НИГИНА РАУФОВА

28 июл 2025, Душанбе
13


Касе бовар надошт, ин духтараки деҳотӣ, ки ягон мактаби мусиқиро хатм накардааст, ба ҳунарманди маъруф табдил ёфта, ба қуллаи баланди ҳунар мерасад. Ӯ аввалин бонуи ҳунарвар аст, ки сазовори унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон гардида, минбаъд Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ҳам гирифтааст.
Нигина Рауфова 21-уми майи соли 1945 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Фаъолияти эҷодияш аз дастаи ҳаваскорони санъати Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагии шаҳри Душанбе оғоз меёбад.
Баъдан, фаъолияташро дар ҳайати ансамбли занонаи рубобнавозони Филармонияи давлатии Тоҷикистон давом медиҳад. Соли 1975 бо даъвати Аминҷон Шукӯҳӣ, ки он вақт раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ буд, ба дастаи ҳунарии Кумитаи радио ва телевизион пайваста, дар ансамблҳои «Гулшан», «Шашмақом» ва «Дарё» ҳунарнамоӣ мекунад.
Таронаҳои “Ёрат манам”, “Қадат баланд аст, ёр”, “Ман садқаи ту”, “Намепурсӣ номи ман”, “Духтари каҷтоқӣ” ва “Аскарбача” миёни мардум ба Нигина Рауфова шуҳрати беандоза бахшиданд.
“Апаи Нигина сарояндаи хуб буд. Сурудҳои халқиро дар сатҳи баланд месуруд. Аз таҳти дил ва самимӣ мехонд ва зуд ба қалби мардум ҳам менишаст. Ҷозиба дошт, ба саҳна мебаромад, вуҷудаш на танҳо саҳна, балки тамоми толорро пур мекард. Марҳум ба қуллаи баланди эҷодӣ расид, ҷойи вай имрӯз холист”, – мегӯяд сароянда ва оҳангсози шуҳратёр Саидқул Билолов.
Нигина Рауфова азбаски ятим ба камол расида буд, дар овозаш сӯзи дил эҳсос мешуд; сурудҳоро чунон мехонд, ки дилҳо гиря мекарданд. Масалан, суруди “Бачамой”-ро, ки ба 40-солагии Ҷашни Рӯзи Ғалаба бахшида шуда буд, басо пурсӯз ва дилнишин сароидааст.
Дар репертуари Нигина, ҳам сурудҳои халқӣ, ҳам эстрадӣ ва ҳам бадеҳа дар сатҳи баланд иҷро шудаанд.
«Барои бисёре бастакорон ифтихор буд, ки оҳангу суруди навиштаи онҳоро Нигина Рауфова иҷро бикунад. Манбаи сурудхонии Нигина оҳангсоз Фаттоҳ Одина буд. Тамоми суруду оҳангҳои офаридаи ӯро Нигина месароид. Овози ӯ баланд буд ва ӯ бе асбоби мусиқӣ ҳам хонда метавонист», – ба ёд меорад Қудратулло Яҳёев, оҳангсози тоҷик.
Нигина Рауфова бо Фаттоҳ Одина ҳамкории зич дошт ва ӯро кашшофи истеъдоди худ медонист.
Ин бонуи ҳунар аз зумраи шахсиятҳои муътабари мардуми тоҷик аст, ки ба шарофати истеъдоди худододи худ ва бо хоксорияш дар дилу дидаи мардум ҷо гирифт. Барои тарбияи даҳҳо шогирдон хидмати арзанда кард. Мактаби эҷодии худро низ дошт.
Нигина Рауфова рӯи саҳна ҳамеша бо либоси миллии тоҷикӣ буд ва ба расму ойин ва анъанаи миллати хеш содиқ монд. Ӯ зани зиндадил буд ва ҳамеша дар лабонаш шакарханд дошт; бисёр хоксор буд ва бо хурду калон якранг, самимӣ ва бо чеҳраи кушод суҳбат ва муносибат мекард.
Соли 2005 дӯстону ҳамкорон ба ҷашни 60-солагиаш омодагӣ медиданд. Дар ин ҷашн Нигина Рауфова мехост охирин ҳарфҳояшро ба ҳаводорон гӯяд, як суруди ҷашнӣ ҳам омода карда буд ва аз рӯи барнома дар фарҷом онро бояд месуруд ва бо мухлисонаш хайрбод мекард. Чанд рӯз пеш писари 24-солааш дар як фоҷиа ба ҳалокат мерасад. Бинобар ин, барномаи ҷашнӣ лағв мешавад. Нигина дарди дилашро ба касе ифшо намекард, дарун-дарун месӯхт ва ғам мехӯрд. Ин ғам оқибат ӯро аз пой афтонд. 22-юми декабри соли 2010 дар 65-солагӣ аз сактаи қалб даргузашт.
Инак, 15 сол мешавад, ки ӯ миёни мо нест, вале бо овози дилнишину ҷолиб ва сабки хоси таронасароӣ абадан дар ёдҳо мондааст.

Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 25.07.2025 №: 144