ХУҶАНД. РОҲАНДОЗИИ ИҚДОМОТИ НАВ БА ХОТИРИ ПЕШРАФТИ СОҲАҲОИ ҲАЁТАН МУҲИМ

28 июл 2025, Душанбе
34
Дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати рушди инфрасохтор, таъмини шароити арзандаи таълиму тарбия ва беҳбуди роҳу кӯчаҳо иқдомҳои нав амалӣ мегарданд.
Аз ҷумла, дар кӯдакистони №37 бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи кӯдакон корҳои ободонӣ анҷом ёфта, роҳҳои дохилии муассиса пурра мумфарш шуданд. Ин иқдом муҳити муассисаро зебову бехатартар гардонд.
Дар доираи барномаи умумии созандагӣ, ҳамчунин, як қатор кӯчаҳои шаҳр мумфарш шуданд. Аз ҷумла, дар кӯчаи Содирхон Ҳофизи шаҳр тадбирҳои ободонӣ ба иҷро расида, дар микроноҳияи 17 низ яке аз кӯчаҳо мумфарш гардид.
Дар маҳаллаи Себзор низ мумфаршкунии қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо оғоз гардида, ин раванд бо ҷалби техника ва мутахассисон вусъат меёбад.
Бино ба иттилои масъулон, масоҳати умумии роҳҳои мумфаршшаванда 8800 метри мураббаъ буда, амалӣ шудани ин иқдомҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сурат мегирад.
Ҳамзамон, дар гулгашти кӯчаи Сирдарё тибқи иқдоми навбатии шаҳрдорӣ, корҳои ҷадиди ободонию кабудизоркунӣ оғоз ёфтанд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
ҶАББОР РАСУЛОВ. АВҶИ МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД ДАР НОҲИЯ
Ҷаббор Расулов яке аз ноҳияҳои зебоманзари вилояти Суғд ба шумор меравад, ки ҳамасола дар мавсими баҳору тобистон таваҷҷуҳи ҳазорҳо сайёҳро аз дохилу хориҷи кишвар ба худ ҷалб мекунад. Табиати нотакрор, иқлими муътадил ва шароити мувофиқ барои истироҳат ин гӯшаи ороми Ватанро ба макони дӯстдоштаи сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва меҳмонони хориҷӣ табдил додааст.
Бо мақсади беҳтар намудани шароити қабули сайёҳон, дар маркази шаҳраки Меҳробод меҳмонхонаи «Салимбек» бо шароити замонавӣ фаъолият менамояд. Ин меҳмонхона, дар баробари пешниҳоди ҷойи хоб, бо дигар хидматҳои муосир сайёҳонро таъмин мекунад. Ҳамзамон, тарабхонаҳои хушсифат ва марказҳои гуногуни хизматрасонӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъоланд, ки муҳити орому бароҳатро барои истироҳати меҳмонон фароҳам меоранд.
Ноҳияи Ҷаббор Расулов бо табиати зебо, бо имкониятҳои хуби фароғатӣ шинохта шудааст. Дар ҳудуди он ду осоишгоҳ фаъолият мекунад, ки барои истироҳати кӯдакон ва калонсолон шароити мусоид фароҳам овардаанд.
Минтақа, ҳамчунин, дорои захираҳои ғании таърихӣ ва фарҳангист. Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ дар деҳоти Ғӯлакандоз ва хона-осорхонаи Бобохон Ҳамдамов дар деҳоти Сомониён, аз ҷумлаи ганҷинаҳои фарҳангии ноҳия ба ҳисоб мераванд. Дар ҳудуди ноҳия 22 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 3 зиёратгоҳ, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва ду мағозаи фурӯши армуғонҳои миллӣ фаъолият мекунанд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари меҳмонон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳамчунин, барои роҳнамоии сайёҳон дар роҳҳои асосии ноҳия ду харитаи махсуси сарироҳӣ насб шудааст, ки барои дастрасӣ ба мавзеъҳои дилфиреб мусоидат мекунад.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Ҷаббор Расулов метавонад дар ояндаи наздик ба яке аз марказҳои муҳими сайёҳии минтақа мубаддал гардад. Барои амалӣ шудани ин ҳадаф, тақвияти корҳои таблиғотӣ, рушди инфрасохтори соҳа ва ҷалби бештари сармоягузорон аҳамияти калон дорад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.07.2025 №: 145