«ТОБИСТОН-2025». ИСТИРОҲАТИ НАВРАСОН ХОТИРМОН ХОҲАД БУД

22 июл 2025, Сешанбе
20


Дарвоқеъ, айёми кӯдакию наврасӣ бо хотираҳои рангоранг, хоҳ хуб бошанд ё бад, як умр дар лавҳаи хотир чун нақш дар санг сабт гардида, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Аз ин рӯ, месазад, ки волидайн кӯшиш ба харҷ диҳанд, то барои фарзандони худ дар ин давра ба қадри имкон лаҳзаҳои фараҳбахш ва шириниҳои айёми кӯдакиро фароҳам созанд. Яке аз ин воситаҳо сафарбар намудани кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои тобистона мебошад.
Чунин эҳсосот, шодию нишот ва болидахотирии кӯдаконро мо зимни як рӯзи гусели истироҳаткунандагон аз назди Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баръало мушоҳида намудем. Гурӯҳи мазкур тибқи талаботи мавҷуда бо роҳандозии тартибу интизом, роҳбарии шахсони масъул хушу хурсандона ҷониби МД «Истироҳатгоҳи меҳнат»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, раҳсипор шуданд.
Тавре аз ин лагер дидан намудем, он дар дараи хушобу ҳаво, миёни кӯҳҳои баланду сарбафалаккашида ва соҳили дарёи Кофарниҳон ҷойгир шудааст. Дар назди даромадгоҳ роҳбарияти истироҳатгоҳ ва шахсони масъул кӯдаконро назорат намуда, тибқи реҷаи муайяншуда онҳоро ба машғулиятҳои рангоранг ҷалб мекунанд. Ҳар як рӯз бо вақти муайян машғулиятҳои ҷолиб, аз қабили сайри кӯҳ, оббозӣ, расмкашӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳои гуногун ва маҳфилҳои рақсу таронахонӣ гузаронда мешавад. Аз чеҳраи кӯдакон хурсандии онҳоро ба хубӣ эҳсос кардан мумкин аст.
Ашуров Муҳаммад, як нафар мактаббачае, ки дар ин лагер ба истироҳат фаро гирифта шудааст, таассуроти худро чунин баён кард:
– Ман хонандаи синфи 7-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-уми ноҳияи Данғара мебошам. Соли якум аст, ки ман ба ин лагер омадам. Ин ҷо ба ман бисёр писанд омад, зеро он дар минтақаи зебоманзар ҷойгир буда, муҳити он ба кас фараҳу шодӣ мебахшад. Ман дар ин лагер дӯстони нав пайдо намудам, ки онҳо аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон мебошанд. Тайи чанд рӯзе, ки ин ҷо қарор дорем, ҳамарӯза бо бозиҳои гуногун машғул мешавем. Ба ман бештар оббозӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ писанд омад.
Чунонки Ҷамшед Юнусов, мудири шуъбаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва байналмилалии Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, изҳор дошт, ба истироҳат фаро гирифтани кӯдакону наврасон дар се баст ба роҳ монда шудааст. Кӯшиш дорем, дар ин мавсим аз ҳамаи шароиту имкониятҳо самаранок истифода барем, то ки кӯдакону наврасон ин давраро хушу хотирмон сипарӣ намоянд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 22.07.2025 №: 141-142