БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД
«МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. АЗ РОҲИ ҲУНАР – САМАРИ БЕШТАР»
Бо арзи эҳтиром, Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» ҳамчун як сохтори таҳти тобеияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи муҳтарам Ташрифулло Саъдуллоевро таҳти унвони «Муҳоҷирати меҳнатӣ. Аз роҳи ҳунар – самари бештар», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 13-уми июни соли 2025, №117, нашр шудааст, мутолаа намуда, зарур мешуморад, ки ба он дар шакли зер вокуниш нишон диҳад.
Бояд зикр намуд, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2025, №122, номи муассисаи мо аз «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» иваз гардида, дар ҳоли ҳозир дорои 48 филиали фаъол дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад.
Фаъолияти Марказ ва филиалҳои он аз рӯйи се самти асосӣ – барномаи давлатии мусоидат ба шуғл, худмаблағгузорӣ ва валидатсия ба роҳ монда шуда, ба шаҳрвандон имкони омӯзиши касбу ихтисосро дар муҳлатҳои кӯтоҳмуддат фароҳам меорад. Ҳар сол ҳазорҳо шаҳрвандон соҳиби касбу ҳунар мегарданд ва бо шаҳодатномаҳои намунаи давлатӣ таъмин мешаванд.
Мутаассифона, дар мақола ба таври умумӣ гуфта шудааст, ки фаъолияти филиалҳо ба мисли «Хоҷа боғ дорӣ? Дорам» аст ва дар аксари минтақаҳо «нишон нест», ин гуна арзёбӣ ғайримасъулона буда, бе ягон асоси воқеӣ матраҳ шудааст. Шахси нависанда ягон мисол, далел ё санади мушаххас барои таҳқири чунин миқдори муассисаҳои давлатӣ наовардааст.
Баҳри собит кардани сатҳи воқеии фаъолияти Муассиса мисол меорем: ба наздикӣ 27 нафар касбомӯзони мо аз рӯйи касби кафшергари барқӣ бо иштироки мутахассисони дараҷаи олии Ҷумҳурии Корея имтиҳон супурда, бо роҳхат ба кори расмӣ ба Ҷумҳурии Корея фиристода мешаванд. Ин танҳо як намуна аз садҳо мисоли комёбии хатмкунандагони Марказ аст.
Дар мавриди иттиҳоми ҷиддии қаллобӣ ва савдои шаҳодатнома, ки дар мақола бидуни ягон асос зикр шудааст, ба иттилои расмӣ мерасонем, ки чунин ҳолатҳо на дар Марказ ва на дар филиалҳои мо вуҷуд надоранд. Ҳама раванди таълим, имтиҳон ва додани шаҳодатномаҳо, тибқи қонунгузории амалкунанда, шаффоф ва зери назорати доимии сохторҳои масъул амалӣ мегардад.
Мо барои боло бурдани сатҳи таълим, муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳо бо таҷҳизоти муосир ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба пайваста чора меандешем. Дар ҳар як минтақа филиалҳои мо дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ фаъолона кор бурда, ҷавобгӯ ба ниёзҳои бозори меҳнат амал мекунанд.
Аз ин рӯ, аз Шумо хоҳиш менамоем, ки дар оянда пеш аз баён кардани иттилоот дар рӯзномаҳои давлатӣ бо масъулони соҳа ё худи муассисаҳо тамос гиред ва маълумоти санҷидашуда пешниҳод намоед. Ҷамъият имрӯз ба танқиди созанда ва далелнок ниёз дорад, на баҳогузории умумӣ.
Беҳрӯз ДАВЛАТОВ,
муовини директори МД
«Маркази рушди ҳунармандӣ
ва малакаҳои касбии муосир»
