ЗАФАРОБОД. АВЛАВИЯТ БА ЭҲЁ ВА РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

15 июл 2025, Сешанбе
44
Рушди ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин замина Барномаи давлатии рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2021-2025 ҳамчун санади муҳими стратегӣ қабул гардид.
Дар робита ба ин, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод барои эҳё, тарғиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ як қатор чорабиниҳои муҳим амалӣ шуданд.
Дар заминаи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябри соли 2020, №570 «Дар бораи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар ноҳия иқдомҳои ҷиддӣ роҳандозӣ гардида, равандҳои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, махсусан миёни занону духтарони хонашин, густариш ёфтааст. Ин иқдомҳо дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифта, ҳадафи аслӣ ин рушди фарҳанги миллӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ мебошад.
Мақомоти ноҳия дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ марказҳои омӯзишиву истеҳсолиро таъсис дод. Муовини раиси ноҳия Тӯйғун Шарифзода дар мавриди корҳои дар ин самт анҷомёфта чунин мегӯяд: “Айни ҳол дар ноҳияи Зафаробод 9 маркази адрасбофӣ ва 2 маркази қолинбофӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо занону духтарон ба омӯзиши касбҳои мардумӣ, аз қабили атласбофӣ, адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва қолинбофии дастӣ, ҷалб гардидаанд. Аз ҷумла, дар деҳоти Ҷомӣ 2 маркази қолинбофӣ, Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод маркази адрасбофӣ, Ҷамоати шаҳраки Зафаробод 4 маркази адрасбофӣ ва маркази қолинбофӣ, дар Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев ва деҳоти Равшан низ марказҳои дахлдори ҳунармандӣ амал мекунанд”.
Бешубҳа, таъсиси марказҳои омӯзишии ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия, пеш аз ҳама, ба ҷалби бонувони хонашин равона шудааст. Дар ин замина, мусоидат ба рушди иқтисоди маҳаллӣ ва муҳайё намудани ҷои кор низ шоистаи зикр аст.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар давраи татбиқи Барномаи мазкур дар ноҳия 550 ҳунарманд ба қайд гирифта шуда, беш аз 20 номгӯи маҳсулоти ҳунармандӣ, аз ҷумла матои дастибоф, сӯзанӣ, кӯрпачаи қуроқ, тоқӣ, ҷома, сабад, қолин ва дигар намудҳои маҳсулот, истеҳсол гардидаанд.
Бино ба иттилои муовини раиси ноҳия Тӯйғун Шарифзода, айни ҳол дар ноҳия бо ҷалби бахши хусусӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ 30 дастгоҳи адрасбофӣ ва 4 дастгоҳи қолинбофӣ насб шудааст.
Марказҳои ҳунармандӣ ба омӯзиши амалӣ ва интиқоли малакаҳои анъанавии бофандагӣ машғул буда, дар устуворсозии пояҳои ҳунармандии миллӣ нақши муҳим мебозанд. Ин аст, ки дар ноҳия барномаи махсуси омӯзиши калонсолон дар самти ҳунаромӯзии миллӣ роҳандозӣ ва курсҳои омӯзиши қолинбофиву адрасбофӣ ташкил шуданд. Албатта, татбиқи чунин ташаббусҳо ба рушду густариши саноати сабук, тарғиби либоси миллӣ, баланд бардоштани завқи зебоишиносии мардум ва таҳкими фарҳанги миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Моҳрухсор Муллошоева, дӯзанда аз ноҳияи Зафаробод бо хушнудӣ аз чунин дастгириву имкониятҳо барои бонувон иброз медорад: “Эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи мо намунаи равшани татбиқи сиёсати фарҳангиву иҷтимоии давлат дар сатҳи маҳаллӣ мебошад. Ин раванд барои занону духтарон ҷойҳои кор фароҳам оварда, дар эҳёи анъанаҳои қадимии ҳунармандӣ, тарбияи зебоишиносӣ ва таҳкими руҳияи миллӣ саҳми назаррас дорад.
Ҷолиб аст, ки дар нуқтаҳои савдои ноҳия фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон, аз ҷумла либосҳои идона аз матои атласу адрас, ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, ташвиқу таблиғи пӯшидани либоси миллӣ дар ҷашнҳо ва чорабиниҳои расмӣ, ки бо роҳандозии чорабиниҳои иттилоотӣ ҳамроҳ аст, ҷараён дорад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумуҳрият”
Санаи нашр: 15.07.2025 №: 137