ДУШАНБЕ. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ НАХУСТИН ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАССОҶӢ
Форум бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва Стратегияи миллии истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2040 баргузор шуда, дар он ҳайатҳои беш аз 50 кишвари ҷаҳон иштирок варзиданд. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти ба кишвари саноатӣ табдил додани Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаи нассоҷии мамлакат, инчунин, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун маркази ояндадори истеҳсоли нассоҷӣ ва инноватсия мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи Форум Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба дастовардҳои мамлакат дар соҳаи саноати нассоҷӣ ва имконоти сармоягузорӣ дар ин самт ибрози назар карда, гуфт:
![]()
– Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи нассоҷиро яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат дониста, бо мақсади рушди соҳа тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, дар доираи панҷсолаи рушди соҳаи саноат, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар мамлакат корҳои зиёде бо мақсади рушди соҳаи нассоҷӣ ба анҷом расида, даҳҳо корхонаҳои бузурги нассоҷӣ, ки бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз шудаанд, бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба фаъолият шуруъ намуданд.
Тавре таъкид гардид, Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди соҳаи нассоҷӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ тадбирҳои муассиро андешидааст. Пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ, ки имкони саҳм гузоштан дар рушди соҳаи нассоҷии Тоҷикистонро доранд, аз ҳамин қабиланд.
Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ ба майдони тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ, баррасии мушкилот ва дурнамои рушди саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ табдил ёфтааст.
Зимнан гуфта шуд, ки тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ, ки ду сол қабл қабул гардид, дар назар аст, ки дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфта, коркарди пурраи пахтаи маҳаллӣ таъмин шавад. Имрӯз соҳаи нассоҷӣ ба маркази инноватсия табдил ёфтааст. Мо таваҷҷуҳи афзояндаи истеҳсолкунандагони таҷҳизот, сармоягузорон ва шарикони рушдро мушоҳида менамоем. Яке аз вазифаҳои таъхирнопазир коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ мебошад.
Ба гуфтаи нотиқони чорабинӣ, Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ платформаи муҳими байналмилалӣ барои баррасии дурнамои саноати нассоҷӣ, таҳкими занҷираҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳа, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва рушди шаклҳои устувори ҳамкорӣ мегардад. Инчунин, дар Форум ба масъалаҳои ҳамгироии саноатӣ, ташкили кластерҳои нассоҷӣ ва тавсеаи шарикии байналмилалӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Илова бар ин, дар доираи Форум ҷаласаҳои пленарӣ, муҳокимаҳои панелӣ, намоишгоҳи махсуси таҷҳизот, намоиши маҳсулоти саноати сабук, вохӯриҳои корӣ дар форматҳои В2В ва G2В гузаронда шуда, масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ матраҳ гардиданд.
Дар ҳошияи Форум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати LMW Ҷумҳурии Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки дар асоси он ширкати мазкур барои баланд бардоштани сифатнокии риштаҳои пахтагини корхонаҳои ресандагии кишвар мусоидат менамояд. Инчунин, байни ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистону Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди нассоҷӣ, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати истеҳсолкунанда ва ташхискунандаи маҳсулоти нассоҷии Uster-и Ҷумҳурии Конфедеративии Швейтсария, ки дар ин самт дар ҷаҳон рақами аввал мебошад, ба имзо расиданд, ки дар асоси он барои гузариш ба стандартҳои байналмилалии соҳаи нассоҷӣ мусоидат менамояд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
