ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
Доғи якумраи марде, ки ҳамсарашро ба худкушӣ расонд
Нисбат ба як сокини ноҳияи Зафаробод, ки аз ӯ марди 34-сола ном бурда мешавад, бо гумони ба худкушӣ расондани ҳамсараш парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамсари ин мард – зани 28-сола, бар асари муносибати бераҳмона ва ҷабру зулми шавҳараш 10-уми июли соли ҷорӣ худро ба дор овехта, ба ҳалокат расидааст.
Дар робита ба ин ҳодиса, нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 109 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (ба худкушӣ расондан) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт солро пешбинӣ менамояд.
Ронандаи маст боиси ҳалокати инсон гардид
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳодисаеро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, ки дар он ронандаи маст боиси ҳалокати инсон шудааст.
Тавре дар ин бора сомонаи ВКД иттилоъ дод, 11-уми июли соли 2025 ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседе-Бенс 200», Муминов Анвар Абдурасулович (соли таваллудаш 1995), сокини шаҳри Душанбе, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Борбад аз самти хиёбони Абдураҳмони Ҷомӣ ба самти кӯчаи Фирдавсии пойтахт бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Хайрулло Бобоев, сокини 39-солаи шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои кирдори қаллобӣ
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти марди 32-солаи сокини ноҳияи Восеъ хабар дод, ки ба содир намудани кирдори қаллобӣ гумонбар мешавад.
Боздоштшуда моҳи майи соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ воситаи нақлиёти тамғаи “Лексус-RX-350”-ро ба маблағи 115 ҳазор сомонӣ харида, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати 3 шабонарӯз бармегардонад, аммо то ҳол қавлашро иҷро накардааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ...) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.07.2025 №: 137
