БМТ. БАРДОШТ АЗ ҶАМЪБАСТИ ВАЗЪИ НИЗОМИ БОНКӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМ
15-уми июли соли ҷорӣ таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва бо иштироки сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Ҷумъазода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода, муовинони раис – Гулбаҳор Назирӣ, Далер Муродализода, мудирони шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ва бюроҳои таърихи қарз ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон нахуст, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии доимии рушди низоми бонкӣ миннатдорӣ баён карда, иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2025 мутобиқи қонунгузории соҳавӣ ва вазифагузориҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” бармеоянд, инчунин, дар асоси “Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ва давраи миёнамуҳлат” роҳандозӣ намуд.
Зикр шуд, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ сарфи назар аз идомаёбии номуайяниҳои молиявӣ ва фазои мураккаби сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон, дар натиҷаи роҳандозии тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат рушди босуботи иқтисодию молиявӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ сиёсати мутавозини пулию қарзиро ҷиҳати рушди боэътидоли ҳаҷми пул, муътадилии қурби пули миллӣ, таъмини фаъолияти солими низоми бонкии кишвар ва нигоҳдории сатҳи пасти таваррум, ки омили муҳими рушди иқтисодиёт ва болоравии сатҳи некуаҳволии мардум мебошад, амалӣ намуд.
Таъкид шуд, ки дар Паёми навбатӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” ба масъалаи рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, густариши технологияҳои рақамӣ ва васеъ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Инчунин, Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон шудани солҳои 2025-2030 ҳамчун омили дигари мусоидаткунанда барои истифодаи васеи воситаҳои пардохтӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар навбати худ, самтҳои мазкур омили муҳими шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ арзёбӣ шуданд. Бо дарназардошти ин, иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои Сарвари давлат яке аз вазифаҳои калидӣ барои низоми бонкӣ ва дигар сохторҳои масъули кишвар муайян шудааст, - иброз дошт Фирдавс Толибзода.
Сипас, роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон бо рӯнамоҳо оид ба вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2025, камбудиҳои ҷойдошта ва чораҳои андешидашуда, иҷрои стратегияи рушди фаъолияти ТҚМ барои солҳои 2022-2026 ва вазифаҳои гузошташуда, таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати асъорӣ, фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти мониторинги молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки низоми пардохт, вазъи низомҳои иттилоотӣ ва баҳогузории хизматрасониҳои низоми бонкӣ суханронӣ намуданд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳо намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, аз ҷумла то ҳол зиёд будани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, мукаммал набудани таъминоти барномавӣ, ҳолатҳои қаллобӣ ва ҳамлаҳои киберӣ, камбудиҳо дар самти амалиётҳои асъорӣ ва вобаста ба сатҳи хизматрасониҳои бонкӣ, дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Дар навбати худ, сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Ҷумъазода иброз дошт, ки дар татбиқи самараноки сиёсати иқтисодии давлату Ҳукумат нақши низоми бонкӣ муҳим арзёбӣ гардида, он дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, ташаккули бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ саҳми беандоза дорад.
Дар ҷамъбасти ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор шуданд, ки барои беҳтар намудани фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, мустаҳкам кардани заминаи сармоявӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, ба роҳ мондани назорати қатъии амалиётҳои асъорӣ ва роҳ надодан ба камбудиҳо вобаста ба масъалаҳои қурби асъор, гузарондани аудити ҳамаҷонибаи соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, пешгирии фаврии амалҳои қаллобӣ, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, махсусан дар ноҳияҳои дурдаст ва баррасии арзу шикоятҳо нисбат ба хизматрасониҳои бонкӣ, чораҳои дахлдор андешида, баҳри татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва рушди низоми бонкӣ пайваста кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 21.07.2025 №: 140