ЛАХШ. ФАРОВОНИИ КАРТОШКА АЗ ФАРОВОНИИ ОБ АСТ!

Картошкапарварӣ, ки ба таъмини аҳолӣ бо “нони дуюм” нигаронда шудааст, ҳоло ба самти муҳимтарини фаъолияти мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Лахш табдил ёфтааст. То имрӯз дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ қариб 5547 гектар картошка кишт шудааст, ки нисбат ба ҳарсола зиёд мебошад. Дар ин бора Каромиддин Холзода, раиси ноҳияи Лахш, иттилоъ дод.
Дар идома номбурда аз таъминоти техникӣ низ ёдовар шуда, зикр кард, ки дар мавсими имсолаи кишти баҳорӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар барои деҳқонони пешқадами ноҳия 2 трактор, 3 мотоблок ва 40 тонна тухми картошка дастрас гардид. Ҳамзамон, масъалаи таъмини кишоварзон бо техникаҳои бештари кишту парвариш аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти маҳаллӣ маҳсуб меёбад.
– Техникаҳои мавҷуда барои истифодаи самараноки заминҳои кишт, ҷамъоварии саривақтию беталафи ҳосил, иҷрои босифати корҳои агротехникӣ ва ғайра кифоят нест. Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмини пурраи кишоварзон бо техникаю олоти нави кишоварзӣ тавассути ҷалби сармоя ва дастгирии соҳибкорон тадбирҳои нав меандешад. Инчунин, бо тухмипарварони пешсафи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шуд, зеро дастрасӣ ва таъминоти картошкапарварон бо тухмиҳои навъҳои аълосифату ба шароити тағйири иқлим мутобиқ аз роҳҳои асосии рушди картошкапарварӣ маҳсуб меёбад, – изҳор дошт Каромиддин Холзода.
Картошка зироати хеле обталаб аст. Норасоии об заҳмати деҳқонро барбод хоҳад дод. Об кам бошад, зиёд кардани майдони кишт кори беҳуда аст. Аз ин рӯ, беҳбуд бахшидани обёрии заминҳои кишт, хусусан майдони картошказор, масъалаи бисёр муҳим ба ҳисоб меравад. Раиси ноҳияи Лахш дар ин маврид таъмири шабакаҳои мавҷудаи обёриро ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт: “Об чун манбаи ҳаёт барои картошкапарварӣ низ нақши ҳалкунанда мебозад. Ин зироат нисбат ба бисёр зироатҳои дигар обталаб аст. Яъне, об фаровон бошад, картошка ҳам фаровон мегардад. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои оби водии Фарғона” барои барқарор намудани ду пойгоҳи обкашӣ ва шабакаҳои обрасонии Пиёзӣ, Ғулама, Сартоло корҳои таъмирӣ идома доранд. Имрӯзҳо корҳо, асосан, дар қисмати сарбанд ва обпартои шабакаи обёрии Ғулама ба роҳ монда шудаанд, зеро мавсими обдиҳии картошка, аллакай, оғоз ёфтааст ва тоза кардани ин нуқтаҳо аз пасмондаи селобаю қум хеле зарур аст”.
Шабакаи обёрии Ғулама аз бузургтарин иншооти обрасонии ноҳия мебошад, ки беш аз 2 ҳазор гектар замини кишт, бештар картошкаро бо об таъмин менамояд. Ҳамзамон, шабакаҳои обёрии Пиёзӣ ва Сартоло дар минтақаҳои доманакӯҳ заминҳои ҳосилхезро бо об таъмин мекунанд. Умедворем, ки татбиқи лоиҳаи мазкур дар самти беҳбуд бахшидани обрасонӣ шаффоф ҷараён гирифта, киштзоронро аз манбаи бебаҳои ҳаёт – об ғанӣ мегардонад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
