АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28 июл 2025, Душанбе
25


ЭНЕРГЕТИКА. ТАДБИРҲОИ МУҲИМ ТАТБИҚ МЕШАВАНД
Ба иттилои Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, дар нимсолаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ чанд иншооти муҳими энергетикӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар рушди соҳаи энергетикаи мамлакат нақши муассир мегузоранд.
Дар ин давра хатти интиқоли барқи 500 кВ «Датка – Суғд» дар доираи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 ба истифода супурда шуд. Инчунин, зимни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон НБО «Себзор» (бо иқтидори 11 МВт) дар ноҳияи Роштқалъа, ду неругоҳи барқи офтобӣ (3,25 МВт ва 1,62 МВт батарея) дар ноҳияи Мурғоб, чор неругоҳи хурди барқи обӣ (дар маҷмуъ, 451 кВт) дар ноҳияҳои Дарвоз ва Рӯшон, зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Ҷангал» дар ноҳияи Рӯшон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Далер Ҷумъа таъкид кард, ки сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 МВт дар ноҳияи Шуғнон, 42 км хатти интиқоли барқи дузанҷираи 110 кВ «Вомар-Возванд» дар ноҳияи Рӯшон ва зеристгоҳи 110/35-киловолтаи «Қозидеҳ» дар Ишкошим шуруъ гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ беш аз 11,8 миллиард кВт/соат неруи барқ тавлид гашт, ки дар қиёс ба соли пешӣ як миллиарду 445,5 миллион кВт бештар аст. Содироти неруи барқ нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта зиёд буда, ба як миллиарду 123,3 миллион кВт/соат расид.
Маблағи қарзи дебитории неруи барқ бо назардошти қарзҳои солҳои пеш то якуми июли соли равон зиёда аз чор миллиарду 465,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла қарзи аҳолӣ ба як миллиарду 699,2 миллион сомонӣ расидааст. ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» 718 миллион сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 238,1 миллион, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ беш аз 108,3 миллион, КВД «Обу корези ҷумҳурӣ» 16,4 миллион ва дигар корхонаҳо як миллиарду 685,6 миллион сомонӣ қарздоранд.

Кароматулло АТО

56 ПОЙГОҲИ ОБКАШӢ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНД 
Хабарнигори “Ҷумҳурият” дар нишасти матбуотии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ перомуни аз фаъолият бозмондани пойгоҳҳои обкашӣ савол дод ва директори Агентӣ Зафарбек Давлатзода чунин посух гуфт:
“Дар кишвар 793 пойгоҳи обкашӣ буда, дар тавозуни Агентӣ 393 пойгоҳ қарор дорад. Ҳоло 56 пойгоҳи обкашӣ, аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 18, Суғд 16 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 пойгоҳ бо сабаби нарасидани таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин, солҳои зиёди фаъолият куҳнаву фарсуда шуда, аз кор бозмондаанд, ки дар натиҷа 12302 гектар замини кишоварзӣ бе об аст. Супориш гирифтем, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ин пойгоҳҳо ва дастгоҳҳои обкаширо барқарор созем”.
Иттилоъ доданд, ки соли равон бо мақсади васеъ намудани заминҳои обёришаванда аз худ кардани 3254 гектар замини нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 1400 гектар замини бекорхобида ба нақша гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва ғайрикишоварзӣ 1363 гектар замини нав аз худ шуда, 1732 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор ва ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид.
– Бо вуҷуди он ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ уҳдадориҳои шартномавии худро дар назди истифодабарандагони об оид ба таъминот бо оби обёрӣ пурра иҷро карда бошанд ҳам, истифодабарандагони об, хусусан кишоварзон, ҳаққи хизмати обрасониро сари вақт ва бо ҳаҷми пурра пардохт намекунанд. Бинобар ин, қарздорӣ аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ афзоиш ёфта, бақияи он бо назардошти солҳои пеш 353,1 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин, дар навбати худ, боиси афзоиши қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла қарзи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳамаи намуди андозҳо, гардидааст, – гуфт Зафарбек Давлатзода.

