ГУЛГАШТИ ГУЛНАЗАР. БОЗ ЯК ГӮШАИ НОҲИЯИ АЙНӢ ЧАМАНИСТОН ШУД
11-уми июли соли равон дар маркази ноҳияи Айнӣ рӯйдоди муҳими фарҳангӣ ва таърихӣ ба вуқуъ пайваст. Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гулгашти Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ расман ифтитоҳ ёфта, парда аз болои муҷассамаи ин шоири маҳбуби миллат бардошта шуд. Бешубҳа, ин иқдоми муҳими фарҳангӣ ба равнақи симои ноҳия мусоидат мекунад ва гузоштани муҷассамаи муаллифи Суруди миллӣ устод Гулназар рамзи арҷгузорӣ ба илму фарҳанг ва бедории миллии тоҷикон аст. Хабарнигори рӯзномаи "Ҷумҳурият", аз таассуроти сокинон ҷиҳати ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ пурсон шуд, ки фишурдаи онро манзури хонандагон месозем.
Баҳром Раҳматов,
директори Муассисаи давлатии
“Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”,
шоир ва адабиётшинос:
– Ман Пешвои миллатро шахсияти адабпарвар ва фарҳангсолор мешиносам ва ин чанд сабаб дорад. Нахуст ин ки, ишон ҳамеша бо аҳли фарҳанг қаробат меҷӯянду шоирону нависандагонро эҳтиром мегузоранд. Худи ҳамин иқдоми гузоштани пайкараи муаллифи Суруди миллии мо аз беҳтарин иқдомоти он кас ба шумор меравад. Чун ин пайкараи як шоир нест, балки пайкараи сухан аст, пайкараи қалам ва қалам беҳтарин наҷвокунандаи умед. Яъне, ин ки Пешвои муаззами миллат аз сухан пуштибонӣ мекунанд, танҳо ба хотири пуштибонӣ аз шеър ва адабиёт нест, балки ин шеър ва адабиёт пайкараи миллати моро сохта ва то кунун онро ҳифз намудааст. Маҳз бо дарки ин вижагӣ, Ҳукумати Тоҷикистон иқдомоти наҷиберо тайи чанд соли охир пиёда мекунад, ки бузургдошти шуарои классик ва гиромидошти муосирон – устодони сухан яке аз он шохаҳост.
Соли 2016 вақте бо иштироки Пешвои миллат Анҷумани адибони ҳавзаи Наврӯз баргузор мешуд, мо якҷо бо меҳмонони Покистону Ҳиндустон менишастем ва яке аз меҳмонон гуфт, ки ман то ҳанӯз чунин Сарвари давлатро надидаам, ки шоиронашро ном ба ном шиносаду ин қадар озод бидуни ягон такаллуф бо шоирон суҳбат кунад, ё ин ки ҳамин дирӯз мо ба Фаронса ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ бо як гурӯҳи олимони фарҳехтаи кишвар сафар доштему дар он ҷо аз минбари баланди ЮНЕСКО чандин бор ному пайкори Пешвои миллати мо садо дод ва гап дар сари ин ки маҳз хориҷиён аз самти сиёсати дурусти Сарвари давлати тоҷикон сухан мегуфтанд ва ин баҳои каме нест.
Имрӯз ҳам, чун дар оғози сафари худ ба ноҳияи Айнӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парда аз рӯи муҷассамаи шоир бардоштанд, ҳамин ҳисси ифтихор аз миллат ва чунин Пешвои фарҳангпарвар дубора вуҷуди маро фаро гирифт.
Баҳром Мирсаид,
директори китобхонаи вилоятии
оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ,
шоир ва муҳаққиқ:
– Гиромидошти шахсияти нотакрор ва осори мондагори устод Гулназар аз сӯи Пешвои маърифатпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи эҳтироми шеъри оламгири тоҷикӣ, далели собити арҷгузорӣ ба аҳли фарҳангу адаб ва маънои меросбариву поянда доштани таъриху тамаддуни миллиро дошта, нишони меҳр варзидан ба сухану каломи шоирона, ишқу зебоӣ, гармиву рӯшноӣ, покиву иффат, болотар аз ҳама, намоди муҳаббати имрӯзиёну ояндагон ба суханвари вологуҳару эҷодкори асил маҳсуб меёбад. Қомат афрохтани пайкараи устод Гулназар бозтоби сиёсати хирадмандона ва адабпарваронаи Сарвари маҳбуби Ватанамон мебошад. Тандиси муаллифи Суруди миллии кишварамон боз як рамзе дорад: устод Гулназар аз хостгоҳи хеш – Зарафшони сухан ба Душанбе менигараду мехонад:
Душанбе тахти Сино шуд, муборак!
Зи нав манзури дунё шуд, муборак!
Агарчанде дилам доғи Бухорост,
Душанбе ҳам Бухоро шуд, муборак!
Зуҳро Ҷалилова,
муовини раиси деҳоти
Урметани ноҳияи Айнӣ:
– Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар сафари навбатии хеш ба ноҳияи Айнӣ аввал дар маркази ноҳия дар ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимнан, дар бораи осори адибони гузаштаву имрӯза, аз ҷумла устод Гулназар, суханҳои пурмуҳтаво ироа карда, ба дастандаркорони ин иншооти ҷашнӣ изҳори сипос намуданд, ки боиси сарафрозии мо – сокинони ноҳия буд. Мо – насли даврони истиқлоли давлатиро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориву меҳрубониҳои роҳбарияти мамлакат, хоса Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дучанд хизмат намоем..
Фирӯза Қаюмова,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров:
– Устод Гулназар дар дили наслҳои зиёде бо суханҳои оташин ва ишқи ватандӯстонааш ҷой гирифтааст. Гузоштани муҷассамаи ин шоири номвар бо ибтикори Пешвои миллат боиси ифтихори бузурги мо – аҳли маориф гардид. Ин гулгашт барои ҷавонон як макони илҳом аст. Гулназар Келдӣ бо ҳар як мисраи шеъраш ба мо ҳисси миллӣ ва ҳувияти тоҷиконро омӯзонд. Ҷой додани муҷассамааш дар ноҳияи Айнӣ, зодгоҳи шоир, рамзи эҳтиром ба мероси маънавии миллат аст.
Бо чунин ташаббусҳои созанда ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузург, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешубҳа, ба таъриху фарҳанги худ арҷ мегузорад ва насли имрӯзро дар руҳияи ватанпарастиву худшиносӣ тарбия менамояд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.07.2025 №: 138
