БОЗ ЯК ИБТИКОРИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ СММ ҚАБУЛ ГАРДИД

30 июл 2025, Чоршанбе
14
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, 25-уми июли соли равон Маҷмаи умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд.
Шоёни зикр аст, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии СММ 24-уми сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.
Санади мазкур бо бархурдорӣ аз пуштибонии якдилонаи кишварҳои узви СММ қадами муҳимеро дар роҳи бунёди ризояти ҷаҳонӣ оид ба истифодаи бехатар ва бар ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва мудирияти масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ, ташкил медиҳад. Қатънома, ҳамчунин, механизмҳои асосии истифодаи муассири технологияҳои зеҳни сунъиро барои таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ муайян мекунад. Яке аз чунин механизмҳои пешниҳодшуда таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки он ҷиҳати ҳамоҳангсозии раванди татбиқи барномаҳои муштараки марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Бояд зикр кард, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ба тезондани раванди татбиқи ташаббусҳои асосии марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла самтҳои зерини марбута мусоидат хоҳад кард:
– пешбурди барномаҳои муштараки омӯзиши мутахассисон ва дастгирии стартапҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни паркҳои технологӣ дар минтақа;
– роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва озмоишгоҳҳои минтақа;
– ташкили шабакаи муштараки марказҳои ҷамъоварии маълумот ҷиҳати афзоиши дастрасӣ ба зерсохтори ҳисоббарорӣ дар кишварҳои минтақа;
– ҳамоҳангсозии талошҳои миллӣ ба мақсади қабули принсипҳои умумии мудирияти ҳамоҳангшуда, масъулиятнок ва худтанзимкунии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ;
– пешбурди ташаббусҳои марбутаи ҷаҳонӣ бо шарикони байналмилалӣ.
Бешак, қабули қатъномаи мазкур нақши муҳими Тоҷикистонро ҷиҳати пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва аҳамияти таърихии сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бозгӯ мекунад.
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 30.07.2025 №: 147