Кароматулло АТО


КИШОВАРЗӢ. ҲАҶМИ УМУМИИ МАҲСУЛОТ 9,7 ДАРСАД АФЗУД
Андешидани тадбирҳои судманд ба он мусоидат намуд, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ, тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 23853,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2109,7 миллион сомонӣ (9,7 дарсад) зиёд мебошад.
Ин матлабро Нуралӣ Асозода, муовини якуми вазири кишоварзӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Зикр гардид, ки истеҳсоли маҳсулоти рустанипарварӣ ба 15891,3 миллион сомонӣ ва чорвопарварӣ ба 7962,5 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 9 ва 11,2 дарсад зиёд мебошад. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 54,1 ва бахши аҳолӣ 45,9 дарсадро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати якуми июли соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладона ба 679065 тонна, картошка 267929, сабзавот 1217009, полизӣ 590881, мевагиҳо 297731, ангур 3738 ва хӯроки чорво 496962 тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти номбаршуда зиёд мебошад.
Бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ ба ҳолати чоруми июли соли ҷорӣ дар майдони 78882 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14489 гектар зиёд буда, 74 фоизи дурнамои пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


МУҲИТИ ЗИСТ
Мубориза бар зидди қонунвайронкуниҳо пурзӯр мегардад
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаш моҳи сипаришуда, дар доираи амалӣ намудани назорати давлатӣ, 10 362 ҳолати вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зистро ошкор намуда, нисбат ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ чораҳои дахлдор андешида, ба маблағи 4 миллиону 238 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Дар ин бора Баҳодур Шерализода, раиси Кумита, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, қонунвайронкуниҳои аз ҷониби нозироти давлатӣ ошкоргардида, асосан, дар самтҳои ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ 2 168 ҳолат, ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳо 3 796, ҳифзи захираҳои об 1 521, ҳифзи ҳавои атмосфера 1 164, экспертизаи давлатии экологӣ 240 ва низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда 390 ҳолатро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, дар самти назорати таҳлилии таъсири партовҳо ба манбаъҳои обӣ дар 89 иншоот 162 намунаи паспартовҳо ва дар самти шӯршавии 6 замин 58 намунаи хок ташхис шуда, протоколҳои ташхисҳо ба мақомоти дахлдор барои чораҷӯӣ ирсол гардиданд. Дар самти назорати ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера низ аз рӯйи 8 нишондод дар 38 нуқтаи муҳофизатӣ 218 ченкунии инструменталӣ гузаронда шуд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК

КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН
Мавҷудияти камбудиҳои ҷиддӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ боқӣ мемонад
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба масоҳати умумии 526,9 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Дар 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмони 1147 иншоот таҳти назорат қарор дошта, дар ин давра 1677 назорати сифати корҳои сохтмонию васлгарӣ гузаронда шуда, 3186 камбудӣ ошкор гардид.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ барои гузарондани ташхиси давлатӣ ба раёсати экспертизаи давлатӣ 332 лоиҳа пешниҳод шуд. Аз ин шумора 217-тои он хулосаи мусбат ва 8-тои дигар хулосаи манфӣ гирифтанд. 105 лоиҳа мавриди баррасӣ қарор дошта, 2-тои дигар аз эътибор соқит дониста шуд.
Ҳамчунин, Кумита барои бо сатҳу сифати баланд бунёд гардидани иншооти ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешбинишуда, сари вақт бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ таъмин намудани муроҷиаткунандагон ва аз экспертизаи давлатӣ гузарондани лоиҳаҳои иншоот, инчунин, дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон чораҷӯӣ намуда истодааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҷиҳати омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳолати 1-уми июли соли равон, дар маҷмуъ, 29910 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Айни замон 23228, яъне 78 дарсади иншоот мавриди истифода қарор гирифта, дар 4594 иншоот корҳо идома доранд.
Шаҳноз ҚУРБОН

Санаи нашр: 28.07.2025 №: 145