор, бахусус сохтмони роҳҳо, хатҳои интиқоли барқ, обтаъминкунӣ ва иншооти таъиноти иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати мутахассисон, густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва тадқиқотии кишварҳои пешрафта дар соҳаи кӯҳӣ ва муҳандисӣ, аз бартариятҳои амалишавии лоиҳа дониста мешавад.
Паймонкори генералии татбиқи лоиҳа ширкати HKSkyline Development Limited мебошад, ки таҷрибаи зиёди таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои саноатӣ, аз ҷумла коркарди сурмаро дар кишварҳои Шарқи Миёна, Аврупо ва Осиё дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди корхонаро қадами устувор дар роҳи расидан ба ҳадафҳои Ҳукумат дар самти саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ карда, барои ин иқдом ба ташаббускорон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар навбати худ, дастандаркорон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамешагии бахши хусусӣ сипос гуфта, ваъда доданд, ки барои рушд ва пешрафти кишвар саҳм мегузоранд.
Ифтитоҳи се корхонаи саноатӣ
11-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ барои сохтмони як қатор иншооти таъиноташон гуногун, ки дар доираи истиқбол аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рӯи даст гирифта шудааст, оғоз бахшида, 3 корхонаи саноатиро мавриди истифода қарор доданд.
Ҳамчунин, дар ин маросим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва шаш кӯдакистон, ки дар деҳаҳои Зоосун, Хайробод, Ваҳдатобод, Каздон, Анзоб ва Фондарё ҷойгиранд, оғозӣ расмӣ бахшиданд. Корхонаи муштараки маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “АРБ Минералс групп”, аз ҷумлаи онҳо буда, самти фаъолияташ ба коркарди сурма бо истифодаи «технологияи сабз» ва масрафи ками неруи барқ равона шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона бо сармоягузории муштараки ватанию хориҷӣ бо назардошти ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар самти саноатикунонии босуръати кишвар рӯи даст гирифта шуда, дар марҳалаи аввал 35 нафар бо кор ва маоши баланд таъмин мегардад. Иқтидори коркарди сурма дар як шабонарӯз дар марҳалаи аввал истеҳсоли 10 тонна маҳсулоти ниҳоиро ташкил дода, дар марҳалаи дуюм истеҳсоли 100 тонна дар як рӯз пешбинӣ мешавад. Ҳамчунин, дар оянда маъданҳои қиматбаҳо, ба мисоли тилло, симоб ва амсоли ин, коркард хоҳанд шуд. Тамоми техникаю технологияҳои насбшуда истеҳсоли насли нав буда, аз лиҳози сарфаи неруи барқ каммасраф мебошанд ва иқтидори истеҳсолии зиёд доранд. Маҳсулоти триоксиди 63 % ва сурмаи металлии 99,65 % стандарти байналмилалӣ бо иловаи барқароркунии металлҳои ҳамроҳ, аз қабили тилло ва симоб, ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, ҶДММ “АРБ Минералс групп” коркарди маъданро дар се зина, яъне ғанисозии ибтидоӣ, табдил ба триоксиди сурма, гудозиш ва истеҳсоли сурмаи соф, амалӣ мекунад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо ҷараёни фаъолияти корхона, ба ҳиммати ҷавонмардонаи ташаббускорон баҳои баланд дода, ифтитоҳи иншооти саноатиро дастоварди навбатӣ дар ин самт арзёбӣ намуданд.
Ташаббускорон дар навбати худ, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии соҳибкорон изҳори миннатдорӣ намуда, дар оянда барои саҳмгузорӣ дар гулгулшукуфии Ватан изҳори омодагӣ карданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти ду корхонаи дигари саноатӣ: ҶСК «Ангишти Тахт» ва марҳалаи дуюми корхонаи ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” оғоз бахшиданд. Корхонаи ҶСП «Ангишти Тахт», ки дар деҳоти Фондарё ҷойгир аст, бо назардошти талаботи муосир бунёд ёфта, самти фаъолияти он коркарди ангишт ба шумор меравад.
