ЗАФАРОБОД. ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ ПАНЕЛИ ОФТОБӢ НАСБ МЕКУНАНД

17 июл 2025, Панҷшанбе
12
Дар Тоҷикистони офтобрӯя ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, мисли энергияи Офтобу бод, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Бо ин мақсад, ҳанӯз соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» қабул шуда, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ба тасвиб расидааст.
Имрӯзҳо, деҳқонони пуртаҷрибаи ноҳияи Зафаробод мазмуну муҳтавои ин Қонунро дуруст дарк намуда, дар хоҷагиҳои худ аз ин тарзи корбарӣ васеъ истифода мебаранд. Масалан, чанде пеш бо мақсади татбиқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон», воқеъ дар шаҳраки Ҳамид Алиеви ноҳия, панелҳои офтобӣ насб шуд.
Тавре Адҳам Бобоҷонов, раиси хоҷагии деҳқонӣ, иттилоъ дод, айни ҳол 56 панели офтобӣ насб шудааст, ки 6-тои он хонаҳои истиқоматиашро мунтазам бо барқ таъмин менамояд. Ҳамзамон, 50 панели дигар бо иқтидори 30 киловатт неруи барқ истеҳсол намуда, чоҳи амудиро фаъол карда, заминҳои кишоварзиро бо оби полизӣ таъмин менамояд. Хоҷагии Адҳам Бобоҷонов дорои 11,5 га замин буда, дар 6 гектар пахта ва дар замини боқимонда дигар зироатҳои кишоварзӣ парвариш мекунад.
Раиси ноҳияи Зафаробод Муродзода Муқим Қаюм зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии мазкур ташаббуси роҳбарияти хоҷагиро хуш истиқбол намуда, таъкид дошт, ки таҷрибаи мазкур намунаи ибрат буда, дар сарфаи самараноки неруи барқ мусоидат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки ин иқдоми нав, яъне истифодаи панелҳои офтобӣ, таҷрибаи нав ва манфиатовар арзёбӣ гардида, дигар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ва масъулони ташкилоту муассисаҳо тасмим гирифтанд, ки аз чунин «технологияи сабз»-у самаровар истифода намоянд, зеро неруи барқ сарфа шуда, хароҷоти хонаводаҳо ва хоҷагию корхонаҳо ба таври назаррас кам мегардад.
Саъдулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор
Санаи нашр: 17.07.2025 №: 138