ЁВОН. 35-солагии Ҷашни муқаддаси миллӣ Мондагор хоҳад буд
Воқеан, дар ин ноҳияи саноатӣ пешравиҳо чашмрасанд ва онҳо дар зиндагии мардум бармало мушоҳида мешаванд. Бо таъкиди Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Ёвон, нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 86,6 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 220,5 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 34,1 миллион сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ӯ афзуд, ки ба ҳолати якуми июни соли равон қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо назардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 3,5 миллион сомониро ташкил дод.
Ба ҳолати якуми июл дар ноҳия 8592 субъекти хоҷагидор фаъолият менамояд, ки 7981-тои онҳо соҳибкорони инфиродӣ ва 611-тои дигар шахсони ҳуқуқӣ мебошанд. Дар ин давра 394 субъекти хоҷагидор таъсис ёфта, 247 субъекти дигар фаъолияти худро қатъ намуд. Ҳамин тариқ, 147 субъекти хоҷагидор дар ноҳия зиёд шуд.
Дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мегардад, ки маблағи умумии азхудшуда 1,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2021-2025-ум 228 лоиҳаро ба маблағи 741 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати якуми июли соли равон 115 лоиҳа ба маблағи 261,1 миллион сомонӣ (50,4 фоиз) ба иҷро расидааст.
Ба ҳолати якуми июл дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 32 ҳазору 822 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли рафта 629 гектар зиёд мебошад. Дар майдони 10 ҳазору 485 гектар пунбадона кишт гардид, ки ба 100 дарсади дурнамо баробар аст
Корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳия ба маблағи 847 миллиону 704,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 126 миллиону 325,2 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 117,5 фоизро ташкил дод.
Соли равон ба истифода додани чор корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар нақша буд, аммо дар ин муддат шаш коргоҳ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли маҳсулот аз пластикаи ҶДММ «Файзалӣ пластик», коргоҳи истеҳсоли хишти сементии ҶДММ «Девори Ёвон», коргоҳи истеҳсоли мебели ҶДММ «Диловар мебел», коргоҳи истеҳсоли газоблоки ҶДММ «Фаррух ва компания», коргоҳи истеҳсоли бетони сохтмонии ҶДММ «Дастгирии Ёвон» ва коргоҳи истеҳсоли газоблоки ҶДММ «Пойдор саноат» мавриди истифода қарор дода шуд.
Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли семент 126,2, оҳаки сохтмонӣ 31,5, нахи пахта 41, равғани рустанӣ 128,1, гӯшт 100,3, орд 102,3, нон ва маҳсулоти нонӣ 100,9, риштаи бофандагӣ 12,4, хишти сементӣ 65,2, гаҷкартон 110,8, гӯшти мурғ 24,2, бомпӯшҳои азбестӣ 309 ва либоси мактабӣ 107,8 фоиз иҷро гардид. Аз корхонаҳои сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» 48 ҳазору 214 тонна ва аз корхонаи ҶДММ «Чжунгтсай моҳир семент» 86 ҳазору 440 тонна семент ба хориҷи мамлакат содирот гардид.
Бо мақсади татбиқ намудани қарори раиси вилояти Хатлон “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» қарори раиси ноҳияи Ёвон қабул ва нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия ва тасдиқ гардида, ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуд.
Барои таъмини аҳолӣ бо маводи сӯхт 27 нуқтаи фурӯши ангишт ва 30 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият дорад.
Барои дар сатҳи зарурӣ сипарӣ намудани фасли сармои солҳои 2025-2026 ба соҳаи маориф ҷудо намудани 1 миллиону 57,6 ҳазор сомонӣ, соҳаи тандурустӣ 71,8 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар муҳлатҳои муайян ҷудо карда хоҳад шуд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 561 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 428 иншоот ё 76,3 фоизи онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки фармонҳо ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дар рӯзгори ҳамватанон амалӣ карда, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ноҳияро таъмин намояд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.07.2025 №: 145
