ЗАРАНГАК. ДАШТИ ТАШНАЕ, КИ НАМОИ ШАҲРАК МЕГИРАД
– Деҳаи Зарангак замоне дурдасттарин деҳаи ноҳияи Рашт маҳсуб мешуд. Байни он ва деҳаи Мулло Барот, болои дарёи Сурхоб, пули пиёдагузаре буд, ки сокинон болои он бо тарсу ваҳм рафтуо мекарданду пули “ларзонак”-аш мегуфтанд. Зарангак дашти беоберо мемонд, ки шабоҳат ба биёбон дошт.
Соли 2009 ба ҷойи ин пул аз тарафи Ҳукумати мамлакат кӯпруки нави мошингузар сохта шуд. Дар кушодашавии он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, сокинони диёрамонро ба ободкорию созандагӣ ҳидоят намуданд. Аз ҳамин ҷо оғоз ёфт корҳои бунёдкорӣ дар ин мавзеъ. Акнун ин деҳа зеботарин рустои ноҳияи Рашт маҳсуб рафта, симои шаҳракро ба худ касб кардааст, – гуфт дар оғози суҳбат бо хабарнигори рӯзнома Лочинбек Маҳмадов, раиси Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт.
Ба гуфтаи ӯ, заминларзаи шадиди 13-уми апрели соли ҷорӣ рухдода боис гардид, ки дар яке аз маҳаллаҳои деҳот 3,5 гектар замин ҷудо карда шавад ва 35 хонаи истиқоматӣ барои зарардидагони ин офат ва бинои бунгоҳи тиббию муассисаи томактабӣ бо тамоми шароити будубошу хизматрасонӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шавад.
Ба зарардидагони зилзила кумакҳои пайваста, аз қабили маводи хӯрокаю масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимоти рӯзгор сари вақт расид. Ҳоло дар қисми зиёди хонаҳои истиқоматии навбунёд, бахусус 35 хонае, ки дар мавзеи Зарангак бунёд гардида истодааст, корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор дорад. Ҳавлӣ, гирду атрофи хона ва кӯчаҳо таъмир ва азнавсозӣ шуда истодаанд.
Тибқи иттилои мусоҳиби мо, хонаҳои сохташуда дар мавзеи Зарангак ба зарардидагоне, ки ҷойи хонаҳои истиқоматии қаблиашон осебпазиранд, дода мешаванд. Дар рафти боздид чанде аз маскуншавандагон атрофи мо ҷамъ омада, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати чунин ғамхориҳо миннатдорӣ баён карданд.
Аз ҷумла, Назаралӣ Машрабов, сокини деҳаи Уштурпаст, иброз дошт, хонаҳое, ки барои мо бунёд ёфтанд, аз 4 ҳуҷра ва ошхонаю ҳаммом иборат мебошанд. Дар маҳаллаи навбунёдамон бунгоҳи тиббию кӯдакистон ҳам сохта шуд. Акнун метавонем, ки орому осуда ва дар шароити хуби будубош зиндагӣ кунем. Аз шумо хоҳиш менамоем, ки тавассути рӯзномаатон миннатдории моро ба масъулон, хусусан ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт расонед. Дар ин рӯзҳои сахт туфайли ғамхориҳои инсонпарваронаи Роҳбари давлатамон мо – мардуми зарардида, худро танҳо ҳис накардем.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.07.2025 №: 140