СЕБИСТОН. ЭЪМОРИ 21 ИНШООТ ТО СОЛИ 2026

15 июл 2025, Сешанбе
50
Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Себистони ноҳияи Данғара бунёду навсозии 21 иншооти таъиноти гуногун ва барои хоҷагии халқи деҳот муҳим ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 10 иншоот бунёду навсозӣ гардид, ки симои деҳотро куллан дигар намуд. Ин ҳанӯз шумораи ниҳоии иншооти ҷашнӣ набуда, интизор меравад, ки теъдоди онҳо бо мусоидати сокинону соҳибкорони меҳнатдӯст ва баору номус то моҳи сентябри соли 2026 марҳала ба марҳала афзоиш меёбад.
Фарҳод Саймуродзода, раиси Ҷамоати деҳоти Себистон, зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» чунин гуфт: «Шукри истиқлоли давлатӣ, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон корҳои созандагӣ бомаром идома дошта, иншооти наву ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта мешаванд. Дар Деҳоти Себистон низ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ иншооти таъиноташон гуногун қомат афрохтанд, ки мардуми деҳа назирашро ёд надоранд».
Аз ҷумла, чанде пеш раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода дар назди хонаҳои баландошёнаи деҳаи Себистон майдончаи варзиш ва ҷойи бозӣ барои кӯдаконро, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Шоҳрухи Назар бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар шафати иншооти ҷашнӣ ҳаммом, хона барои ивази либос, камераҳои назоратӣ ва дигар шароитҳо фароҳам аст.
Зимни ифтитоҳи майдончаи варзиш Сиҷоуддин Саломзода иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлату миллат варзиш мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷавонону наврасон даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароиту имконияти фароҳамгардида дар самти тарбияи ҷисмонӣ бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро пеша намоянд.


Ба маълумоти Фарҳод Саймуродзода, бо дарназардошти таваҷҷуҳи зиёди наврасону ҷавонони деҳоти Себистон ба варзиш, оянда бунёди чанд иншооти варзишии дигар низ дар нақша аст.
Ҷавонону наврасони сарфарози деҳа ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосир барои равнақи соҳаи варзиш миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ноҳия изҳор дошта, гуфтанд, ки ин макони навбунёдро самаранок истифода мебаранд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.07.2025 №: 137