ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. ЁДКАРДЕ АЗ КОРНОМАИ ТАЪРИХИИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ
Нусратулло Махсум яке аз бузургмардони сарзамини мост, ки барои соҳибдавлат гардидани миллати тоҷик, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, озодию истиқлоли мо ҷони худро фидо кардааст. Корномаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум барои миллати тоҷик намунаи ибрат ва омӯзанда мебошад.
Мусаллам аст, ки як давраи томи таърихи ҷадиди халқи тоҷик ва як марҳалаи ҳассосу сарнавиштсози миллат бо номи Нусратулло Махсум пайванди ногусастанӣ дорад. Чунки дар байни сиёсатмадорону роҳбарони солҳои 20-30-юми асри гузашта аз байни тоҷикон фарзанди содиқи миллат ҷойи махсусро ишғол менамояд.
Нусратулло Махсум дар зарфи ҳашт сол давлати Тоҷикистонро сарварӣ карда, дар бунёди сохтори сиёсии он саҳми бузург гузошт. Ин давлатдори асил аз рӯзҳои аввали таъсиси ҷумҳурии мухторамон ҷидду ҷаҳд мекард, ки ҳарчи зудтар ҷумҳурии мустақили иттифоқии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Маҳз бо ҷонфидоиҳои ин арбоби барҷаста кишвари мо он замон аз мухторият бароварда шуда, ба ҷумҳурии мустақили иттифоқӣ – Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил шуд.
Баъд аз тақсимоти солҳои 20-уми асри гузашта ва ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон дар зеҳни халқи тоҷик як таҳаввулоти бузурги инқилобӣ ба амал омад ва тоҷикони соҳиби ақлу хиради миллӣ ин падидаро нодида намегирифтанд. Зеро баъди суқути давлати бузурги Сомониён қариб дар тули ҳазор сол онҳо амалан аз давлатдории миллӣ маҳрум гардида буданд. Роҳбари онвақтаи давлати миллии тоҷикон Нусратулло Махсум яке аз муборизони сарсупурда, мубаллиғи оташинсухан ва аламбардори давлати тозабунёди тоҷик буд.
Шурбахтона ин сарсупурдаи миллат ба гирдбоди таъқибот ва «душмантарошӣ»-ҳои солҳои 30-юми асри ХХ афтода, 1-уми ноябри соли 1937 дар шаҳри Москва ба қатл расонда шуд. Пас аз гузашти 20 сол, моҳи декабри соли 1958 бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва хулосаи Прокуратураи генералии ИҶШС Нусратулло Махсум бегуноҳ эълон шуда, 26-уми июли соли 1964 дар сафи ҳизби коммунистӣ номи ӯ аз нав барқарор гардид. Ҳарчанд ӯро ҷисман нобуд сохтанд, аммо кору пайкор, ҷонфидоиҳояш барои халқ ва ташкили давлати Тоҷикистон дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ то абад боқӣ хоҳанд монд.
Нусратулло Махсум, чун давлатдори дурандеш, ба тамоми арсаҳои ҳаёту зиндагии мардуми заҳматкаш ва масъалаҳое, ки нуфузу эътибори давлатро меафзуданд, махсус таваҷҷуҳ мекард ва ҳар як масъаларо аз мавқеи адолати иҷтимоӣ ва манфиатҳои давлату миллат ҳаллу фасл менамуд. Ӯ пеш аз ҳама ба масъалаи занону ҷавонон дахл карда, хариду фурӯши зани тоҷик, дар торикию ҷаҳолат нигоҳ доштани он, масъалаи бисёрзанӣ ва соири муносиботи ғайриинсониро сахт маҳкум мекард ва дар ин раванд бештар ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта такя менамуд. Ин фарзанди фарзонаи миллат на танҳо дар умури сиёсию давлатдорӣ аз худ осори амиқе боқӣ гузошт, балки хонадони намунавӣ ба ёдгор монд ва фарзандони оқилу фозилеро ба воя расонд. Зеро халқи тоҷик на танҳо бо номи ин абармарди зиндаёд, балки бо кору пайкори фарзандони меҳнатдӯсту огоҳаш низ ифтихор менамояд. Фарзандони ӯ: Хайринисо (1910-1978), Мунаввар (1911-1998), Анвар (1918-1941), Хосият (1925-2007), Акбар (1928-2001) ва Музаффар (1937-2013) мебошанд.
Камина дар бораи ҳаёту фаъолияти дигар фарзандони ин чеҳраи шинохта маълумоти кофӣ надорам, вале фарзанди хурдии ӯ Музаффар Махсумовро хеле хуб мешинохтам. Зеро солҳои донишҷӯӣ ба Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рафта, оид ба масъалаҳои мухталифи астрономия аз кормандони ин муассиса дарсҳо меомӯхтам, ки яке аз устодонам Музаффар Нусратуллоевич буд. Шодравон М. Махсумов яке астрономҳои номвари собиқ ИҶШС ва Тоҷикистон буда, аз соли 1970 то соли 2010 дар вазифаи мудири шуъбаи сохтор ва динамикаи системаи ситораҳои Институти астрофизикаи АМИТ фаъолият кард ва солҳои 1977-1992 сарварии муассисаи мазкурро ба уҳда дошт. Самти илмии ин астрофизики асил ба сохт ва динамикаи системаи ситораҳо ва физикаи галактикаҳо бахшида шуда буд. Устод дар ин соҳа аввалин шуда усулҳои тадқиқотии динамика ва таҳаввулоти таъсири ғайризарбавии системаи зарраҳои ба таври ҷозибавӣ алоқманд ва ба вуҷуд омадани динамикаи ҷозибаи байниҳамдигарии ситораҳои галактикаҳоро ҳамчун системаҳои статистикӣ кор карда баромад. Ӯ дар заминаи мушоҳидаю тадқиқоти илмии худ беш аз 60 асари илмӣ-тадқиқотӣ ба нашр расондааст.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки агар падар дар таъсиси давлати мустақили миллии тоҷикон саҳми бориз гузошт, писар дар рушди яке аз соҳаҳои илми дақиқи ин Меҳан нақши арзанда иҷро намуд.
Номи неки Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ҳамчун сиёсатмадори беҳамто, роҳбари ғамхори миллат, ватандӯсти асил, шахси донишманду кордон, ки барои давлату миллати тоҷик хизмати беназир кардааст, абадӣ дар қалбҳои мардуми мо боқӣ хоҳад монд.
Номвар ҚУРБОНОВ,
номзади илмҳои техникӣ
