ЛАХШ. ШОҲРОҲ ҲАМАСОЛА ТУЪМАИ СЕЛ МЕШАВАД, РОҲИ ЧОРА ЧИСТ?

15 июл 2025, Сешанбе
268
Селоби мавзеи Сугати ноҳияи Лахш қариб ҳар тобистон ба мисли аждаҳои гурусна километри 250-55-уми шоҳроҳи Ваҳдат – Лахш – сарҳади Қирғизистонро пурра ба комаш фурӯ мебарад. Ин мушкил қариб 10 сол боз идома дорад ва сокинони тақрибан 30 деҳаро домангир аст. Пас аз вуқуи ҳодиса боркашонию рафтуомад дар ин минтақа амри маҳол мегардад. Имсол 14-уми июн боз ҳамон “аждаҳо” даҳонашро калонтар карду ин километри шоҳроҳро бераҳмона бо тамоми ҳастияш то бехи кӯҳи азим даркашид. Дигар дар ин қисмати шоҳроҳ нишоне аз роҳу имконе барои гузаштан намонд. Барои пурра аз ҷойи нав сохтани шоҳроҳ ва гузоштани садди бузурге дар соҳили дарё мебояд кӯҳи канори дарёро ҳамвор сохту шоҳроҳро кушод. Аммо харҷи ҳангуфт ва техникаҳои пуриқтидоре лозим аст, ки ҳоло эҳтимол масъулони маҳаллии соҳа чунин имконияте дар бисоти худ надоранд.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз тариқи ағбаи калони Ҷултерак, деҳаҳои Корвонгузару Дуағба, ки дар гузашта роҳи чорвогузар буд, масири муваққатӣ сохта шуд. Акнун худ қазоват кунед, ки роҳи чорвогузар дар баландкӯҳ ва хеле нишеб чӣ гуна метавонад якбора барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, бахусус мошинҳои боркаш, мувофиқ бошад? Албатта, роҳи муваққат сохтан низ корест заҳмату вақт мехоҳад. Аммо ҳолати ногувори роҳро набояд нодида гирифт, зеро баробари нишеб будани роҳ он хеле тангу ноҳамвор аст. Мошинҳои боркаш ҳангоми убур дар гардишҳои роҳи муваққатӣ ва тангиҳои он дармемонанд. Шаби 23-юми июн, ки мо аз ноҳияи Лахш ҷониби шаҳри Душанбе меомадем, дар яке аз қисматҳои танги роҳ мошини боркаши калонҳаҷм дармонда буд, ки баъди 7 соати бо мисрон кандани кӯҳпора масир кушода шуд ва баъдан мошинҳои дигар ҳаракат карданд. Дар ин роҳ, ки ҳатто воситаҳои нақлиёти сабукрав ба мушкилӣ мегузаранд, ҳаракати мошинҳои калонҳаҷм амри маҳол ва хатарнок аст. Ҳарчанд тавассути роҳи муваққатӣ сокинони наздики 30 деҳа ва қисмҳои ҳарбӣ бояд рафтуо ва боркашонӣ кунанд, айни замон ҳаракати мошинҳои боркаш тариқи он хеле мушкил мебошад. Яъне, аз як сӯ, роҳи муваққатӣ тангу нишеб ва мушкилгузар аст, аз сӯи дигар, километри 250-уми шоҳроҳ ҳар рӯзи тобистон зери хатари селфароӣ қарор дорад. Боз ҳар сол барои бартарафсозии оқибати сел дар ин километри шоҳроҳ маблағ сарф мешаваду заҳмати зиёд.
Ба гуфтаи Кабиршо Пирназаров, директори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Лахш”, ҳар сол сели дараи Сугат то 5-7 маротиба километри 250-уми шоҳроҳро пурра аз байн мебарад. Боз он барқарор карда мешавад. Танҳо имсол барои ин кор 101 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Соли гузашта харҷи ин кор 94 ҳазор сомониро ташкил дода буд.
Албатта, барқарорсозии ҳарчи зудтари қисмати азбайнрафтаи шоҳроҳ кори осону камхарҷ нест. Лек ин вазъи бади роҳ кай бартараф мешавад, вақте ки дар ин ҷо, дар ин рӯзҳои тобистон, хатари селфароӣ ҳанӯз вуҷуд дорад?! То пурра ҳал гардидани масъалаи километри 250-уми шоҳроҳ оё имкон дорад, ки бо сафарбарии техникаю коргарон тақрибан 10 километр роҳи хокии муваққатӣ ҳамвору васеъ карда шавад?
Ба гуфтаи Кабиршо Пирназаров, васеъсозии роҳи муваққатӣ аз тарафи идораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия дар назар гирифта шудааст ва ояндаи наздик кори он оғоз мешавад.
