Ширкати намояндаи Тоҷикистон дар Форуми марказҳои таҳлилии СҲШ
12–13-уми июл дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Пешбурди «Руҳи Шанхай» Форуми 6-уми марказҳои таҳлилии кишварҳои аъзои Созмон баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар Форум ҷамъбасти натиҷаҳои рушди босуръат ва таҳкими Созмон, таҳлили мушкилот ва хатарҳои кунунӣ ва Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ барои давраи то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ
Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона, ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳод баргузор шуд.
Дар раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ки зимни ҷаласа масъалаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахтҳо, амният дар иншооти ҳаётан муҳими шаҳрӣ, рушди низоми мушоҳидаи видеоӣ, истифодаи таҷрибаи ҳамоҳангсозии ниҳодҳои милитсия зимни баргузории чорабиниҳои оммавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа ҷумҳурии моро сардори раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода намояндагӣ кард.
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо роҳбари Институти дипломатии Кувайт
14-уми июл сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт ва роҳбари Институти дипломатии Кувайт ба номи Сауд ан-Носир ас-Сабоҳ, Носир Сабийҳ ас-Сабийҳ мулоқот намуд.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи таълим, такмили ихтисос ва бозомӯзии дипломатҳои ҷавон, табодули таҷриба ва дигар мавзуъҳои алоқамандро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мулоқоти сафир бо раиси Бонки миллии Қатар
14-уми июл мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурии мо дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ ва раиси Бонки миллии Қатар Абдуллоҳ Муборак ал-Халифа баргузор гашт.
Дар хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба мо тавзеҳ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи молия ва бонкдорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузориҳои мустақим ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид намуданд.
Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва WIPO дар самти рушди инноватсия
Дар мулоқоти фосилавии ҳайати Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо намояндагони Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо масоили вобаста ба мубодилаи таҷриба дар соҳаи рушди инноватсия ва механизмҳои мусоидат ба пешрафти Тоҷикистон дар самти такмили иқтидори миллии инноватсиониро баррасӣ намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ICDO
Дар пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон – шаҳри Боку, ҷаласаи ғайринавбатии Маҷмаи умумии Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ (ICDO) баргузор шуд. Дар ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Раҳмоналӣ Раҷабалӣ иштирок намуд.
Дар Кумита ба мо тавзеҳ доданд, ки иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, баланд бардоштани тобоварию устуворӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мустаҳкам намудани иқтидори сохторҳои миллии мудофиаи гражданиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Шиносоии ҳайати экспедитсияи сайёҳӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ
Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» ба шаҳри Истаравшани бостонӣ омад.
Хабарнигори минтақавии «Ҷумҳурият» Ҷовиди Аштӣ иттилоъ медиҳад, ки сайёҳон ва иштирокчиёни экспедитсия Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ»-ро тамошо намуданд.
Ҳайати экспедитсия дар доираи ин барнома, ҳамчунин, бо мавзеъҳои таърихию фарҳангии дигари шаҳр, аз ҷумла растаи ҳунармандон, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва Корхонаи саноатии ҶСП «Оби зулол», ошноӣ пайдо хоҳад кард.
Санаи нашр: 15.07.2025 №: 137
