БАРОҲАТИ КИТОБХОНА
Бароҳат Салимова як модари тоҷикест, ки ҳамеша бо китоб ҳамрозу ҳамнишин аст ва онро барои коштани донаҳои маърифат дар замири фарзандони як гӯшаи кишвар - Деҳаи Сӯфӣ Орифи шаҳри Истаравшан истифода мебарад. Дар замоне ки бештари китобхонаҳои маҳаллӣ, ҷамоатӣ ва маркази рустоҳо фарсудаву аз назарҳо дур мондаанд, Бароҳатбону ҳар субҳ бо умед дари китобхонаи деҳаро боз мекунад.
Ӯ ҳанӯз солҳои 90-уми асри ХХ мудири китобхонаи деҳаи Сӯфӣ Ориф таъйин гардид. Ба давраи душвори ҳаёти сиёсиву иҷтимоии он солҳо, ки мардум дар ғами як бурда нон буданд, нигоҳ накарда ба китоб рӯ овард. Алам аз мутолааи китоб мегирифт ва муҳити парокандаву оганда аз ҷангу кинаро ба олами зебои китоб иваз кард ва дигаронро ҳам ба сари хони маониву адаб мехонд.
Қаҳрамони мо зодаи ҳамин деҳа буда, маҳз аз китобдорӣ обрӯву эҳтиром дарёфтааст. Баҳору зимистон новобаста аз шароити мавҷуда китобхона меояд ва роҳи тифлони Ватанро менигарад. Роҳи китобхона аз мактаби деҳа дур нест, сари роҳ аст. Хонандагон ҷузвдонҳо дар китф, дар дасташон китобчаҳои шеъру ҳикояву повест ба сӯйи китобхона равонанд. Ана, дар дасти яке повести “Одина” -и устод Садриддин Айнӣ, дигарӣ “Қаймоқи гирди коса”-и Абдумалик Баҳорӣ дар даст дорад, навраси дигаре кадом шеъреро пайваста вирди лаб мекунад ва вазифа гирифтааст, ки чакомаро аз ёд кунад.
Бароҳат Салимова бо китобдорӣ маҳдуд нашуда, маҳфили шеъру сухан ташкил кардааст. Баъзе хонандагон гоҳе аз омӯзгоронашон ҷавоб гирифта, ба ин маҳфили саршори атри маъно меоянд, то роҳат карда шеърхониҳои ҳамсабақонро шунида, худашон ҳам шеъри дӯстдоштаашонро қироат кунанд. Ин маҳфил нест, ин базми сухан, тантани нури маърифат бар торикии ҷаҳолат аст.
Имрӯзҳо Бароҳат Салимова бознишаста аст. Вақташро бо наберагон мегузаронад. Гоҳ-гоҳе боз муҳаббати китоб ин модари арҷмандро сӯи китобхона меорад ва ҳамнишини содиқи худ месозад. Ҳоло бинои китобхона бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар таъмир қарор дорад. Соҳибкори ҷавони деҳа Меҳроҷ Юсуфӣ тасмим гирифтааст, ки то соли нави хониш бинои наву замонавӣ барои китобхона бунёд намояд. Ин хабарро Бароҳат Салимова бо як ҷаҳон фараҳмандӣ пазируфта, гуфт: “Аз шодӣ дар курта намегунҷам, агар ин кори хайр анҷом пазирад, аз сарам зар рехтагӣ барин мешавад...”.
Абдушукур ҲАФИЗОВ
Санаи нашр: 21.07.2025 №: 140