Мусаллам аст, ки ҳодисаҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани сел, метавонанд, хисороте ба бор оранд, ки на ҳама вақт рафъи саривақтии он имконпазир мебошад. Вале то кай ин мушкил давом мекунад? Ҳар сол офату харҷу саргардонӣ. Роҳи чора чист? Азбаски ин рӯйдоди мушкилсоз дар километри 250-уми шоҳроҳ ҳамасола ба вуқуъ мепайвандад, барои такроран дучор наомадан ба он чораи дигар ёфтан зарур аст. Зеро ҳамасола харҷ кардану рафъ сохтани ин мушкил ва боз дучор шудан ба он проблемаи давомдор барои мардум ва ҳам масъулон боқӣ мемонад. Дар ин маврид, пеш аз ҳама, аз назар гузарондани маконест, ки сел аз он ҷо ибтидо мегираду дар поён омада заҳмату хараҷоти ҳамасоларо барбод медиҳад.
Тибқи иттилои Абдулхайр Сайдаҳматзода, сардори раёсати нигоҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёт дар минтақаи Рашт, аз соли 2016 инҷониб офати селфароӣ дар километри 250-55 идома дорад.
– Ин офат ҳар сол аз 5 то 7 маротиба сар мезанад ва аз 400 то 900 метри шоҳроҳро хароб месозад. Баъди омӯзишҳо муайян гардид, ки ин ҳолати ногувор ба гармшавии иқлим рабт дошта, сел аз обшавӣ ва шикастпораҳои пиряхи Саид Нафисӣ (Баралмас) сарчашма мегирад. Вақте тобистон дараҷаи гармӣ баланд мегардад, ин пирях ба обшавӣ сар мекунад ва пораҳое аз он шикаста ба даруни дараи Сугат сарозер мешаванд. Баъди муддате ин яхпораҳои азим ҳам об гардида, ба ҳавзҳои бузург табдил мешаванд. Сипас, ҳавзҳо низ дар натиҷаи ғун шудани оби зиёд рахна мешаванду ба ҷараён медароянд ва тавассути дараи калони Сугат ҷониби поён равона мегарданд. Оқибат, бо суръати баланде аз дараи Сугат селоба омада шоҳроҳри Ваҳдат – Рашт – Лахш – сарҳади Қирғизистонро нобуд месозад. Имсол, аллакай, аз аввали тобистон ин сел як маротиба ва бузургтар аз солҳои гузашта омад ва роҳро пурра валангор сохт, – изҳор дошт Абдулхайр Сайдаҳматзода.
Ба иттилои Муассисаи давлатии “Маркази пиряхҳои Тоҷикистон”, пиряхи Саид Нафисӣ дар доманаи шимолии қаторкӯҳи Пётри якум аз баландии 5100 метр аз сатҳи баҳр ғизо гирифта, забонаи он дар баландии 3498 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Пиряхи мазкур пиряхи набзонии дараҷаи 3 буда, вобаста ба нишебӣ ва тарҳи ҷойгиршавиаш дорои зиёда аз 15 кӯли хурду бузурги пиряхӣ мебошад, ки тайи чанд соли охир пайваста ин кӯлҳо дар фасли тобистон рахна мешаванд.
Ба гуфтаи Абдулхайр Сайдаҳматзода, пиряхи Саид Нафисӣ аз тарафи мутахассисони Маркази пиряхҳои Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ омӯхта шудааст, ки обшавии онҳо ҳамасола давом хоҳад ёфт. Бинобар ин, барои ҳимояи шоҳроҳ дар километри 250-ум сохтмони садди бузург бо баландии 9 метр ва дарозии беш аз 900 метр дар соҳили дарёи Сурхоб дар назар аст.
Воқеан, барои халосӣ аз ташвишу саргардониҳои ҳамасолаи мардуми минтақаи Лахш, бахусус деҳоти Сугат, бунёди деворе бо 9 метр баландӣ ва роҳи нав иқдоми саривақтист. Умедворем дар ояндаи наздик ин ташаббус ҷомаи амал мепӯшаду шоҳроҳи ҳамвор дигар ба харобзор табдил намеёбад. Аммо то ин ки чунин сад сохта шаваду селобаи ҳарсолаи Сугат дигар натавонад шоҳроҳро туъмаи худ гардонад, фосилаи вақт чӣ қадар идома мекунад, номаълум. Ҳоло низ тақдири ин роҳи дар пешорӯи хавфу хатар қарордошта норӯшан мебошад. Ҳар лаҳза эҳтимоли дигарбора об шудани пиряху ба вуҷуд омадани сел вуҷуд дорад. Пас, зарур аст, ки масъулони Вазорати нақлиёту Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ин мавзеъ ба масъалаи таъмири роҳи деҳаҳои Дуағба ва Корвонгузар диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.07.2025 №: 137