Ташкили корхонаи мазкур бо мақсади истифодаи захираҳои бойи табиии Тоҷикистон роҳандозӣ гашта, иқтидори истихроҷи ангишт 90 ҳазор тонна дар як сол пешбинӣ мегардад ва корҳои омӯзишию геологӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ ба сомон мерасад. Дар корхонаи мазкур озмоишгоҳи замонавӣ бо таҷҳизоти насли нав мавҷуд буда, сифати ангишт, намнокӣ, гармидиҳӣ, хокистарнокӣ ва сулфури ангиштро муайян менамояд, ки аз бартариятҳои кони ангиши ҶСК «Ангишти Тахт» ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, дар озмоишгоҳи корхона ҳар як маҳсулоти ба фурӯш гузошташуда аз ташхис гузаронда мешавад. Бояд таззакур дод, ки барои истихроҷи ангишт 70 техника ва таҷҳизоти муосири соҳавӣ ҷалб ва 250 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, ба ташаббускорон барои ҳамоҳангӣ ва дастгирии иқдомҳои Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуданд. Самти фаъолияти марҳалаи дуюми корхонаи ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ мебошад. Сохтмони марҳалаи дуюми корхона соли 2024 оғоз ёфта, дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд ба анҷом расид. Масоҳати корхона 6 ҳазору 500 метри мураббаъ буда, иқтидори истеҳсолу коркарди консентрати тилло 4 ҳазору 500 тоннаро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад. Дар коргоҳ ҳуҷраи махсуси назоратӣ мавҷуд буда, аксарияти корҳои истеҳсолӣ ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло баъди ба истифода қарор додани коргоҳи мазкур 300 нафар бо кор таъмин гашта, ҳамаи онҳо пеш аз оғози кор аз курсҳои бозомӯзӣ бо ҷалби мутахассиони ҳирфавии геологӣ гузаронда мешаванд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи чунин корхонаи бузургро дар самти дастёбӣ ба ҳадафҳои Ҳукумати кишвар доир ба саноатикунонӣ неку муассир арзёбӣ карданд. Гуфта шуд, ки дар корхона аксаран мутахассисони маҳаллӣ фаъолият менамоянд. Аксари корҳои сомонёфта дар корхонаи мазкур, аз ҷумла истихроҷи маъдан ва дастрасии ашёи хом, ки дар релйефҳои номусоид амалӣ мешаванд, аз ҷониби мутахассисону геологҳои ватанӣ анҷом дода мешаванд, ки яке аз дастовардҳои ин коргоҳ ба шумор меравад. Тибқи маълумот, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои нав 595 кас бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, сифати маҳсулот ва ҷалби мутахассисони ватанӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ, ҳамчунин, шаш муассисаи томактабӣ ва ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро ифтитоҳ намуданд. Муассисаи таҳсилоти томактабии «Парасту»-и деҳаи Зоосун бо фарогирии 80 кӯдак дар доираи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва дастгирии соҳибкорони деҳа бо назардошти 3520 нафар аҳолии деҳа бунёд ёфт.
Иттилоъ дода шуд, ки Муассиса аз ҳисоби буҷети ноҳия бо рахти хоб, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гардид. Муассисаи таҳсилоти томактабии №8-и деҳаи Каздони деҳоти Шамтуч, ки «Дурахшон» номгузорӣ шудааст, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат бо мусоидати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо маблағгузории аҳолии деҳа дар заминаи навсозии бинои қаблии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 мавриди истифода қарор гирифт.
Муассиса аз 8 ҳуҷра, толор ва ошхона иборат буда, дорои шароити мусоид буда, тибқи лоиҳа, барои 80 нафар пешбинӣ шудааст. Ороиши бино ва саҳну майдони бозӣ бо сифати баланд анҷом ёфта, рахти хоб, мизу курсӣ ва аёнияту ашёи фароғату таълимро мувофиқи завқи кӯдакону наврасон фароҳам овардаанд. Иншоот бо тарҳи зебо ва замонавӣ қомат афрохта, атрофашро бо гулу дарахтон оро додаанд, ки ба ҳусни деҳаи Каздон зебоии дигар зам мекунад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2023, дар доираи сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, дар деҳаи Каздон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 мавриди истифода қарор гирифта буд. Муассисаи дуошёна барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ мегардад. Бояд гуфт, ки дар ин деҳа қаблан барои таълиму тарбияи хонандагон шароиту имконоти мусоид фароҳам набуд. Таъмиру навсозии роҳу кӯчаҳои деҳ, пул, бетонпӯш кардани ҷӯйбору обравҳо, чароғонсозии маҳал аз корҳои дастаҷамъонаест, ки бо саҳмгузорию иштироки ҳамаи сокинони деҳа ба сомон расид.
Дар деҳаи Анзоб кӯдакистони наву замонавии «Ориёно» бо фарогирии 80 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт. Таъкид гардид, ки дар деҳаи мазкур 1829 нафар зиндагӣ менамояд. Муассисаи мазкур дуошёна буда, бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин аст, ки дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасон замина мегузорад. Ҳамчунин, ба тарбиятгирандагони ин муассисаҳо туҳфаҳои Сарвари давлат аз ҷониби намояндагони Ҳукумати кишвар тақдим шуд. Дар ин рӯз, ҳамзамон, дар деҳаи Хайробод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 бо фарогирии 138 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иттилоъ доданд, ки бинои Муассиса бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ қомат афрохт. Мактаб дорои 8 синфхона ва 3 ҳуҷраи корӣ мебошад. Сокинони ноҳияи Айнӣ бо назардошти шароити фароҳамшуда ва таъмини ҷойҳои кор ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.
